0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Такмили сохторӣ ва бандубасти «Ёддоштҳо»-и С.Айнӣ

Муаллиф (он)

Шамшоди Ҷамшед

Чакидаи мақола

Устухонбандии асар пеш аз ҳама, пайдарпайии мантиқии ҳоисаҳою воқеаҳо ва ҷобаҷошавии қисмҳои асари бадеиро таъмин менамояд. Бо ин мақсад масъалаи сохторӣ ва бандубасти «Ёддоштҳо»-ро, ки ҳангоми таҳрир аз ҷониби С. Айнӣ ва муҳаррирон тағйиру такмил ёфтааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.Зимни баррасӣ ба тағйиру такмили асар, портрет ва хатти сюжет аз лиҳози матншиносӣ диққати  махсус дода шудааст. Қисматҳои «Ёддоштҳо» дар алоҳидагӣ таҳлил ёфта, ба таври муқоиса дар нақша нишон дода шудааст.Тавсифи таҳриру такмили «Ёддоштҳо» дар асоси матнҳои чопӣ, аз ҷумла нашри маҷаллавӣ ва ду нашри китобӣ пешниҳод шудааст. Муаллиф ба хулоса  расидааст, ки дар нашри дуюми «Ёддоштҳо» устод Айнӣ теъдоди бобҳоро зиёд карда, бандубасти асарро ба танзим даровардааст. Муҳиммияти тадқи¬қи масъалаи мазкур пеш аз ҳама дар он аст, ки хонандагон ва қисме аз муҳаққиқон танҳо аз нашрҳои охири асарҳо огоҳанд. Ва маълум нест, ки дар нашрҳои осори адибон баъди вафоташон чӣ тағйироте ва аз ҷониби чӣ касоне ба он дароварда шудааст. Бинобар ин дар назди матншиносон вазифаи анҷом додан тадқиқоти илмӣ аз рӯи нашрҳои мухталифи  чопии асарҳои адибон меистад.

Калидвожаҳо

СадриддинАйнӣ, «Ёддоштҳо», матн, матншиносӣ, такмилисохторӣ, боб, матнҳоичопӣ, тағйирот

Пайнавишт

1.    Аз мукотиботи устод Айнӣ// Садои Шарқ. –1968, №4. –С. 95-99.

2.    Аз идора. (Андешаҳои кормандони маҷаллаи «Шарқи сурх» оид «Ёддошт»-и С. Айнӣ. //Шарқи сурх. 1948, №8.

3.    Айнӣ С. Ёддоштҳо. Қ. I, 1948 № 8-12; 1949 №1-4.

4.    Айнӣ С. «Ёддоштҳо». Қ. I. – Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1949.

5.    Айнӣ С. Ёддоштҳо. Порчаҳо аз қисми 2// «Шарқи сурх». 1949, –№7. –С. 10-15, №8. – С. 9-18.

6.    Айнӣ С. Ёддоштҳо. – Қ. II. –Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1949. – 271 с.

7.    Айнӣ С. Ёддоштҳо. –Қ. I-II. – Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1954. – 404 с.

8.    Айнӣ С. Ёддоштҳо. Қисми 3. «Шарқи сурх». 1949, №11-12; 1950, №2- 9

9.    Айнӣ С. Ёддоштҳо. Қисми III. – Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1950, 331 с.

10.              Айнӣ С. Ёддоштҳо. Қисми IV/ С. Айнӣ // Шарқи сурх. 1953 №1. –С. 39-70, №2. – С. 30-59, №4. –С. 78-87, №5. – С. 40-57; 1954, №6. –С. 3-22, №7. – С. 7-37; №8. –С. 12-57; №9. – С. 57-88.

11.              Айнӣ С. Ёддоштҳо. – Қ. IV. / С. Айнӣ – Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, – 1954.  - 428 с.

12.               Аҳрорӣ Ҳ. Хотираи нек / Ҳабиб А // Садои Шарқ. – 1978, №4. – С. 102.

13.               Брагинский И. С. Ҳаёт ва эҷодиёти Садриддин Айнӣ. – Душанбе: Ирфон, 1968. – 193 с.

14.               Б.В.Томашевский. Писатель и книга (Очерки текстологии). –М.: Искусство, 1959, - 279 с.

15.               Кӯчаров А. Тадқиқоти текстологии «Одина»-и С. Айнӣ. Душанбе: Дониш, 1982. – 144 с.

16.              Маҳмадаминов А.С. Адабиётшиносӣ ва худогоҳии миллӣ. Душанбе: Сино, 1988. – 1998. – 211 с.

17.              Холида Айнӣ. Зиндагиномаи Садриддин Айнӣ. Тарҷумаи Юнус Юсуфӣ. Душанбе, 2017. – 105 с.

18.              Ҳошим Р. Сухан аз устодон ва дӯстон. Ёддоштҳо ва портретҳои адабӣ. –Душанбе: Ирфон, 1983. – 270 с.

19.              Чанд номаи устод Айнӣ. //Садои Шарқ. – №4. 1976. - С. 68-72.

Таърихи нашр

Понедельник, 20 Апрель 2020