0.0/5 овоз (0 овозҳо)

ФУТУВВАТНОМАНАВИСӢ ДАР АҲДИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ

Муаллиф (он)

Нигматов Н.И.

Чакидаи мақола

Раванди футувватноманависӣ дар замони зиндагии Камол Хуҷандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Таъкид шудааст, ки футувватноманависӣ оғози асри Х рӯ ба рушд гузошта, дар ибтидои асри XIV ин ҷараён бештар авҷ гирифтааст. Махсус таъкид гардидааст, ки омӯзиши футувватномаҳо метавонад роҳро барои дарки осори суханварони асри XIV, махсусан, ашъори Шайх Камоли Хуҷандӣ ҳамвор намояд. Муҳтаво ва мавзӯи футувватномаҳо равшан месозад, ки бахши муҳимме аз насри ахлоқии форсу тоҷик маҳз дар ҳамин гурӯҳи осор маҳфуз мебошад. Муаллиф ба ин назар аст, ки ҳанӯз ҷои нашри муътамад ва интиқодии футувватномаҳо холӣ аст. Метавон бо такя ба дастхатҳои истифоданашудаи онҳо дар нашри матни мусаҳҳаҳи ин зумра осор қадами устувортар гузошт. Футувватномаҳо дар ташаккули насри ахлоқии асри XIV саҳми арзанда гузоштааст.

Калидвожаҳо

Таърихи адабиёти асри XIV, Камоли Хуҷандӣ, футувватнома, оини ҷавонмардӣ, насри ахлоқӣ, нусхашиносӣ, сарчашма, осори мансур

 

Пайнавишт

1.        Афшорӣ, Меҳрон. Футувватномаҳо ва расоили хоксория. – Пажӯҳишгоҳи улуми инсонӣ ва мутолеоти фарҳангӣ, 1382. -380 с.

2.        Восеъ, Қурбон, Восеъ, Рухшона. Сарчашмаҳои адабиёти ҷавонмардӣ (китоби аввал). –Душанбе: Дониш, 2008. -564с.

3.        Деҳхудо, Алиакбар. Луғатнома. -Ҷ.11. – Теҳрон: Фирдавсӣ, 1335. -1657с.

4.        Кошонӣ, Абдурраззоқ. Туҳфату-л-ихвон фӣ хасоиси-л-фитён / Бо муқаддима ва тасҳеҳу таълиқи Муҳаммад Домодӣ. –Теҳрон: Интишорои бунёд ва фарҳанги Эрон, 1351. -134с.

5.        Кошонӣ, Абдурраззоқ. Маҷмуаи расоил ва мусаннафоти Кошонӣ / Ба кӯшиши Маҷид Ҳодизода. –Теҳрон: Мероси макуб, 1380. -766с.

6.        Мунзавӣ, Аҳмад. Феҳриствораи китобҳои форсӣ. -Ҷ.6. –Теҳрон: Маркази доиратулмаорифи бузурги исломӣ, 1382.

7.        Нафисӣ, Саид. Таърихи назму наср дар эрон ва дар забони форсӣ. –Теҳрон: Меҳан, 1344. -Ҷ.1. -664с; -Ҷ.2. -534.

8.        Риёз, Муҳамад. Аҳвол ва осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. –Покистон: Маркази таҳқиқоти форсии Эрон ва Покистон, 1370. -564 с.

9.        Сарроф, Муртазо. Расоили ҷавонмардон (муштамил бар ҳафт футувватнома). –Теҳрон: Институти фаронсавии пажӯҳиҳои илмӣ дар Эрон, 1973. -327 с.

Таърихи нашр

Понедельник, 15 Ноябрь 2021