Калимаҳои мураккаби қолаби исму исм ва сифату исм, ки категорияҳои ономасиологии аломати шахс, ашё ва маконро ифода мекунанд, аз “Фарҳанги ашъори Рӯдакӣ” фароҳам оварда шуда, аз мавқеи наҳви актуалӣ баррасӣ гардидаанд. Аз мавқеи наҳви актуалӣ баррасӣ шудани калимаҳои мураккаб ба муайян гардидани таркиби ономасиологӣ оварда мерасонад ва дар мисоли “Фарҳанги ашъори Рӯдакӣ” маълум шудааст, ки калимаи мураккаб дорои таркиби ономасиологии хос буда, таносуби базис ва аломати ономасиологӣ тадқиқоти махсусро тақозо менамояд. Муқаррар карда шудааст, ки категорияи аломати шахс сермаҳсултарин категория буда, он сабабҳои худро дорад: дар эҷодиёти Рӯдакӣ шахсият ва ҷойгоҳи инсон мавқеи намоёнро ишғол мекард. Дар таркиби калимаҳои мураккаби таҳлилшуда, ки сифат ва аломати шахс дар натиҷаи таъсири мутақобилаи маъноҳои аслӣ ва маҷозӣ ҳосил мешаванд, асосан ҳиссаи рематикӣ маҳфуз монда, базиси ономасиологӣ (тема) берун аз таркиби ономасиологӣ ҷой гирифтааст.
наҳви актуалӣ, тема, рема, шарҳи маъноӣ, сохтори ономасиологӣ, таркиб, базиси ономасиологӣ, аломати ономасиологӣ
1. Амонова Ф. Опыт ономасиологического исследования деривационной системы современного персидского языка. - Душанбе, 1996. – 288 с.
2. Бенвенист Э. Синтаксические основы именного сложения // Общая лингвистика. - М.: Прогресс, 1974. – 256 с.
3. Гинзбург Е.Л. Словообразование и синтаксис. - М.:Наука,1979. – 264с.
4. Кубрякова Е.С. Типы языковых значений: Семантика производного слова. - М.: Наука, 1981.- 200 с.
5. Сахарный Л.В. Словообразование как синтаксический процесс // Проблемы структуры слова и предложения. – Пермь, 1974. – С. 3-29.
6. Теория номинации и словообразование //Языковая номинация: Виды наименований. - М.: Наука, 1977. - С. 222-303.
7. Фарҳанги забони тоҷикӣ. - М.: Сов. энциклопедия, 1969.-Т.1.- 951с. - Т.2.-952 с.
8. Фарҳанги ашъори Рӯдакӣ. – Душанбе, 1990. - 368 с.