0.0/5 овоз (0 овозҳо)

ГУРӮҲҲОИ МАЪНОИИ ФЕЪЛҲОИ КАУЗАТИВИИ МУСТАҚИЛМАЪНО ДАР ЗАБОНҲОИ АНГЛИСӢ ВА ТОҶИКӢ

Муаллиф (он)

Ҳомидова Мунира Нӯмоновна,

Чакидаи мақола

Масъалаи феълҳои мустақилмаънои каузативӣ ва таҳлили маъноии онҳо дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Қайд карда мешавад, ки феълҳои мустақилмаънои каузативӣ дар забоншиносии англис нисбатан пурра омӯхта шудааст,  дар забоншиносии тоҷик бошад ин масъала ба таҳқиқи мушаххас сахт ниёз дорад. Феъли мустақилмаънои каузативӣ амалеро ифода мекунад, ки барои иљрои он субъект сабабгор шудааст ва  дар ҷумла мустақилона як мафҳумро ифода мекунад. Таҳқиқи мавзуъ нишон медиҳад, ки дар ҳар ду забони муқоисашаванда феълҳои мустақилмаънои каузативӣ бо махсус феълҳои монда сохта мешаванд. Дар забони англисӣ феълҳои мустақилмаънои каузативӣ бо воситаи шаклҳои аналитикӣ ва дар забони тоҷикӣ бошад, онҳо бо роҳи аффиксатсия, яъне ҳангоми ба калимаҳои таркибӣ ё феълҳои якҷузъа ҳамроҳ шудани суффикси –он сохта мешаванд. Феълҳои мазкур метавонанд дар ҷумлаҳои амрӣ, саволӣ, ҳикоягӣ ба тарзҳои фоилӣ ва мафъулӣ истифода шаванд. Дар ҷумлаҳои зикргардида барои иҷрои амал шахсони зерин сабабгор шуда метавонанд: 1. Субъект водор мекунад, ки объект амалро иҷро кунад,  2. Субъект шахси дигарро водор мекунад, ки объект чун субъекти амал иҷро кунад, 3. Субъект худро водор мекунад, ки амал иҷро шавад.

 

Калидвожаҳо

Калидвожаҳо: феъли каузативӣ, феъли мустақилмаънои каузативӣ, маънои каузативӣ, маънои ғайрикаузативӣ, субъект – ташаббускор, объект – иҷрокунанда, тағири ҳолат, тағири амал

 

Пайнавишт

Список использованной литературы:

1.        Ахманова О.С. Словарь лингвистических терминов. 2-е изд., стереотипное. – Москва: Советская энциклопедия, 1969. – 608 с.

2.        Бессонов А.Ю. Каузативные глаголы как средство выражения причинно-следственных отношений в английском и французском языках // Вестник МГОУ. Серия: Лингвистика. – 2010. - №6. – С. 85-90.

3.        Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. – Душанбе: Дониш, 1985. – 358 с.

4.        Гордон Е.Я. Каузативные глаголы в современном русском языке: автореф. дис. … канд. филол. наук. – Душанбе, 1981. – 25 с.

5.        Марузо Ж. Словарь лингвистических терминов. - Москва: Иноиздат, 1960. – 436 с.

6.        Сильницкий Г.Г. Семантические и валентностные классы английских каузативных глаголов: автореф. дисс… доктора филол. наук. –Ленинград, 1974. – 44 с.

Художественная литература:

7.        Айнӣ С. Ёддоштҳо. – Сталинобод Нашриёти давлатии, 1955. - 552 с. – С. 246.

8.        Зарифзод С. Хуҷандзодони рӯитан. - Хуҷанд, 2010.

9.        Ҷалил Р. Асарҳои мунтахаб. Ҷилди 2. – Душанбе: Адиб, 1988.

10.    Asimov I. Short Stories Vol.1. United States of America Doubleday, 1990. -395 p.

11.    Doyle A.C. The Hound of the Baskervilles, 74 р.

12.    Harris J. Chocolat. UK, Doubleday, 1999. – 158 p.

13.    Hornby, A.S. Oxford Advanced Learner’s Dictionary / A.S. Hornby. Oxford University Press, 1989. – 1578p.

Таърихи нашр

Понедельник, 12 Сентябрь 2022