Зуҳуроти асимметрияи байнифарҳангӣ дар тарҷумаи англисии “Наврӯзнома”-и Умар Хайём мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Ҳолатҳои нобаробарии вижагиҳои грамматикӣ дар матни асл ва тарҷума муайян гардидаанд.Омӯзиши асимметрияи байнифарҳангӣ дар тарҷумаи асари номбурда аз нуқтаи назари хусусиятҳои байнифарҳангӣ ва байнизабонӣ сурат гирифта, бо далелу асноди илмӣ намунаҳои зиёд ҳаллу баррасӣ шудааст. Муқаррар карда шудааст, ки тарҷумаи реалияҳо, луғатҳои бемуодил, културемаҳои фарҳангӣ ва дигар воҳидҳои луғавӣ нодуруст анҷом ёфтааст. Ҳамчунин ба зуҳуроти асимметрияи байнизабонӣ аз лиҳози луғавӣ ва грамматикӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардидааст. Хулоса шудааст, ки дар аксар маврид тарҷума ислоҳталаб аст ва нобаробарии категорияҳои грамматикӣ, сохтору таркибҳои синтаксисӣ, ибораҳои исмӣ, феълӣ ва сифатӣ бо муодилҳои англисӣ ба назар мерасад. Дар асоси муқоисаи нусхаҳои русӣ ва англисии “Наврӯзнома” ҳадс задан мумкин аст, ки тарҷумаи англисӣ аз намунаи русӣ анҷом ёфтааст.
тарҷумаи бадеӣ, асимметрия, робитаҳои байнифарҳангӣ, асимметрияи байнифарҳангӣ, асимметрияи грамматикӣ, Наврӯзнома, Умар Хайём, тарҷумаи англисӣ