Мақолаи ҳозир, махсусан, ба таҳқиқи вижагиҳои унсурҳои ёвари сервазифаи осори садаҳои Х – ХIIIва, хусуан, тарзи корбурди ҳиссачаҳо дар забони осори ниёгон пайванд гирифтааст. Соҳибмақола бо такя ба мавод аз осори намояндагони аҳли адаби асрҳои мазкур ва ҳамчунин маъхазҳои ҷуғрофиву таърихии садаҳои Х-ХIIIтаъкид мекунад, ки бархе аз усулҳои корбурди ҳиссачаҳо ва тобишҳои маъноии унсурҳои ёвари сервазифа дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ маҳфуз монда бошанд ҳам, дар мавридҳои алоҳида бо нишонаҳои ҷудогона дар нутқи хаттии имрӯза аз истифода бозмондаанд. Бархе аз маъноҳои грамматикии ҳиссачаҳои таъкидӣ – қувватдиҳанда, ҳиссачаҳои маҳдудӣ ва ҳиссачаҳои инкорӣ дар заминаи осори мансуру манзум бо такя ба маводи фактологии мутааддид ба доираи таҳлилу тадқиқ кашида шуда, тафовут ва умумияти онҳо муайян карда шудааст. Ба вазифаи якдигар истифода шудани ҳиссаҳои номустақили нутқ, ба хусус ҳиссачаҳо яке аз ҳодисаҳои маъмули даврони асримиёнагӣ маҳсуб меёбад. Исбот шудааст, ки баъзе аз ҳиссачаҳо дар осори ин давр ба вазифаи пайвандакҳои пайвасткунанда, пешояндҳои аслии таркибии номии ғайриизофӣ ва ғ. истифода гардидаанд. Аз таҳлили масъалаи мазкур муаллиф ба бардоште мерасад, ки то ҳол ба маънои истисно (ба вазифаи пешоянди «ба ҷуз») ва пайвандак омадани бархе аз ҳиссачаҳо (ҳиссачаи «магар») дар сарчашмаҳои илмии забоншиносии тоҷик қайд нашудаанд.
унсурҳои ёвари сервазифа, ҳиссачаҳо, ҳиссачаҳои таъкидӣ – қувватдиҳанда, ҳиссачаҳои маҳдудӣ, пешояндҳои аслии сода, пешояндҳои аслии таркибии номии ғайриизофӣ, пайвандакҳо, пайвандакҳои пайвасткунанда, тобишҳои маъноӣ
Аттор Фаридаддун. Тазкират – ул – авлиё. Таҳия танзим ва баргардони матн М. Оқилова. – Хуҷанд, 2009. – 600 с.
2. Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ. Таҳияи матн ва луғоту тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. – Душанбе: Адиб, 2007. – 480 с.
3. Ганҷавӣ Н. Куллиёт (Хусарву Ширин). – Душанбе: Адиб, 2012. – 353 с.
4.Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Қ.1. – Душанбе: Дониш, 1985. – 356 с.
5. Деҳхудо А. Луғатнома. Ҷилдҳои 1 – 50. – Теҳрон: Муассисаи интишорот ва чопи Донишгоҳи Теҳрон, 1328.
6. Забони адабии ҳозираи тоҷик. Қ. 1. – Душанбе: Маориф, 1982. – 462 с.
7. Маъсумӣ Н. Очеркҳо оид ба инкишофи забони адабии тоҷик. – Душанбе, 2011. – 385 с.
8. Муин М. Фарҳанги форсӣ. Ҷ.1. – Теҳрон: Чопхонаи сипеҳр, 1371. – 1472 с.
9. Румӣ Ҷ. Маснавии маънавӣ. Таҳия танзим ва баргардони матн Баҳриддин Ализода. – Теҳрон: Нашри замон, 2001. – 728 с.
10. Рӯдакӣ А. Ашъор. Таҳияву тадвини матн бо муқаддима ва луғоту тавзеҳот аз Расул Ҳодизода ва Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. – Душанбе: Адиб, 2007. – 416 с.
11. Тарҷумаи «Тафсири Табарӣ» (дар як китоб ва ҳафт муҷаллад). Таҳия, тавзеҳот ва таълиқоти Н.Ю. Салимов, Н.Ш. Зоҳидов, Н.И. Ғиёсов, А.А. Ҳасанов, А. Самеев. – Душанбе: Бухоро, 2014. – 822 с.
12. Фардинпур Н. «Магар» дар ғазалиёти Ҳофиз//Кайҳони фарҳангӣ. – Теҳрон, 1382. - №202.- С.68 – 70.
13. Фирдавсӣ А. Шоҳнома (Ахтарони адаб). Ҷилдҳои 1 – 10. – Душанбе: Адиб, 2007 – 2010.
14. Халилов А. Ҳиссачаҳо дар забони адабии ҳозираи тоҷик. – Душанбе: Дониш, 1977. – 118 с.
15. Хасанов А. Лексические особенности «Худуду-л-олам»: автореф. дисс… канд. филол. наук. – Душанбе, 1986. - 22 с.
16. Хусрав Н. Сафарнома. Тасҳеҳи М.Ғанӣ. – Берлин, 1341.
17. Ҳасанов А. Баъзе хусусиятҳои синонимҳои феълии «Ҳудуду-л-олам» // Армуғон. - Душанбе, 1989. -С. 34-40.
18. Ҳасанов А. Калимаҳои ҳиндӣ дар «Ҳудуду-л-олам»// Раҳоварди қалам. - Хуҷанд, 1993. -С. 115-124.
19. Ҳудуд – ул – олам мина – л – Машриқ ила – л – Мағриб. Таҳиякунандаи матн ва муаллифи пешгуфтор А.Ҳасанов. – Душанбе:Бухоро, 2014. – 588 с.
20. Ҳусейнов Х. Забон ва услуби «Одина» - и устод Айнӣ. – Душанбе: Ирфон, 1973. – 256 с.
21. Ҷалолова Ф. Афкори забоншиносӣ дар «Ғиёс-ул-луғот»-и Ромпурӣ. – Хуҷанд:Нури маърифат, 2012. – 162 с.
22. Шокиров Т. Адиб, забон ва услуб. – Душанбе:Адиб, 2001. – 175 с.