0.0/5 овоз (0 овозҳо)

МАСЪАЛАҲОИ МАТНШИНОСИИ ЯК ҲИКОЯТИ “БӮСТОН”

Муаллиф (он)

Сатторова Н.М.

Чакидаи мақола

Як ҳикояти “Бӯстон”-и Саъдии Шерозӣ (асри XIII) дар асоси даҳ нусха: нашрҳои эронӣ, аз ҷумла нашрҳои Ғуломҳусайни Юсуфӣ, Ҳамидризои Маҷидободӣ, Муҳаммадалии Фурӯғӣ ва нашрҳои тоҷикӣ ба монанди Садриддин Айнӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Абдуманнони Насриддин ва ғайраҳо бо ҳам муқоисаю муқобила карда шудаанд. Бояд зикр кард, ки дар 22 байти мавҷудбудаи ҳикояти мазкур танҳо дар понздаҳ байт ихтилофот пайдо гардида, дар абёти дуюм, чорум, даҳум, ёздаҳум, сенздаҳум, чордаҳум ва ҳаждаҳум дигаргуние ба назар нарасид. Баъд аз муқоисаи нусхаҳо маълум гардид, ки бо вуҷуди дар баъзеи байтҳо ихтилофот мавҷуд будан, мазмуну мақсади асосии ҳикоят халал наёфтааст ва нашрҳои эронии Ғуломҳусайни Юсуфӣ, Муҳаммадалии Фурӯғӣ, Муҳаммад Хазоилӣ, Ҳамидризои Маҷидободӣ, инчунин нашри тоҷикии Абдуманнони Насриддин нисбати дигар нашрҳо боэътимодтаранд, зеро онҳо дар асоси нусхаҳои хаттӣ интишор гардидаанд.

Калидвожаҳо

“Бӯстон”-и Саъдии Шерозӣ, матншиносӣ, муқоисаю муқобилаи нусхаҳо, Ғуломҳусайни Юсуфӣ, Ҳамидризои Маҷидободӣ, Муҳаммадалии Фурӯғӣ, нашрҳои “Бӯстон”

Пайнавишт

  1. 1-        “Бӯстон” ва “Гулистони” Саъдӣ/ бо кӯшиши Ҳамидризои Маҷидободӣ. – Теҳрон: Парвон, 1393. – 624 с.
  2. 2-        Гулшани адаб, намунаи назми форсу тоҷик, асрҳои XIII – XIV. Ҷ. 1. - Душанбе: Ирфон, 1975. – 496 с. 
  3. 3-        Дар орзуи хубӣ ва зебоӣ, Гузидаи Бӯстони Саъдӣ/ интихоб ва тавзеҳи дуктур Ғуломҳусайни Юсуфӣ, чопи саввум. – Теҳрон: Сухан, 1373. – 575 с.
  4. 4-        Достонҳои дилангез аз “Бӯстон”-и Шайх Саъдӣ, интихоб ва шарҳу нигориши насрии Абдуманнони Насриддин. - Хуҷанд: Ношир, 2008. – 228 с.
  5. 5-        Куллиёти Саъдӣ/ ба тасҳеҳи Муҳаммадалии Фурӯғӣ. – Теҳрон: Ҳирмис, 1337. – 1408 с.
  6. 6-        Саъдии Шерозӣ, Бӯстон/ С. Айнӣ, нашри сеюм. - Душанбе: Маориф, 1977. - 160 с.
  7. 7-        Саъдии Шерозӣ, Бӯстон/ Тавзеҳ ва тасҳеҳи Ғуломҳусайни Юсуфӣ. - Теҳрон: Интишороти Хоразмӣ, 1372, чопи чорум. - 620 с.
  8. 8-        Саъдии Шерозӣ, Мунтахаби Куллиёт, Иброҳим Ализода, Абдусалом Деҳотӣ. - Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1956. - 434 с.
  9. 9-        Шарҳи Бӯстон/ Таълифи дуктур Муҳаммад Хазоилӣ, чопи аввал. - Созмони чопу интишороти Ҷовидон, 1353. - 480 с.
  10. 10-    Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ / Бӯстон . -Теҳрон: Интишороти байналмилалии “Алҳудо”, 1371, чопи аввал.  - 463 с.
  11. 11-    Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷилди якум. - Москва: Советская энсиклопедия.-1969.- 952 с.
  12. 12-    Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷилди дуюм. - Москва: Советская энсиклопедия.-1969.- 950 с. 

Таърихи нашр

Четверг, 01 Июль 2021