Хусусиятҳои ташбеҳсозӣ ва анвоъи ташбеҳот дар девони ғазалиёти Назирии Нишопурӣ мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифтааст. Дар асоси таҳлили назарии санъати ташбеҳ дар андешаҳои донишмандон ва муҳаққиқони илми балоғат моҳияти истилоҳии он муқаррар ва анвоъи он муайяну дар асоси ин таснифот шеваҳои ташбеҳсозии Назирии Нишопурӣ ва нақши ин санъати бадеӣ дар такмили ҷанбаҳои ҳунарии ғазалиёти шоир муқарраршудааст. Таҳлилҳои анҷомдода муқарррар намудааст, ки аксар намудҳои ташбеҳ дар эҷодиёти Назирии Нишопурӣ дида мешаванд. Ҳарчанд муҳаққиқон дар ашъори шоирони сабки ҳиндӣ нуфузи ташбеҳҳои пӯшида ва мураккабу дур аз зеҳнро нисбат додаанд, ки боиси печидагии маъно ва сабки шеърӣ гардидааст, аммо муаллиф бар асоси таҳлили намунаҳои шеърии Назирӣ ва ҳунари ташбеҳсозии ӯ муқаррар кардааст, ки каломи ин суханвар аз чунин намудҳои ташбеҳ орист. Ташбеҳоти ӯ дар заминаи риояти шарти муҳими ташбеҳсозӣ эҷод шуда, барои такмили ҷанбаҳои ҳунарии каломи шоир таъсири пурфайз гузоштаанд.
Калидвожаҳо: Назирӣ, девони ғазалиёт, ташбеҳ, ташбеҳи равшан, ташбеҳи пӯшида, ташбеҳи мураккаб, ташбеҳи тамсилӣ, тамсил, ибораҳои шоирона, балоғат
Пайнавишт:
1. Ватвот, Рашидуддин. Сады волшебства в тонкостях поэзии [Хадоик ас-сихр фи дакаик аш-ши,р] / Перевод с персидского, исследование и комментарий Н.Ю. Чалисовой. - Москва, 1985.- 325 с.
2. Зеҳнӣ, Тӯрақул. Санъати сухан. Муҳаррир Мубашшири Акбарзод. – Душанбе: Адиб, 2007.- 400 с.
3. Мусулмонқулов Р. Назарияи адабиёт. – Душанбе, Маориф, 1990.- 338 с.
4. Нишопурӣ, Назирӣ. Девон. Тасҳеҳ ва таълиқоти Муҳаммадризо Тоҳирӣ. – Теҳрон: Нигоҳ, 1389.- 672 с..
5. Нишопурӣ, Назирӣ. Куллиёт. Чопи сангӣ. Лакҳнав, матбааи Нувалкишур. 1954. – 413 саҳ.
6. Нӯъмонӣ, Шиблӣ. Шеъру-л-аҷам ё таърихи шуаро ва адабиёти Эрон. Тарҷумаи Сайид Муҳаммадтақии Гелонӣ/ Шиблии Нуъмонӣ. – Теҳрон, 1368.– 564 с.– Ҷ. 1-2.
7. Родуёнӣ, Муҳаммад ибни Умар. Тарҷумон-ул- балоға, Бо тасҳеҳ ва эҳтиоми профессор Аҳмади Оташ ва интиқоди устод Маликушшуарро Баҳор. – Теҳрон, Астор 1362.-334 саҳ.
8. Розӣ, Шамси Қайс. Ал-мӯъҷам фӣ маоири ашъорил – Аҷам. Ба тасҳеҳи Муҳаммад бинни Абдулваҳҳоби Қазвинӣ, бо муқобала бо шаш нусхаи хаттии қадимӣ ва тасҳеҳи Мударриси Разавӣ. – Теҳрон, 1338. – 723 с.
9. Саидджафаров О. Ш. Стиль персидско-таджикской газели в XVI- XVII вв.[на примере творчества Фигани, Назири и Саиба]: диссертация на соискание ученой степени доктора филологических наук, по специальности 10.01.03 – Литература стран зарубежья [таджикская литература]. -Душанбе, 2015. – 300 с.
10. Сатторзода Абдунабӣ. Баргузидаи навиштаҳо. Ҷ.1. – Душанбе: Дониш, 2021.- 593 с.
11. Сатторзода А. Такмилаи бадеъи форсии тоҷикӣ [дар заминаи навиштаҳои пешиниён ва имрӯзиён]. Душанбе: Адиб, 2011. - 330 с.
12. Табрезӣ, Шарафуддин Ҳасан, ибни Муҳаммад. Ҳақоиқ-ул- ҳадоиқ, илми бадеъ ва саноеъи шеърӣ дар забони порсии дарӣ. Ба тасҳеҳ ва бо ҳавошӣ ва ёддоштҳои Саййидмуҳаммади Козими Имом. - Теҳрон, 1341.-654 с.
13. Темурова, М. Ташбеҳ ва истиора дар таъбирот. Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон: маҷаллаи илмӣ Душанбе, 2014.- № 4/3 [113]. - С. 57- 61.
14. Ҳодизода, Расул, Шукуров, Муҳаммадҷон, Абдуҷабборов, Талъат. Фарҳанги истилоҳоти адабиётшиносӣ. – Душанбе,1966.-188 саҳ.Ҳумоӣ, Ҷалолуддин. Фунуни балоғат ва саноъоти адабӣ, ҷилди якум [саноеъи лафзии бадеъ ва ақсоми шеъри форсӣ], - Теҳрон, 1354.-337 с.
15. Ҳусайнӣ, Атоуллоҳ, Маҳмуд. Бадоеъ-ус-саноеъ. Бо сарсухан, тавзеҳот ва таҳрири Раҳим Мусулмонқулов. - Душанбе, 1974.-224 с.
16. Шарифов, Худоӣ. Балоғат ва суханварӣ / Худоӣ Шарифов.- Душанбе, 2002.- 278 с.