Хусусиятҳои доираи маъноии феълҳои сода дар «Фарҳанги тоҷикӣ ба англисӣ»-и П. Ҷамшедов баррасӣ гардидааст. Феълҳои содаи дар фарҳанги мазкур оварда, ки навад ададро ташкил мекунад, аз нуқтаи назари маъно (якмаъно, думаъно, сермаъно) тасниф шудааст. Усулу вижагиҳои шарҳу маънидоди феълҳои содаи якмаъно ва сермаъно ба риштаи таҳлил кашида шудаанд. Ба хусусиятҳои шарҳу тавзеҳи феълҳои содае, ки дар “Фарҳанги тоҷикӣ ба англисӣ” дар ду гуна омадаанд, ҳамчунин ба ошкор сохтани усулҳои пайдоиши гунаҳои феълҳои сода диққати махсус дода шудааст. Зикр гардидааст, ки гуногунии феъл дар натиҷаи ҳодисаҳои алоҳидаи овозӣ, мисли табдил, тахфиф ба вуҷуд омадаанд.
Аз таҳлилу муқоиса хулоса шудааст, ки қисми бештари феълҳои сода дар як шакли мушаххас чандин маъноро ифода намудаанд, ҳиссаи хеле ками онҳо дар ду шакл ба кор рафта, баъзан як ва гоҳо чанд маъноро ифода кардаанд.
Калидвожаҳо: феълҳои сода, қатори семантикӣ, усулҳои тарҷума, “Фарҳанги тоҷикӣ ба англисӣ”-и П. Ҷамшедов, калима, якмаъноӣ ва сермаъноии феъл, шакли морфологии калима
Пайнавишт:
1. Апресян В. Ю. Двойные семантические роли в исходных и переносных значениях многозначных глаголов / В. Ю. Апресян // Вопросы языкознания. – Москва: Наука. – 2017. - № 2. – С. 7-32.
2. Ковтун Л. С. О значении слова / Л. С. Ковтун // Вопросы языкознания. 1955. - № 5. – С. 65-77.
3. Мансурӣ Я. Баррасии решашинохтии афъол дар забони форсӣ / Я. Мансурӣ, Ҷ. Ҳасандӯст. Зери назари дуктур Б. Саркоротӣ. –Теҳрон: Интишороти Фарҳангистон, 1387. – 367 с.
4. Маҷидов Ҳ. Забони адабии муосири тоҷик. Ҷилди 1. Луғатшиносӣ / Ҳ. Маҷидов. -Душанбе, 2007. – 242 с.
5. Пумпянский А. Л. О принципе языковой многозначности / А. Л. Пумпянский // Вопросы языкознания. – Москва: Изд-во АН СССР. – 1983. - № 1.- С. 122-130.
6. Расторгуева В. С. Система таджикского глагола / В. С. Расторгуева, А. А. Каримова. – Москва: Наука, 1964. – 288 с.
7. Фарҳанги забони тоҷикӣ / Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, А. Маъсумӣ. – Москва: Советская энциклопедия, 1969. Ҷ.1, -949 с.; ҷ.2, -951 с.
8. Ҳасандӯст М. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. \ М. Ҳасандӯст. Теҳрон, 1384. Ҷилди 1, 585 с.; ҷилди 2, 1410 с.; ҷилди 3, 2080 с.; ҷилди 4, 2955 с.
9. Ҷабборова М. Гунанокии вожаҳо дар осори тарҷумавии асри X (дар асоси маводи «Тарҷумаи Тафсири Табарӣ» ва «Тарҷумаи Таърихи Табарӣ»-и Балъамӣ) \ М. Ҷабборова. –Хуҷанд: Меъроҷ, 2014. -157 с.
10. Ҷамшедов, Парвона. Фарҳанги тоҷикӣ ба англисӣ / П. Ҷамшедов. Душанбе, чопи дувум, 2008. – 978 с.