Намудҳои ҷамъбандии арабӣ дар “Сафарнома”-и Носири Хусрав баррасӣ шудааст. Таҳқиқ нишон дод, ки ба забони тоҷикӣ исмҳои арабӣ дар шакли ҷамъи солими занона ва шикаста бештар ворид гардидаанд. Аз ҷумла дар “Сафарнома”-и Носири Хусрав низ бештар ҷамъи шикаста мавриди истифода қарор гирифтааст. Ҳамчунин дар мақола ишора шудааст, ки баъзе аз калимаҳои иқтибосии ҷамъи арабӣ ҳангоми ворид шудан ба забони тоҷикӣ аз нав ҷамъ карда шудаанд ва аксаран дар шакли ҷамъ маънои танҳоро ифода мекунанд. Дар мақола ишора меравад, ки баъзе аз калимаҳои тоҷикӣ дар зери таъсири забони арабӣ бо пасванди ҷамъсози арабӣ ҷамъ карда мешаванд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳанӯз дар қарнҳои XI-XII ба забони тоҷикӣ на танҳо унсурҳои лексикӣ, балки грамматикӣ низ иқтибос шудаанд.
иқтибосоти арабӣ дар забони тоҷикӣ, «Сафарнома»-и Носири Хусрав, таъсирпазирӣ, категорияи шумора дар исм, ҷамъбандии арабӣ, пасванд, ҷамъи шикаста, ҷамъи солим
1. Бердиева Т. Назарияи иқтибос (калимоти арабӣ дар забони тоҷикӣ).- Душанбе,1984 .- 128 с.
2. Ғиёсов Н. Ҷамъулҷамъ дар забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ. / Н. Ғиёсов // Забон ва рукни он(маводи конференсияи илмӣ бахшида 30 солагии истиқлолияти ҶТ). Хуҷанд: Дабир, 2020. - 178 с.
3. Забони адабии ҳозираи тоҷик. – Душанбе: Ирфон, 1973. – Қ. 1. – 451с.
4. Ковалев А.А., Шарбатов Г.Ш. Учебник арабского языка.- М.: Наука, 1968. – 687 с.
5. Мусофиров К. Забони арабӣ. -Душанбе, 189. – 123 с.
6. Носири Хусрав. Сафарнома / Носири Хусрав. – Хуҷанд, 2003. – 143с.
7. Саломов А. Ифодаи ҷамъбандии иқтибосоти арабӣ дар забони тоҷикӣ/ А.Саломов // Паёми ДМТ. 2020, № 3.- С. 72-76
8. Сиёев Б. Ташаккули ҷонишинҳо дар забони тоҷикӣ. – Душанбе, 2003. – 433 с.
9. Сулаймонӣ С. Очерки сарф(морфология)-и забони арабӣ.- Душанбе:ҶДММ – Хирадмандон, 2019. - 138с.
10. Фарҳанги забони тоҷикӣ (аз асри 10 то ибтидои асри 20). Ҷилди 1.2 (дар зери таҳрири М.Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р.Ҳошим, Н.А. Маъсуми.) - М.: Советская энциклопедия, 1969. - 951, 949 с.
11. Ҷумаева М. Ифодаи ҷамъбандии иқтибосоти арабӣ дар забони тоҷикӣ/ М. Ҷумаева // Паёми ДМТ- 2018- № 6. - С. 37-46