Нақши калимасозии пешванди ҳам- дар яке аз осори арзишманди даврони Сомониён – “Тарҷумаи Тафсири Табарӣ” баррасӣ гардидааст. Дар заминаи маводи фаровони фактологӣ нишон дода шудааст, ки пешванди мазкур дар баробари имкони калимасозии вожаҳои сохтаи дар ҳар давру замон маъмул боз дар натиҷаи васл гардиданаш ба унсурҳои луғавӣ калимаҳое сохтааст, ки дар таърихи забони тоҷикӣ нодир буда, иддае аз онҳо хоси забони асари номбурда аст. Ҳадафи асосии мақола инъикос намудани ҳиссаи осори тарҷумавӣ дар ғаномандии таркиби луғавии забон дар мисоли калимасозии пешванди ҳам- ва роҳи мураккаби пурпечутобро тай намудани пешванди зикргардида аст. Пешванди мазкур дар тарҷумаи “Тафсири Табарӣ” асосан бо вожаҳои мансуб ба исму феъл ҳамроҳ шуда, унсурҳои хушсохтеро ба вуҷуд овардааст.
Вожаҳои калидӣ: пешванди ҳам-, унсурҳои калимасоз, унсури луғавӣ, мутарҷимон, “Тарҷумаи Тафсири Табарӣ”, таркиби луғавии забон, сатҳи истифодаи пешванд, забони тоҷикӣ
Пайнавишт:
1. Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Ҷилди 1. – Душанбе: Дониш, 1985. – 355 с.
2. Давлатзода Р. Усулҳои тафсири тахфифи вожаҳо дар “Ғиёс-ул-луғот”-и Муҳаммад Ғиёсуддини Ромпурӣ \ Р. Давлатзода. –Хуҷанд: Нури маърифат, 2019. – 167с.
3. Деҳхудо А. Муқаддимаи “Луғатнома”-и Деҳхудо \ А. Деҳхудо. –Теҳрон: Муассисаи интишорот ва чопи Донишгоҳи Теҳрон, 1373. – 405с.
4. Деҳхудо А. Луғатнома. Ҷилдҳои 1, 6, 13, 14 \ А. Деҳхудо. – Теҳрон, 1373.
5. Қосимова М. Н. Таърихи забони адабии тоҷик. Ҷилди 1 / М. Н. Қосимова. – Душанбе, 2011. – 566 с.
6. Муин М. Фарҳанги форсӣ. Ҷилди 4. Чопи даҳум / М. Муин. - Теҳрон: Муассисаи интишороти Амири Кабир, 1375. – С. 4241-5277.
7. Расторгуева В. С., Молчанова Е. К. Среднеперсидский язык // Основы иранского языкознания. Среднеиранские языки \ В. С. Расторгуева, Е. К. Молчанова. –Москва: Наука, 1981. – С. 6-146.
8. Рустамов Ш. Калимасозии исм дар забони адабии ҳозираи тоҷик / Ш. Рустамов. - Душанбе, 1972. –76 с.
9. Тарҷумаи «Тафсири Табарӣ» / Таҳия, тавзеҳот ва таълиқоти Н. Ю. Салимов ва дигарон Ҷилдҳои 1 ва 2. / Н. Ю. Салимов ва дигарон – Хуҷанд: Нури маърифат, 2007.
10. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷ.1, -949 с.; ҷ.2, -951 с. / Зери таҳрири М.Ш. Шукуров, В.А. Капранов, Р. Ҳошим, А. Маъсумӣ. – Москва: Советская энциклопедия, 1969.
11. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. Ҷ.1. – 949 с.; Ҷ.2 – 944 с. / Зери таҳрири С. Назарзода, А. Сангинов, С. Каримов, М.Ҳ. Султон. – Душанбе, 2008.
12. Хонларӣ П. Н. Дастури таърихии забони форсӣ. Ба кӯшиши И. Мусташорниё \ П. Н. Хонларӣ. Интишороти Тӯс. 1372. -279с.
13. Ҳасандӯст М. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Ҷилдҳои 1-4. \ М. Ҳасандӯст. -Теҳрон: Нашри осор, 1393.