0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Робитаи аносири ёвари сервазифаи осори садаҳои Х-ХIII бо гўишҳои ҷанубии забони тоҷикӣ

Муаллиф (он)

Қӯрғонов Зоҳид Деҳқонович

Чакидаи мақола

Мақола ба омӯзиши вижагиҳои унсурҳои ёвари сервазифаи гӯишҳои ҷанубии тоҷикӣ ва робитаи онҳо бо забони осори ниёгон пайванд гирифтааст. Муаллиф бо такя ба мавод  аз осори намояндагони аҳли адаби асри Х-ХIII ва ҳамчунин маъхазҳои ҷуғрофиву таърихии садаҳои Х-ХIII таъкид мекунад, ки бархе аз тобишҳои маъноии унсурҳои ёвари сервазифа имрӯз дар нутқи хаттӣ истифода нашуда, танҳо дар гӯишҳои алоҳида маҳфуз мондаанд.  Ба вазифаи  якдигар истифода шудани ҳиссаҳои номустақили нутқ, ба хусус пешояндҳо яке аз ҳодисаҳои маъмули даврони асримиёнагӣ маҳсуб меёбад (пешоянди ба ба ҷои  бар, барои). Дар гӯишҳои  ҷанубии забони тоҷикӣ ин ҳодиса то имрӯз боқӣ мондааст, ки дар ин бобат  истифодаи пешоянди ва (гунаи гӯишии пешоянди ба) ба ҷои пешоянди аз  шаҳодат медиҳад. Хулоса шудааст, ки вазифаҳои бархе аз унсурҳои ёвар дар гӯишҳо маҳдуд шуда, баръакси ин тамоюли қисми дигари онҳо вазифаҳои навро ба худ касб кардаанд.

Калидвожаҳо

фарҳангҳои тафсирӣ ва гӯишӣ, унсурҳои ёвари сервазифа, пешояндҳои аслии сода, пайвандакҳо, ҳиссачаҳо, гӯиш, тобишҳои маъноӣ

Пайнавишт

1.Аттор, Ф. Тазкират – ул – авлиё. Таҳия танзим ва баргардони матн М. Оқилова. – Хуҷанд, 2009. – 700 с.

2.Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ. Таҳияи матн ва луғоту тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. – Душанбе: Адиб, 2007. – 480 с.

3. Байҳақӣ, А. Таърихи Байҳақӣ/А. Байҳақӣ. Таҳиягари матн, муаллифи муқаддима, ҳавошӣ ва феҳристҳо Сайфуллоҳи Муллоҷон. – Душанбе: Бухоро, 2014. – 774 с. 

4.Байҳақӣ, А. Таърихи Байҳақӣ. Бо тасҳеҳи Алиакбари Фаёз. Теҳрон: Интишороти Ҳурмус, 1387 (2009 – и мелодӣ). Чопи аввал. – 10 + 990 с.

5. Ганҷавӣ, Н. Куллиёт (Хусраву Ширин). – Душанбе: Адиб, 2012. – 400 с.

6. Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Қ.1. – Душанбе:Дониш, 1985. – 356 с.

7. Деҳхудо, А. Луғатнома. Ҷилди 11.  – Теҳрон: Муассисаи интишорот ва чопи Донишгоҳи Теҳрон, 1328.

8. Ровандӣ,М. Роҳат – ус – судур ва оят – ул – масрур. Тасҳеҳи Муҳаммад Иқбол ва Муҷтабо Минуӣ.– Теҳрон: Амири Кабир, 1364.

9. Розӣ, А. Равз – ул – ҷинон ва руҳул – ун ҷинон фи – тафсиру – л – Қуръон. Тасҳеҳи Муҳаммад Ҷаъфари Ёҳақӣ ва Муҳаммад Маҳдии Носеҳ.– Машҳад: Нашри Остони Қудси Разавӣ, 1374.

10. Румӣ, Ҷ. Маснавии маънавӣ. Таҳия танзим ва баргардони матн Баҳриддин Ализода. – Теҳрон: Нашри замон, 2001. – 728 с.

11. Рӯдакӣ, А. Ашъор. Таҳияву тадвини матн бо муқаддима ва луғоту тавзеҳот аз Расул Ҳодизода ва Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. – Душанбе: Адиб, 2007. – 416 с.

12. Тарҷумаи «Тафсири Табарӣ» (дар як китоб ва ҳафт муҷаллад). Таҳия, тавзеҳот ва таълиқоти Н.Ю. Салимов, Н.Ш. Зоҳидов, Н.И. Ғиёсов, А.А. Ҳасанов, А. Самеев. – Душанбе: Бухоро, 2014. – 822 с.

13. Фарҳанги гӯишҳои ҷанубии забони тоҷикӣ. Мураттибон: М.Маҳмудов, Ғ.Ҷӯраев, Б.Бердиев. Муҳаррири масъул А.Мирбобоев. – Душанбе, 2012. – 946 с. 

14. Фирдавсӣ, А. Шоҳнома (Ахтарони адаб). Ҷилдҳои 1, 2, 5. – Душанбе: Адиб, 2007 – 2010.

15. Ҳамадонӣ, Р. Ф. Ҷомеъ – ут – таворих. Тасҳеҳи Муҳаммад Мударриси Занҷонӣ. – Теҳрон:Нашри иттилоот, 1364.

16. ҲасановА. А.  Унсурҳоилуғавӣ васарфиюнаҳвииосорисадаҳоиХ-Х111 даргӯишишимолӣ (бахшиФарғонаи ғарбӣ). Хуҷанд: Нуримаърифат, 2003.- 253 с. 

17. Ҳудуд – ул – олам мина – л – Машриқ ила – л – Мағриб. Таҳиякунандаи матн ва муаллифи пешгуфтор А.Ҳасанов. – Душанбе:Бухоро, 2014. – 587 с.

18. Шерозӣ, С. Гулистон (бар асоси тасҳеҳ ва табъи шодравон Муҳаммадалии Фурӯғӣ (бо маънии вожаҳо ва шарҳи ҷумлаҳову байтҳои душвор). Мураттиб ва баргардони матн Обиди Шакурзода. – Душанбе, 2009. – 345 с.

19. Шерозӣ, С. Ғазалиёт. Тасҳеҳи Муҳаммадалии Фурӯғӣ. – Теҳрон, 1313.

Таърихи нашр

Вторник, 21 Апрель 2020