0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Хусусиятҳои ташаккул ва рушди мақомоти ҳифзи муҳити зисти Вилояти Суғд дар даврони истиқлол

Муаллиф (он)

Ҳусайнов Муҳаммадҷон Салохуддинович

Чакидаи мақола

Таҳлили мухтасари ташаккул ва инкишофи мақомоти ҳифзи муҳити  зист дар вилояти Суғд иҷро шудааст. Зикр гардидааст, ки сохтори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист фаъолия¬ташро бо номи “Кумитаи ҳифзи табиат” дар пойгоҳи  Бозрасии назорати давлатии истифо¬даи оқилонаи захираи оби ҳавзаи Сирдарё оғоз карда буд ва  қисме аз кормандони ин ташкилот ба сохтори нав гузаштанд, ки ин  ҳодиса ба самтҳои фаъолияти он таъсири муайян расонд. Самтҳои асосии фаъолияти раёсат тавсиф гардидааст: мубориза зидди истифодаи заҳрдоруҳо дар шоликорӣ дар қитъаҳои наздисоҳилии Сирдарё, маҳдуд сохтани  ба атмосфера партофтани партовҳои зараровар дар корхонаҳои саноатӣ, ҷойгиронии партовҳои сахти маишӣ, гузаронидани тадбирҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи  маърифати экологии аҳолӣ ва ғайра. Ба мубориза зидди истифодаи пеститсиди  қонунан манъшудаи  “Бутифос” диқкати махсус дода шудааст. Аз ҷумла зикр мешавад, ки бо ташаббуси кормандони раёсати  ҳифзи муҳити зист бори аввал барои вайрон кардани  қоидаҳои истифодаи заҳрдоруҳо  шахсони мансабдор  ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд. Фаъолияти  раёсат оид ба таҷдиди захираҳои моҳӣ дар Сирдарё ва обанбори  Қайроққум тавсиф шудааст.

Калидвожаҳо

вилояти Суғд, ҳифзи муҳити зист, сохтори ҳифзи табиат, заҳрдору, партовҳои сахт, ҳифзи захираҳои моҳӣ

Пайнавишт

1.         Бойгонии давлати вилояти Суғд, “Папка XII”с. 19-68

2.         Бойгонии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд., папкаҳои 17-21 дар ҷилди 16.

3.         Веб-сайт Комитета по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан. www.hifzibiatj

4.         Ганҷинаҳои табиати вилояти Суғд. Мураттиб  Усмонов К.А. – Хуҷанд; Ношир,  2003. -135 с.

5.         Косинов А.И. Система оценки экологической безопасности региона // Теоретические и прикладные проблемы современной науки и образования: материалы Междунар. науч.–практической конф. Ч. 1 – Курск: МУП “Курская городская типография”, 2011. - С. 108-111.

6.         Маълумотномаи шӯъбаи кадрҳои  Раёсати ҳифзи  муҳити зисти вилояти Суғд. №41 аз 17.06.2018.

7.         Отчеты Ленинабадского областного комитета по охране природы за 1990-2000 гг. -97 с.

8.         Ҳайвоноти зараровару фоиданоки Тоҷикистон. – Душанбе: Дониш, 1983. - 115 с.

9.         Ҳисоботи Раёсати ҳифзи муҳити  зисти вилояти Суғд  дар солҳои   2010-2015. -231 с. www.eco. Sugd.tj

10.       Ҳусайнов М.С. и др. Исторические аспекты становления и развития природоохранной службы Согдийской области РТ// Учёные записки ХГУ. - №4(43). -2017. - Худжанд: Нури маърифат, 2017.  - С. 53-57. 

11.       Экологический информационный бюллетень. Вып.4. -Душанбе: Ирфон, 2010. – 187 с.

12.       Энгельс Ф. Диалектика природы. - М.: Наука, 1971.  – 107 с.

Таърихи нашр

Четверг, 17 Сентябрь 2020