Достонҳои Аҳмадҷони Раҳматзод аз ҷиҳати мавзӯиву ҳунарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Таъкид гардидааст, ки достонҳои Аҳмадҷони Раҳматзод то имрӯз ба таври алоҳида омӯхта нашудаанд, ҳарчанд онҳо дар адабиёти муосири тоҷик ҷойгоҳи намоёнро касб кардаанд, аммо то ҳол таваҷҷуҳи зарурӣ дар адабиётшиносӣ ба онҳо зоҳир нагардидааст. Барои омӯзиш достонҳои Аҳмадҷони Раҳматзод аз ҷиҳати мавзӯву мундариҷа ба чор гуруҳ тақсим карда шудаанд. Гуфта шудааст, ки шоир дар нахустин давраҳои ба доираи адабӣ қадам гузоштанаш ба достоннависӣ шуғл варзида, ин пешаи пурмашаққати адабиро то имрӯз идома дода истодааст. Хулоса шудааст, ки Аҳмадҷони Раҳматзод дар тасвири симоҳои барҷастаи илму адаб, инъикоси ҳодисаву воқеаҳои мудҳиши солҳои навадуми асри ХХ ва таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, ваҳдату иттиҳоди мардум ва болоравии ҳуввияту худшиносии он маҳорати баланд нишон медиҳад.
адабиёти муосири тоҷик, эҷодиёти Аҳмадҷони Раҳматзод, суннати достоннависӣ, нақди адабӣ, худшиносӣ, ватандӯстӣ, вижагиҳои ҳунарӣ
1. Мирзоюнус, Матлуба. Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо. Маҷмӯа мақолаҳои адабиётшиносӣ / Мирзоюнус Матлуба. – Хуҷанд: Ношир, 2015. – 516 с.
2. Нурзод, Нуралӣ. Парниёни сабзи андеша/Маҷмӯаи мақолаҳо дар нақди адабиёти муосири тоҷик / Нурзод Нуралӣ. – Хуҷанд: Меъроҷ, 2014. – 308 с.
3. Раҳматзод, Аҳмадҷон. Номаи сарво. – Хуҷанд: Ношир, 2008. – 362 с.
4. Раҳматзод, Аҳмадҷон. Пояндабурс. – Хуҷанд: Хуросон, 2015. – 336 с.
5. Раҳматзод, Аҳмадҷон. Асарҳои мунтахаб. –Хуҷанд: Хуросон, 2022. – 512 с.