Дар илми забоншиносии тоҷик бори аввал вожаҳои ифодагари дарахтони мевадиҳандаи “Хамса”-и Низомии Ганҷавӣ ба риштаи таҳлил кашида шуда, мавқеи онҳо дар сужаи достонҳои “Панҷ ганҷ” нишон дода шудааст. Номвожаҳои аз “Хамса” гирдоварда дар панҷ гурӯҳ дастабандӣ гардидаанд: 1) номи дарахтон; 2) номи гулҳо; 3) номи гиёҳҳо; 4) номи ғалладонаҳо; 5) номи полезиҳо. Таъкид гардидааст, ки аксари вожаҳои марбут ба набототро калимаҳои аслан тоҷикӣ ташкил мекунанд ва дар байни онҳо вожаҳои иқтибосӣ банудрат дучор мешаванд. Таҳлили ин захираи луғавӣ собит менамояд, ки дар таркиби луғавии «Хамса» беш аз ҳама ҳамон вожаҳои ифодагари дарахтони мевадор истифода гардидааст, ки онҳо дар Мовароуннаҳру Хуросон нашъунамо меёбанд ва дар забони форсии тоҷикии ин манотиқ, аз ҷумла, Тоҷикистон то кунун мавриди истифодаи васеъ қарор доранд. Ин аз ҷумлаи далоиле аст, ки Низомии Ганҷавӣ намояндаи воқеии ин манотиқ буда, забони модарии вай форсии тоҷикист.
Калидвожаҳо: “Хамса” Низомии Ганҷавӣ, таркиби луғавии забон, наботот, вожаҳои ифодагари дарахтони мевадор, вожаҳои аслӣ, иқтибосӣ
1. Айнӣ, С. Куллиёт. Ҷ.12. Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик / С. Айнӣ. Матн: бевосита. - Душанбе: Ирфон, 1976. - 564+206 с.
2. Ализода, И. Фарҳанги мухтасари «Шоҳнома» / И. Ализода. Матн: бевосита. – Душанбе: Адиб, 1992. - 492 с.
3. Ганҷавӣ, Н. Хамса. Махзан-ул-асрор. Хусраву Ширин / Н. Ганҷавӣ. Матн: бевосита. – Душанбе: Адиб, 2012. – 480 с.
4. Ганҷавӣ, Н. Хамса. Лайлию Маҷнун. Ҳафт пайкар / Н. Ганҷавӣ. Матн: бевосита. – Душанбе: Адиб, 2012. – 480 с.
5. Ганҷавӣ, Н. Хамса. Искандарнома. Шарафнома. Иқболнома / Н. Ганҷавӣ. Матн: бевосита. – Душанбе: Адиб, 2012. – 480 с.
6. Зоҳидов, Ҳ. Канзи шифо / Ҳ. Зоҳидов. Матн: бевосита. - Душанбе: Ирфон, 1991. – 720 с.
7. Касимов, О.Х. Лексика и словообразование в «Шахнаме» Абулькасима Фирдоуси / О.Х. Касимов. Текст: непосредственный. - Душанбе: Дониш, 2016. – 347 с.
8. Муин, Муҳаммад. Фарҳанги форсӣ (дар ду ҷилд). Чопи дувум / М.Муин. Матн: бевосита. – Теҳрон, 1384. – Ҷ.1. - 1180 с.; Ҷ.2. – 1181. - 2238 с.
9. Муҳаммад, Ғиёсуддин. Ғиёс-ул-луғот (таҳияи матн бо пешгуфтор, тавзеҳот ва феҳристи А.Нуров) / Ғ. Муҳаммад. Матн: бевосита. – Душанбе: Адиб, ҷ.1, 1987.- 480 с.; ҷ.2, 1988. - 416 с.; ҷ.3, 1989. - 304 с.
10. Муҳаммадҳусайн, Бурҳон. Бурҳони қотеъ (дар панҷ ҷилд)(бо эҳтимоми Муҳаммад Муин) / Б. Муҳаммаҳусайн. Матни бевосита. – Теҳрон: Амири Кабир, 1391. – 2470 с.
11. Нуров, А. Фарҳанги осори Ҷомӣ. Дар ду ҷилд / А. Нуров. Матн: бевосита. - Ҷ.1. - Душанбе, 1983. - 536с.; Ҷ.2. - Душанбе, 1984. - 608 с.
12. Нуров, А. Фарҳанги ашъори Рӯдакӣ / А. Нуров. Матн: бевосита. - Душанбе: Маориф, 1990. - 368с.
13. Сабзаев, С. Забон ва сабки баёни Мавлоно Ҷалолуддин Балхӣ / С. Сабзаев. Матн: бевосита. - Душанбе: Ирфон, 2014. – 520 с.
14. Саймиддинов, Д. Вожашиносии забони форсии миёна / Д. Саймиддинов. Матн: бевосита. – Душанбе: Пайванд, 2001. - 394 с.
15. Фарҳанги гӯишҳои ҷанубии забони тоҷикӣ. Мураттибон: М.Маҳмудов, Ғ.Ҷӯраев, Б.Бердиев. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии сафорати ҶИЭ дар Тоҷикистон, 2012. –946 с.
16. Фарҳанги забони тоҷикӣ (дар ду ҷилд)(зери таҳрири М.Шукуров, В.А. Капранов, Р. Ҳошим, Н.А. Маъсумӣ). – Москва: Советская энциклопедия, 1969. Ҷ.1. – 951 с.; Ҷ.2. – 952 с.
17. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. Дар ду ҷилд. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2010. – 897 с.
18. Фозилов, Д. Хусусиятҳои лексикии «Сафарнома»-и Носири Хусрав / Д. Фозилов. Матн: бевосита. - Душанбе, 2013. - 170 с.