0.0/5 овоз (0 овозҳо)

АНДЕШАҲО ДАР БОРАИ ҚАЙДҲОИ ЭТИМОЛОГӢ ДАР ТАЪРИХНОМАҲОИ САДАҲОИ X-XIII

Муаллиф (он)

Давлатзода Р.

Чакидаи мақола

Дар осори таърихии асрҳои Х-ХIII нахустин нишонаҳои таҳлили этимологӣ ба мушоҳида мерасанд, ки онҳо барои ҳаллу фасл шудани қазияи таърихи баромади вожаҳо мусоидат мекунанд. Ишораҳои этимологии аз ҳафт таърихномаи садаҳои Х-ХIII гирд оварда то чи андоза ба ҳақиқати илмӣ мутобиқат доштани таҳлилҳои этимологии муаллифони онтаърихномаҳоро нишон медиҳанд. Зикр гардидааст, ки қайду ишораҳои этимологӣ дар “Таърихи Табарӣ” 47 адад, “Муҷмал-ут-таворих” 28 адад, “Зайн-ул-ахбор” 25 адад, “Таърихи Бухоро” 10 адад, “Ғурар-ус-сияр” 10 адад, “Таърихи Сиистон” 5 адад, “Таърихи Байҳақӣ” 2 адад дучор мешаванд. Ишораҳои этимологии муаллифони таърихномаҳо барои муайян кардани маънои номи маҳалҳои ҷуғрофӣ, номҳои асотирӣ, ному лақаби ашхоси таърихӣ мусоидат мекунанд. Таъкид гардидааст, ки муаллифони таърихномаҳо барои нишон додани этимологияи на танҳо калимаҳои аслии тоҷикӣ, балки калимаҳои иқтибосӣ аз забони арабӣ низ кӯшиш ба харҷ додаанд. Хулоса шудааст, ки таърихномаҳои ба забони тоҷикӣ таълифшуда ва аз арабӣ тарҷумашудаи қарнҳои Х-ХIII яке аз манобеи муҳимми омӯзиши таърихи баромади унсурҳои луғавӣ ба шумор мераванд.

Калидвожаҳо

таърихномаҳои садаҳои X-XIII, забони тоҷикӣ, арабӣ, этимология, унсурҳои луғавӣ, қайду ишораҳои этимологӣ, топонимҳо, лақабҳо

Пайнавишт

1.    Баҳор, М.  Сабкшиносӣ ё таърихи татаввури насри форсӣ. Ҷилди аввал. Чопи дувум.–Теҳрон: Интишороти “Заввор”, 1386. – 496 с.

2.    Байҳақӣ, Хоҷа Абулфазл Муҳаммад ибни Ҳусайн. Таърихи Байҳақӣ / Таҳиягари матн, муаллифи муқаддима, ҳавошӣ ва феҳристҳо С. Муллоҷон. – Душанбе: Бухоро, 2014. -774 с.

3.    Балъамӣ, Абуалӣ Муҳаммад ибни Муҳаммад. Таърихи Табарӣ. Ҷилди 1 / Бо муқаддима ва тавзеҳоти М. Умаров ва Ф. Бобоев. - Теҳрон, 1380 / 2001. – 817 с.

4.    Гардезӣ, Абусаид Абдулҳай. Зайну-л-ахбор / Ба хатти кирилӣ баргардони Қ. Рустам.–Душанбе: Бухоро, 2014. – 415 с.

5.    Донишномаи мухтасари таърихи афкори забоншиносии тоҷик / Фароҳамоварандагон, баргардон аз хатти арабӣ ва таҳияи матнҳо Д. Хоҷаев, Н.Ф. Қурбонов, О.М. Додаров. –Душанбе: Пойтахт, 2017. – 320 с.

6.    Зоҳидов Н. Адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои VIII-IX (давраи арабизабонӣ). – Душанбе: Бухоро, 2014. – 443 с.

7.    Мақсудов Т. Лексика  ва фразеологияи шеваҳои тоҷикони Исфара. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2018. – 157 с.

8.    «Муҷмал-ут-таворих»-и маҷҳулмуаллиф. Таълиф: соли 520ҳ.\1127 м. / Ба тасҳеҳи М.Т. Баҳор.Ба ҳиммати Муҳаммади Рамазонӣ. Чопи дувум. – Теҳрон, 1318. – 567 с.

9.    Наршахӣ, Абубакр Муҳаммад ибни Ҷаъфар. Таърихи Бухоро / Мураттибон: Ғ.Ғоибов, К.Олимов, Н. Амиршоҳӣ. – Душанбе: Пайванд, 2012. – 546 с.

10.Саолибии Нишопурӣ, Абумансур Абдулмалик ибни Муҳаммади Таърихи «Ғурар-ус-сияр» маъруф ба «Шоҳнома»-и Саолибӣ / Таҳиягар ва муаллифи сарсухан Низомиддин Зоҳидов. – Душанбе: Бухоро, 2014. – 441 с.

11.Таърихи Систон / Таҳияи матн, муқаддима, тавзеҳот ва феҳристҳо аз М.Имомов ва А. Абдусаттор. – Душанбе: Бухоро, 2014. – 352 с.

12.Фасмер М. Этимологический словарь русского языка. В четырех томах. Т. 2 (Е-муж). – 671 с.; Т. 3 (муза-сят), – 830 с. – Москва: Прогресс, 1987.

13.Хоҷаев Д. Афкори забоншиносии тоҷик дар асрҳои X-XVI. –Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2013. – 343 с.

14. Ҳалимов С. Осор. Таърихи забони адабии  тоҷикӣ (аз асрҳои IX-X то ибтидои асри XX) (Васоити таълим). Ҷилди II. – Душанбе: Суфра, 2022. – 595 с.

15.Раҳмон, Эмомалӣ. Забони миллат-ҳастии миллат. Китоби 1. Ба сӯйи пояндагӣ. –Душанбе: Эр-граф, 2016, 516 с.; китоби 2. Забон ва замон. – Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. – 432 с. 

Таърихи нашр

Среда, 17 Январь 2024