Мақола ба таҳқиқи вижагиҳои маъноии композитҳои навъи татпуруша дар назми Мирзо Бедил ихтисос дорад. Аҳли таҳқиқ бар ин боваранд, ки дар ҳар як забон маъноҳо нисбат ба калимаҳо зиёданд. Ба таъбири дигар, аксари калимаҳо сермаъно мебошанд. Ин аст, ки муаллифи мақола низ дар заминаи маводи композитҳои навъи татпурушаи назми Мирзо Бедил собит намудааст, ки аксари онҳо бар замми маънои аслӣ ҳамчунин дар ашъори Абулмаонӣ ба маъноҳои маҷозӣ ба кор рафта, хусусияти сермаъноӣ зоҳир намудаанд. Дар натиҷаи таҳлили маъноҳои композитҳо ва муқоисаи онҳо бо фарҳангҳои тафсирӣ муаллифи мақола ба хулосае мерасад, ки аксари маъноҳои мазкур дар фарҳангҳои тафсирӣ дучор нашуда, хоси ашъори шоир мебошанд.
калима, таркиби луғавӣ, сермаъноӣ, Бедил, композит, татпуруша, компонент, қолаб
1. Баҳор, М. Сабкшиносӣ ё таърихи татаввури насри форсӣ. Ҷ.1-3. / М.Баҳор. -Теҳрон: Амири Кабир, 1373. Ҷ.1. -467с.; Ҷ.2. -432с.; Ҷ.3. -448с.
2. Баҳор, М. Сабкшиносӣ ё таърихи татаввури насри форсӣ. Талхиси С.Миробидинӣ. Баргардони Ш.Исрофилниё, Н.Саркоров. / М.Баҳор. -Душанбе: Бухоро, 2012. -570с.
3. Бедили Деҳлавӣ. Куллиёт. Ҷ.1-4. Тасҳеҳи Холмуҳаммади Хаста, Халилуллоҳи Халилӣ. Ба кӯшиши Баҳман Халифа Баноравонӣ. / Бедили Деҳлавӣ. -Теҳрон: Талоя, 1389. Ҷ.1 (бахши аввал). Ғазалиёт. -798с.; Ҷ.1 (бахши дувум). Ғазалиёт. -1600с.; Ҷ.2. Таркиббанд; Тарҷеъбанд; Қасоид; Қитъаот; Рубоиёт -650с.; Ҷ.3. Маснавиҳо. -812с.; Ҷ.4. Чаҳор унсур; Руқаот; Нукот. -582с.
4. Деҳхудо, А. Фарҳанги мутавассити Деҳхудо. Дар ду муҷаллад (зери назари дуктур Саъидҷаъфари Шаҳидӣ). / А.Деҳхудо. -Теҳрон: Муассисаи интишорот ва чопи Донишгоҳи Теҳрон, 1385. Ҷ.1-2. -3224с.
5. Забони адабии ҳозираи тоҷик. Қ.1. Лексикология. Фонетика. Морфология. -Душанбе: Маориф, 1982. -461с.
6. Кадканӣ, М.Ш. Шоири оинаҳо (баррасии сабки ҳиндӣ ва шеъри Бедил). / М.Ш.Кадканӣ. -Теҳрон, 1379. -338с.
7. Маонӣ, А.Г. Фарҳанги ашъори Соиб. Дар ду муҷаллад. / А.Г.Маонӣ. -Теҳрон: Муассисаи мутолиот ва таҳқиқоти фарҳангӣ, 1365. Ҷ.1-2. -818.с.
8. Маҷидов, Ҳ. Забони адабии муосири тоҷик. Ҷ.1. Луғатшиносӣ. / Ҳ.Маҷидов. -Душанбе: Деваштич, 2007. -255с.
9. Муин, М. Фарҳанги форсӣ. Дар шаш муҷаллад. / М.Муин. -Теҳрон: Амири Кабир, 1375. Ҷ.1-4. -5277с.; Ҷ.5-6. -2351с.
10. Фарҳанги забони тоҷикӣ (аз асри Х то ибтидои асри ХХ). Дар 2 ҷилд (дар зери таҳрири М.Ш.Шукуров, В.А.Капранов, Р.Ҳошим, Н.А.Маъсумӣ). -М.: Советская энциклопедия, 1969. Ҷ.1. -951с.; Ҷ.2.-949с.