Дар мақола калимаҳои мураккаби бо асоси замони ҳозираи феъл сохташуда, ки аз шумори фаъоли системаи забони тоҷикӣ мебошанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар мақола дар мисоли ҷузъҳои қиёсии андоз ва гир ба вуҷуд омадани қатори вариантии калимасозӣ нишон дода шуда, таҳлили ономасиологии калимаҳои мураккаб, таносуби маъноии ҷузъҳои таркибӣ бо ҷалб кардани омилҳои ғайризабонӣ, категорияҳои ономасилогии калимаҳо, ихтисоршавии тема ва актуалӣ гардидани ҳиссаи рематикӣ баррасӣ шудааст. Аз мақола чунин бармеояд, ки бо иштироки ҳамон як ҷузъ – ҷузъи қиёсӣ баҳампайвандии ҷузъи дигар ба ташаккули қатори калимасозӣ оварда мерасонад. Қатори калимасозии калимаҳои мураккабе, ки бо ҷузъҳои андоз (ҳукмандоз, қадарандоз, кулӯхандоз, қоимандоз, сарандоз) ва гир (магасгир, обгир, коғазгир) созмон ёфтааст, маъноҳои фарохи он ҷузъҳоро нишон медиҳад. Маълум карда шудааст, ки тобишҳои маъноии худро зоҳир кардани ҷузъҳои қиёсӣ типи алоқаи ҷузъҳои таркибиро мушаххасу муайян мегардонад.
ҷузъи қиёсӣ, қатори калимасозӣ, базиси ономасиологӣ, аломати ономасиологӣ, категорияи ономасиологӣ, тема, рема
1. Адливанкин, С.Ю. К вопросу о системности словообразования // Словообразовательные и семантико-синтаксические процессы в языке. Меж. вуз. сб. науч. трудов / С.Ю. Адливанкин – Пермь, 1977.-С.37-55.
2. Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик /Муаллиф: Ш.Рустамов, Р.Ғаффоров. – Душанбе: Дониш, 1985.-Ҷ.1. “Фонетика ва морфология”.-355 с.
3. Кубрякова Е.С. Теория номинации и словообразование// Языковая номинация: Виды наименований/ Е.С.Кубрякова-М.: Наука, 1977.-С.222-303.
4. Муҳаммад Ғиёсуддин. Ғиёс-ул-луғот: Иборат аз се ҷилд/ Таҳияи А.Нуров./ Муҳаммад Ғиёсуддин-Душанбе: Адиб, 1977-1988.-Ҷ.1-1987.-480с; Ҷ.2.-1988.-416с.
5. Общее языкознание: Внутренняя структура языка/ Отв. ред. Б.А.Серебренников.-М.:Наука, 1972.-565 с.
6. Фарҳанги забони тоҷикӣ: Иборат аз ду ҷилд.-М.: Сов. энсиклопедия, 1969.-Ҷ.1.-951с; Ҷ.2.-952 с.