0.0/5 овоз (0 овозҳо)

«ДЕВОН-УЛ-АДАБ»-И ФОРОБӢ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ФАРҲАНГНИГОРИИ ФОРСӢ-ТОҶИКӢ

Муаллиф (он)

Ғиёсов Н.И.

Чакидаи мақола

Омилҳои пайдоиш ва рушди фарҳангҳои дузабонаи арабӣ-тоҷикӣ (форсӣ) баррасӣ шудааст. Исбот шудааст, ки он ҳамчун падидаи илмӣ зери таъсири фарҳангнигории арабӣ ба вуқуъ омадааст. Марҳалаҳои шаклгирии фаршангнигории арабӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Зикр гардидааст, ки дар марҳалаҳои ташаккул ва рушди он ду навъи фарҳангҳо ба вуҷуд омаданд: 1. Фарҳангҳои мавзуӣ-маъноӣ 2. Фарҳангҳои таҳлилӣ-морфологӣ. Сабабҳо ва омилҳои пайдо шудани чунин фарҳангҳо ва хусусиятҳои лексикографии онҳо дар мисоли чунин фарҳангҳо, аз қабили “Ғароиб-ул-Қуръон”, «Девон-ул-адаб»-и Форобӣ, «Ас-сомӣ фӣ-л-асомӣ»-и Абулфазли Майдонӣ, «Китоб-ул-масодир»-и Завзанӣ, «Тоҷ-ул-масодир»-и Абуҷаъфари Байҳақӣ, «Муқаддимат-ул-адаб»-и Замахшарӣ, «Қонун-ул-адаб»-и Тифлисӣ  ва ғайраҳо матраҳ шудааст. Мулоҳизае мудаллал сохта шудааст, ки дар ташаккул ва рушди минбаъдаи фарҳангнигории дузабона нақши фарҳангҳои тафсирии арабӣ ва, пеш аз ҳама, “Девон-ул адаб”- Форобӣ бисёр муассир аст. Бисёре аз масоили таърихи ташаккул ва рушди минбаъдаи ин равияи фарҳангнигории форсӣ-тоҷикиро бидуни омӯзиши ҳамаҷонибаи фарҳангнигории арабӣ, бавежа ду қарни аввали пайдиш ва рушди он таҳқиқ намудан аз имкон берун аст.

 

Калидвожаҳо

фараҳангнигорӣ, фарҳангҳои дузабонаи арабӣ-форсӣ (тоҷикӣ), “Девон-ул-адаб”-и Форобӣ, меъёрҳои тадвини фарҳангҳо, ташаккули фарҳангҳои дузабонаи арабӣ-тоҷикӣ

 

Пайнавишт

1.    Ибни Надим. Китоб-ул-феҳрист. Тарҷума ва таҳқиқи Муҳаммадризо Таҷаддуд. – Теҳрон: Амири Кабир, 1366. – 814 с.

2.    Ғиёсов Н. Муқаддимаи забоншиносӣ / Н. Ғиёсов. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2019. – 348 с.

3.    Белкин В.М. Арабская лексикология / В.М. Белкин. – Москва: МГУ, 1975. – 200 с.

4.    Доиратулмаорифи бузурги исломӣ. Ҷ.18. – Теҳрон: МДБИ, 2010. – 779 с.

5.    Доиратулмаорифи бузурги исломӣ. Ҷ.4. – Теҳрон: МДБИ, 2006. – 730 с.

6.    Ёқути Ҳамавӣ. Муъҷам-ул-булдон. Ҷ.4. – Байрут: Дор Содир, 1977. – 501 с.

7.    Байҳақӣ, Абулфазл. Чанд сухан, ки дабирон дар калом оранд. Виростаи Содиқи Киё. – Теҳрон: Чопхонаи Ковиён, 2535 шоҳаншоҳӣ. – 35 с.

8.    Ходжиев А. Лексикографическое сочинение Абу-л-Фадла Ал-Майдани «Ас-соми фи-л-асами» / А. Ходжиев. – Душанбе: Деваштич, 2003. - 144 с.

9.    Замахшарӣ, Ҷоруллоҳ. Муқаддимат-ул-адаб. Ба кӯшиши М.Муҳаққиқ. – Теҳрон: Интишороти Анҷумани тадвини забон ва адабиёти форсӣ, 1354. – 571 с.

10.Байҳақӣ, Абуҷаъфар. Тоҷ-ул-масодир. Ҷилди аввал. Ба тасҳеҳ ва таҳшия ва таълиқи д-р Ҳодии Олимзода. – Теҳрон: Муассисаи маълумот ва таҳқиқоти фарҳангӣ, 1987. – 432 с.

11.Халидов А.Б. Словари Исхака Ал-Фараби и Махмуда Ал-Кашгари (из истории лексикографии в Средней Азии X-XI вв). Серия: Письменные памятники и проблемы истории культуры народов Востока. Часть IV/ А.Б. Халидов. – Москва: ГРВЛ, 1987. – 67 с.

12.Қошғарӣ, Маҳмуд ибни Ҳусайн. Девон луғот-ут-турк. Тарҷума, танзим ва тартиби алифбоии д-р Саййид Муҳаммад Дабирсиёқӣ. – Теҳрон: Пажӯҳишгоҳи улуми исломӣ ва мутолиоти фарҳангӣ, 1996. - 1102 с.

13.Каҳҳола, Умар Ризо. Муъҷам-ул-муаллифин, ҷ.1-2. Байрут: Дор Иҳё ат-турос ал-арабӣ, бидуни соли нашр.

14.Капранов В. Тоҷ-ул-масодир /Энсиклопедияи советии тоҷик, ҷ.7 / В. Капранов. – Душанбе: СЭСТ, 1987. - С. 432.

15.Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, Ҷ.13. – Теҳрон: МДБИ, 2005. – 754 с.

Таърихи нашр

Среда, 17 Январь 2024