Дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ калимаи “тозӣ” ба се маъно корбаст шудааст: чун сифтаи феълӣ аз масдари “Тохтан” ба маънои “тозанда”, чун сифат ба маънои зоти махсуси асб: ва чун этноним ба маънои “бадавӣ”, “саҳронишин”. Баъзе ҷанбаҳои этималогияи калимаи тоҷик низ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Баромади вожаи “тоҷик” аз номи қабилаи арабии “той” ва ҳамрешаи калиаи “тоҷ” будани вожаи “тоҷик” бо далелҳои қотеъ рад карда шудааст. Мулоҳиза дар бораи аз калимаи “да”- ши”- и хитоӣ ба маънои “да-дур” ва “ши-ғарб” гирифта шудани вожаи “тоҷик” ҳарчанд бе поя ба назар намерасад, вале далелҳои бештареро тақозо мекунад. Дар мақола таъкид гардидааст, ки дар баъзе мавридҳо дар “Шоҳнома” калимаи “тозӣ” наметавонад маънои “араб”-ро дошта бошад. Дар бахшҳои ба истилоҳ асотирии “Шоҳнома” Афросиёб бо “лашкари тозиён” набард мекунад ва онҳоро шикаст медиҳад. Дар ин ҷо сухан дар бораи рӯйдодҳои пеш аз давраи Ҳахоманишиён меравад, ки дар зеҳни халқҳои эронӣ боқӣ мондаанд. Афросиёб подшоҳест, ки ҳаргиз бо арабҳо ба набард ворид шуда наметавонист, зеро барои арабҳо ҷангидан ӯ бояд Эроншаҳри таърихирозабт мекард. Бино ба шаҳодати сарчашмаҳо арабҳо дар каронаҳои соҳили чапи дарёи Фурот бодиянишинӣ мекарданд. Ҳадс зада шудааст, ки дар ин маврид сухан дар бораи тоҷиконе меравад, ки дар паҳнои шимолу ғарби Сирдарё маскун буданд. Мисоли дигар ба фаслҳои таърихии “Шоҳнома”, ба давраи подшоҳии Хусрави Анӯшервон мансуб аст. Тозие дар минтақаи Гургон ба шоҳаншоҳ аз ғоратгарии туркон шикоят мекунад. Ин марди тозӣ низ араб буда наметавонад, зеро дар охири асри V ба арабҳо дар поёноби Фурот ноҳияе ба чаронидани чорво вогузор шуда буду бас.
Фирдавсӣ, “Шоҳнома”, Бартольд, Хитой, тай, Яман, тозӣ, Афросиёб, Омӯ, Омул, бон, Тибет
1. Балъамӣ, А. Таърихи Табарӣ. - Теҳрон, 2001. -Ҷ.1: 825 с.
2. Бартольд В.В. Сочинения. Том 2, часть1. -М, 1963. – С. 449-469.
3. Ибни Қутайба. аш-Шеър ва-ш-шуаро. -Бейрут, 1964. -900 с.
4. Кристенсен Артур. Эрон дар замони Сосониён. -Теҳрон, 2019. – 710 с.
5. Кузнецов Б.И. Древний Иран и Тибет. -СПб, 1998. -138 с.
6. Назарзода С. Дуруди ваҳдату созандагӣ. Ҳайдарӣ Ш. Номвожаи тоҷик, 6 саҳ.
7. Рӯдакӣ. Девон. -Душанбе, 2015. -334 с.
8. Сюань-Цзян. Записки о западных странах эпохи Великой Тан. -М.: Восточная литература, 2012. - 466 с.
9. Табарӣ. Таърих. -Ҷ.2. -Қоҳира, бидуни соли нашр. - 239 с.
10. Унсурӣ. Девон (ба тасҳеҳи Дабири Сиёқӣ). -Теҳрон, 1985. -514 с.
11. Фирдавсӣ. Шоҳнома. - Ҷ.1. - Душанбе, 1964. - 468 с.
12. Фирдавсӣ. Шоҳнома. - Ҷ.2. - Душанбе, 1987. - 319 с.
13. Фирдавсӣ. Шоҳнома. -Ҷ.5. - Душанбе, 1965. - 492 с.
14. Фирдавсӣ. Шоҳнома. - Ҷ.8. - Душанбе, 1990. - 613 с.
15. Ҳайдарӣ, Ш. Номвожаи тоҷик. -Перм, 2015. -454 с.
16. Юлдошев А. Роҷеъ ба маънии “тэжикчэ”. //Садои Шарқ. -1985. -№1. 3 саҳ.