Таҳлили қиёсии истилоҳоти забонҳои русӣ ва тоҷикӣ аз рӯи аломати “номи ансамблҳои мусиқӣ” сурат гирифтааст. Таснифи истилоҳоти мусиқии мазкур пешниҳод шудааст. Зикр гардидааст, ки қариб чоряки истилоҳоти синфи мавзӯии “номи ансамблҳои мусиқӣ”-ро дар забонҳои русию тоҷикӣ калимаҳои сермаъно (квартет, квинтет ва ғайра) ташкил мекунад. Собит шудааст, ки дар забони тоҷикӣ муодилҳои гурӯҳи лексикӣ-семантикии “номи намудҳои ансамбл аз рӯи микдори иҷрокунандагон” тавассути забони русӣ иқтибос шудааст. Азбаски сухан дар бораи иқтибосҳои холис (на танҳо дар сатҳи лексика, балки дар сатҳи семантика низ) меравад, метавон гуфт, ки дар забони тоҷикӣ истилоҳҳо пурра аз худ шудаанд, гурӯҳҳои лексикию семантикӣ бошанд дар ҳар ду забон амалан айният доранд. Хулоса шудааст, ки истилоҳҳои бисёрҷузъаи забони русӣ дар забони тоҷикӣ мутаносибан бо истилоҳҳои бисёрҷузъа ифода меёбанд. Баъзан истилоҳҳои дуҷузъаи забони русӣ ба тоҷикӣ бо ибораҳои бисёрҷузъа тарҷума мешаванд.
таҳлили қиёсии истилоҳоти мусиқӣ, таснифи истилоҳоти мусиқӣ, номи ансамблҳои мусиқӣ, сохти истилоҳоти мусиқӣ дар забонҳои русӣ ва тоҷикӣ, квартет, квинтет
1. Асафьев, Б.В. О хоровом искусстве: Сб.статей/Сост. И коммент. А. Павлова-Арбенина. – Л.: Музыка, 1980. – 216 с.
2. Асафьев, Б.В. Русская музыка: XIX и начало XX века. – Л.: Музыка, 1979. – 344 с.
3. Головинский, Г., Ройтершьейн, М. Книга о музыке: Популярные очерки / М.: Сов. композитор, 1988.– 220 с.
4. Караулов, Ю.Н. Общая и русская идеография. – М., 1976. – 276 с.
5. Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти санъат. – Душанбе: сарредаксияиҳои илмии энсиклопедияи миллии тоҷик. 2003. – 272 с.
6. Мильто, И.П. Поговорим о музыке: Книга для молодежи. – Минск, 1989.– 80 с.
7. Морковин, В.В. Опыт идеографического описания лексики. – М.: Изд-во Московского университета, 1977. – 166 с.
8. Музыкальный энциклопедический словарь. – М.: Советская энциклопедия, 1990.– 672 с.
9. Рок-музыка в СССР: Опыт популярной энциклопедии/Сост. Троицкий А.К.-М.: Книга, 1990.– 384 с.
10. Русско-таджикский словарь – М.: Русский язык, 1985.– 1280 с.
11. Словарь русского языка. – Т.I-IV. – М., 1981-1984.
12. Чижова, И.А. Музыка времён. – Иркутск: Восточно-Сибирское книжное издательствово, 1990. – 208 с.