Мубрамияти масъалаи мавриди баррасиро ислоҳоти крестянии соли 1861, ки дар рушди иҷтимоию иқтисодии Русия нақши бузург бозидааст, муайян мекунад. Озодшавии миллионҳо оилаҳои крестянҳо аз тобеияти крепостноӣ ва ба онҳо тақсим кардани замин ба рушди нерӯҳои истеҳсолӣ, истифодаи самарабахши воситаҳои истеҳсолот ва захираҳои меҳнатии деҳот мусоидат кард. Дар Қафқози Шимолӣ амалигардонии ислоҳот дар нимаи дуюми асри ХIХ бо қатъи муборизаи бисёрсолаи зиддимустамликадории кӯҳистониён таҳти роҳбарии Шамил рост омад. Бо ташаккули ба ном идоракунии ҳарбию халқӣ ислоҳот дар Қафқоз низ гузаронида шуданд, вале дар ин ҷо онҳо бештар номураттабу номуназзам буданд, зеро ҳукумати подшоҳӣ дар сиёсати мустамликадории худ ба феодалҳои маҳаллӣ такя мекард. Қазоқон низ ба ҳайси табақаи имтиёздор дар давраи ҳукумати подшоҳӣ чун такягоҳи сиёсати мустамликадории он хизмат мекарданд.
Русияи подшоҳӣ, ислоҳоти крестянии соли 1861, рушди нерӯҳои истеҳсолӣ, Қафқази Шимолӣ, қазоқҳои соҳили Терек, идоракунии ҳарбию халқӣ
1. Энциклопедический словарь Ф. Брокгауза и И. Ефрона. Т.33. – Санкт-Петербург, 1901. – 478 с.
2.Ткачев Г.А. Гребенские, терские и кизлярские казаки. – Владикавказ, 1911. – 274 с.
3.Терский календарь на 1892 год. - Владикавказ,1891. – 559 с.
4.Попко В.А. Два века Терского казачества. Т.1,2. – Владикавказ, 1912; Его же. Утверждение русского владычества на Кавказе. Т. IV. - Владикавказ, 1912; Энциклопедический словарь Ф. Брокгауза и И. Ефрона. - Санкт-Петербург, 1901. Т. 33. – 130 с.
5.Белокуров С.А. Сношение России с Кавказом. - Москва, 1899. -26. Вып.1: 1578-1613 гг. – 1889. –CLX, 584 c.
6.Умаханов М.К. Взаимоотношения феодальных владений и освободительная борьба народов Дагестана в XVII веке. – Махачкала, 1973. – 715 с.