Масъалаҳои матншиносии рубоиёти Назирии Нишопурӣ бар асоси муқоисаи матни нусхаи хаттии маҳфуз дар Маркази мероси хаттии назди раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва нашри анҷомёфтаи Девони Назирӣ дар асоси ду нусхаи хаттӣ ва ду чопи он аз ҷониби муҳақкиқи эронӣ Муҳаммадризо Тоҳирӣ ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст. Дар натиҷаи баррасии масъалаҳои меҳварии мақола муаллиф муайян намудаанд, ки нусхаи «Куллиёти Назирӣ», ки дар китобхонаи мазкур таҳти рақами 828 маҳфуз аст, арзиши муҳиме дар матншиносии осори шоир дорад, зеро дар он ду рубоии ин суханвар ҷой дорад, ки дар нусха ва нашрҳои дигар дида нашуд. Баробари ин, шакли дурусти бархе аз рубоиёти шоирро муаллифи мақола бар асоси муқоисаи ин матн бо мутуни дигари нусхаҳои хаттӣ ва чопӣ, инчунин тазкираҳо муқаррар намудааст.
Назирӣ, девони ашъор, Куллиёти Назирӣ, мероси адабӣ, рубоиёт, мантшиносӣ, нусхаҳои хаттӣ, нусхаи чопӣ, гунанокии байтҳо