0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Марҳалаи нави камолшиносӣ дар Тоҷикистон

Муаллиф (он)

Мирзоюнус М. (Ходжаева)

Чакидаи мақола

Мақола  ба таҳқиқи  вазъи  камолшиносӣ  ва рушди  он дар Хуҷанд  ихтисос ёфта, дар  он  осоре, ки аз ҷониби МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” дар  панҷ  соли  охир таҳия  ва нашр шудааст,  мавриди  баррасӣ  қарор гирифтааст. Муаллиф осори интишорнамудаи  Маркази  илмии Камоли Хуҷандиро,  ки  марбут  ба шахсияту ҷаҳонбинӣ  ва шеъри  Камол аст, дастабандӣ  карда, шаш навъи онро муайян  мекунад, ки  аз ҷумла китобҳои   иттилоотӣ, матни ашъори Камоли  Хуҷандӣ, матн дар заминаи пажӯҳиш, сарчашмаҳо, тарҷумаи  ашъори  Камоли Хуҷандӣ ба  забонҳои  дигар ва  пажӯҳишномаҳо  мебошанд. Дар  мақола  бурду  бохти муаллифон  ва  мураттибон дар таҳияи  китобҳое мисли  «Армуғони аҳли дил», «Ишқи  минуӣ», «Дафтари  ишқ», «Ҳабдаҳ чаман»,   «Маводи  конференсияи байналмилалии «Камоли Хуҷандӣ: ташаккули  адабиётшиносӣ  ва  равобити адабӣ»,”Камол дар  оинаи  тазкираҳо” «Камол дар  оинаи  пажӯҳиш», «Камол- устоди  бузурги  забон», “Китобшиносии Камоли Хуҷандӣ” ва  ғайра нишон дода  шудааст. Муаллиф ба хулосае мерасад, ки  камолшиносии ватанӣ  рушди  бесобиқа ёфта,  дар  чанд соли охир  ба марҳалаи  сифатан нав ворид шудааст.

Калидвожаҳо

Камоли Хуҷандӣ, камолшиносӣ, Маркази  илмии Камоли Хуҷандӣ, феҳрист,  сарчашмаҳо, таҳия, нашр,  пажӯҳиш, матн

 

Пайнавишт

1.    Армуғони  аҳли  дил. Гузида ва  тарҷумаи ғазалиёти К.Х. – Хуҷанд: Ношир, 2016.-236 с.

2.    Дафтари  ишқ.  Мунтахаби ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ ба забони  олмонӣ. – Хуҷанд: Ношир, 2020. – 172 с.

3.    Ишқи  минӯӣ. Тарҷумаи ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ ба забони олмонӣ.- Хуҷанд: Ношир, 2018. -48 с.

4.    Камол -  устоди  бузурги забон.  Маҷмӯаи  мақолоти  марбут  ба муҳимтарин масоили забонии ашъори Камоли Хуҷандӣ. Таҳия, тадвин ва пешгуфтори Фирӯза  Қодирова. Силсилаи   китобҳои камолшиносӣ. Ҷилди 4. – Хуҷанд: Хуросон, 2020. – 272 с.

5.    Камоли Хуҷандӣ. Девон ба ҳуруфи тоҷикӣ ва форсӣ .  Таҳияи  А. Суруш.–Хуҷанд: Хуросон, 2015.–1292 с.

6.    Камоли Хуҷандӣ. Девон.  Таҳияи  Баҳром Раҳматов ва  Оқилбой Оқилов.–Хуҷанд: Хуросон, 2020.

7.     Камоли Хуҷандӣ. Иксири саодат. Ба  кӯшиши Фахриддин Насриддинов –Хуҷанд: Хуросон, 2015.–1292 с.

8.    Камоли Хуҷандӣ. Варақи ҳусн. Мунтахаби ғазалҳо.Муқаддима,  таҳия,  тавзеҳ ва нусхабадали  Баҳром  Раҳматов ва Оқилбой  Оқилов –Хуҷанд: Хуросон, 2018.– 520 с.

9.    Камоли Хуҷандӣ. Ҳабдаҳ чаман. Тарҷумаи 17 ғазали Камоли Хуҷандӣ  ва 17 гуфтор дар  бораи ӯ ба 8 забон. Мураттибон  Баҳром  Раҳматов ва Фирӯза Қодирова –Хуҷанд: Хуросон, 2020.

10.              Камол дар  оинаи  тазкираҳо. Таҳия ва  тавзеҳи Иззатбек Шехимов ва Зоҳирҷон Юсупов. Силсилаи   китобҳои камолшиносӣ. Ҷилди 1. – Хуҷанд: Хуросон, 2020. – 300 с.

11.              Камол дар  оинаи  пажӯҳиш. Нақди  Камоли Хуҷандӣ дар  пажӯҳишҳои ғарбиву  шарқӣ (аз  оғоз то солҳои 60-уми садаи бист) Баргардон, таҳия, таҳқиқ, пешгуфтор ва шарҳу  тавзеҳоти Субҳони Аъзамзод. Силсилаи   китобҳои камолшиносӣ. Ҷилди 2/1. – Хуҷанд: Хуросон, 2020. – 568 с.

12.              Китобномаи Камоли Хуҷандӣ.  Феҳристи осор, мақолаҳо,  сарчашмаҳои  камолшиносӣ ва нашрҳои  ашъори шоир. Таҳияи  кормандони МД “Маркази  илмии  Камоли Хуҷандӣ” ва  китобхонаи вилоятии  оммавии ба  номи  Тошхоҷа  Асирӣ. Силсилаи   китобҳои камолшиносӣ. Ҷилди 2/1. – Хуҷанд: Хуросон, 2020. – 488 с.

13.              Маводи конференсияи  байналмилалии “Камоли Хуҷандӣ: ташаккули  адабиётшиносӣ ва  равобити адабӣ”(Хуҷанд, 28-29 октябри  соли 2016). – Хуҷанд: Ношир, 2016 .- 616 с.

14.               Мактаби Камол.  Таҳия ва  танзими Баҳром  Раҳматов ва  Шоира Олимова.- Хуҷанд: Ношир,  2019. -528 с.

15.              Муқаддимаи камолшиносӣ.Таҳияи  Баҳром Раҳматов ва  Иззатбек Шехимов. -Хуҷанд:Ношир, 2015. – 504 с.

Таърихи нашр

Среда, 24 Февраль 2021