0.0/5 овоз (0 овозҳо)

АНДЕШАҲО РОҶЕЪ БА БАЪЗЕ ПАЙВАНДАКҲОИ ТОБИШИ ИНКОРИДОШТА ДАР ЗАБОНҲОИ АНГЛИСӢ ВА ТОҶИКӢ

Муаллиф (он)

Юсупова М.И., Ғиёсова С.Г.

Чакидаи мақола

Масъалаи муқоисаи пайвандакҳои тобиши инкоридошта дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ таҳлилу баррасӣ гаштааст. Аз байни пайвандакҳои забонҳои муқоисашаванда як қатор пайвандакҳои пайиҳам ва хилофӣ тобиши инкорӣ дошта, муносибатҳои хилофиро дар ҷумла ифода мекунанд. Таҳқиқ собит намуд, ки ҷои ҳар як пайвандак дар ҷумлаҳои забонҳои муқоисашаванда қавӣ буда,  ивазшавии ҷойи пайвандакҳо боиси тағйирёбии муносибати байни ҷумлаҳои алоқамандшаванда мегардад. Дар забони тоҷикӣ ҳамчунин пайвандакҳои вагарна, бошад, набошад истифода мешаванд, ки барои муқаррар кардани муносибатҳои мутақобил байни ҷумлаҳои содаи таркиби ҷумлаҳои мураккаби пайвасти хилоф хизмат мекунанд. Таҳлили мисолҳои ҷамъоварда аз маводи фактологӣ нишон дод, ки шумораи пайвандакҳои инкорӣ дар забони тоҷикӣ назар ба забони англисӣ бештар буда, доираи истифодашавиашон низ васеътар аст. Пайвандакҳои аз ҳама серистеъмоли тобиши инкоридошта дар забонҳои муқоисашаванда пайвандакҳои but (49%) - аммо, вале, лекин (52%) ва neither… nor (20%) - на…на (22,8%) ба шумор мераванд.

 

Калидвожаҳо

пайвандак, пайвандакҳои тобиши инкоридошта, пайвандакҳои пайиҳам, пайвандакҳои хилофӣ, муносибатҳои хилофӣ, ҷумлаи мураккаб, ҷумлаи мураккаби пайваст, ҷумлаи мураккаби тобеъ

Пайнавишт

Айнӣ, С. Ёддоштҳо. Ҷ.I (қисмҳои 1 ва 2) / C. Айнӣ. - Душанбе: Адиб, 1990. - 352 с.

2.    Айнӣ, С. Куллиёт. Ҷ.3 / C. Айнӣ. - Душанбе: Нашрдавтоҷ, 1960. -622 с.

3.    Бозидов, Н. Пайвандакҳо дар забони адабии ҳозираи тоҷик. Монография / Н. Бозидов. -Душанбе: Маориф, 1985. -103 c.

4.    Войнич, Э.Л. Ғурмагас. Тарҷумаи С.Улуғзода / Э.Л. Войнич. - Душанбе: Маориф, 1982. -320 с.

5.    Иванова И.П. Теоретическая грамматика современного английского языка: учебник / И.П. Иванова, В.В. Бурлакова, Г.Г. Почепцов. - М.: Высшая школа, 1981. -285 с.

6.    Икромӣ, Ҷ. Асарҳои мунтаҳаб. Ҷ.4. / Ҷ. Икромӣ. -Душанбе: Адиб, 1973. -306 c.

7.    Қосимова, М.Н. Оид ба баъзе вазифаҳои калимаи «балки» / М.Н. Қосимова // Ганҷи сухан. -Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2013. -С.38-46.

8.    Лондон, Ҷ. Мартин Иден. Тарҷумаи Ӯ. Холиқов / Ҷ. Лондон. -Душанбе: Ирфон, 1981. -408с.

9.    Стивенсон, Р.Л. Ҷазираи ҷавоҳирот / Р.Л. Стивенсон. – Сталинобод: Нашдавтоҷ, 1952. -264 с.

10. Усмонов, К. Морфологияи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ. Китоби дарсӣ / К. Усмонов. -Хуҷанд, 2016. -214 с.

11. Brontё, Sh. Jane Eyre / Sh. Brontё. -M., 1952. -348 р.

12. Hornby, A. Oxford advanced learner's dictionary / A. Hornby. – Seventh edition. – Oxford University Press, 2005. – 1780 p. – OALD.

13. London, J. Martin Eden / J. London. -M., 1968. -434 p.

14. Stevenson, R.L. Treasure Island. Third Edition / R.L. Stevenson. –М.: Foreign languages publishing house,1963. -318p.

15. Voynich, E. L. The Gadfly / E. L. Voynich. -M., 1954. -343p.

Таърихи нашр

Среда, 12 Январь 2022