Масъалаи тағйири ҳолати рӯҳияи Саноии Ғазнавӣ ва таъсири он дар фаъолияти эҷодии шоир бо таваҷҷуҳ ба масъалаи дигаргун гардидани дарунмояи ашъори шоир таҳқиқ шудааст. Дар рафти тавсифи ду марҳалаи эҷодии Саноӣ, ки дар марҳилаи аввал ӯ шоири дарбор аст, таъкид мешавад, ки тағйири ҳоли шоир ба марҳилаи дувуми ҳаёти шоир тааллуқ дорад. Таъкид шудааст, ки Саноӣ дар марҳалаи дуюм шоирест, ки дар партави андешаҳои аҳли тасаввуфу ирфон шеър суруда, дар навбати худ, барои инки¬шо¬фи шеъри тасаввуфӣ саҳми шоиста гузоштааст.
Тағйири ҳол дар андешаи Саноӣ дарунмояи каломи ҳунариро ҷилои комилан ноби ирфонӣ-фалсафӣ, ахлоқӣ-тарбиявӣ, мавъизатӣ-таълимӣ эҳдо кардааст. Образҳои лирикӣ, ҷузъиёти ҳунарии тасвирсозӣ, мафоҳиму мусталеҳоти ҷадид, тарзи нави дарунмоясозӣ, маърифати ноби каломи ҳунариро тавлид кард ва ба ин восита шакли нави каломи ҳунарии манзуму мансур – адабиёти тасаввуфӣ-ирфонӣ зуҳур кард, ки мутлақо беқиёс аст.
Саноии Ғазнавӣ, марҳалаҳои эҷодӣ, тағйири ҳол, тасаввуф, ирфон, шеъри тасаввуфӣ, дарунмоя
1. Афлокӣ, Аҳмад. Маноқиб-ул-орифин / Шамсиддин АҳмадиАфлокӣ. – Теҳрон: Дунёи китоб, 1362. – 616 с.
2. Бройн, Т. Ҳакими иқлими ишқ. Таъсири мутақобилаи дину адабиёт дар зиндагӣ ва осори Ҳаким Саноӣ (Тарҷумаи Маҳёри Алавии Муқаддам ва Муҳаммад Ҷавводи Маҳдавӣ) / Т. Бройн. – Теҳрон: Остони Қудс, 1378. – 575 с.
3. Бройн, Т. Шеъри сӯфиёнаи форсӣ (Тарҷумаи Маҷдуддини Кайвонӣ) / Т. Бройн. – Теҳрон : Нашри марказ, 1378. – 189 с.
4. Кадканӣ, Муҳаммадризо Шафеӣ. Дар иқлими рӯшноӣ. Тафсири чанд ғазал аз Ҳаким Саноии Ғазнавӣ / Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ. – Теҳрон : Огоҳ, 1373. – 299 с.
5. Кадканӣ, Муҳаммадризо Шафеӣ. Тозиёнаҳои сулук. Нақду таҳлили чанд қасида аз Ҳаким Саноӣ / Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ. – Теҳрон : Огоҳ, 1372. – 543 с.
6. Саноӣ, Абулмаҷд Маҷдуд ибни Одам. Девон / Абулмаҷд Маҷдуд Саноӣ : бо саъй ва эҳтимоми М. Разавӣ. – Теҳрон : Саноӣ, 1354. – 1227 с.
7. Саноӣ, Абулмаҷд Маҷдуд ибни Одам. Ҳадиқат-ул-ҳақиқа ва шариат-ут-тариқа / Абулмаҷд Маҷдуд ибни Олам Саноии Ғазнавӣ : тасҳеҳу таҳияи М. Разавӣ. – Теҳрон : Донишгоҳ, 1359. – 875 с.
8. Саноӣ, Абулмаҷд Маҷдуд ибни Одам. Маснавиҳо / Абулмаҷд Маҷдуд Саноӣ. Ба инзимоми шарҳи «Сайр-ул-ибод ила-л-маод»: бо тасҳеҳу муқаддимаи М. Разавӣ. – Теҳрон : Донишгоҳ, 1360. – 381 с.
9. Саноӣ, Абулмаҷд Маҷдуд ибни Одам. Ҳадиқат-ул-ҳақиқа ва шариат-ут-тариқа / Абулмаҷд Маҷдуд ибни Одам Саноии Ғазнавӣ : бо сарсухани К. Олимов. – Душанбе, 2008. – 666 с.
10. Халилӣ, Халилуллоҳ. Аҳволваосори ҲакимСаноӣ / Халилуллоҳ Халилӣ. –Кобул, 1384. – 248 с.
11. Ҷомӣ, Абдурраҳмон. Осор. Ҷилди 8 / Абдурраҳмони Ҷомӣ : мураттибон А. Зуҳуриддинов ва А. Муҳаммадии Хуросонӣ. – Душанбе : Адиб, 1990. – 581 с.