0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Вазифа ва маъноҳои пешоянду пайвандакҳо дар «Маснавии Маънавӣ» - и Ҷалолуддини Румӣ

Муаллиф (он)

Қӯрғонов Зоҳид Деҳқонович

Чакидаи мақола

Дар мақола бори аввал тобишҳои маъноии пешоянду пайвандакҳои «Маснавии маънавӣ» - и Ҷалолуддини Румӣ мавриди омўзиш қарор гирифтааст. Бояд гуфт, ки то ҳол ин тобишҳои унсурҳои луғавӣ дар дастурҳои забони тоҷикӣ ва кутуби дарсӣ ба мушоҳида намерасад. Аз ин рў, муаллифи мақола бо такя дастурҳои забонҳои ғайр вазифа ва маъноҳои тозаи ин аносири луғавиро манзур кардааст, ки ҳангоми навиштани дастурҳои нави забони тоҷикӣ ба назар гирифтани онҳо аз фоида холӣ нахоҳад буд. Масалан, ҳангоми таҳлил кардани пешоянди содаи аслии «аз» чордаҳ тобиши маъноии он дарёфт карда шуда, таъкид гардидааст, ки ин пешоянд дар ашъори Ҷалолуддини Румӣ бо тобишҳои зиёди маъноӣ ба назар расида, чунин имконоти баён дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ маҳдуд шудааст.  Ҳамчунин қайд шудааст, ки ҳангоми аз назар пинҳон мондани тобишҳо ва вазифаҳои ин аносири луғавӣ мо ба дарки матлаби аслии шоир нахоҳем расид. Аз ин лиҳоз, мавриди омўзиш қарор додани муаммои мавриди назар акуталӣ ва саривақтӣ мебошад

Калидвожаҳо

«Маснавии маънавӣ» - и Ҷалолуддини Румӣ, ҳиссаҳои номустақили нутқ, пешояндҳо, пешояндҳои аслии сода, пайвандак, пайвандакҳои тобеъкунанда ва пайвасткунанда, аз таърихи пешоянду пайвандакҳо, услуби шоир. 

Пайнавишт

1.    Акимова И.И. Морфология русского языка: учеб. пособие/И. Акимова. – Хабаровск: Изд-во Хабар. гос. техн. ун-та, 2003. – 178 с.

2.    Баҳор, Муҳаммадтақӣ. Сабкшиносӣ ё таърихи татаввури насри форсӣ/М.Баҳор. Ҷ.2. – Теҳрон: Интишороти «Заввор», 1381. – 496 с.

3.    Баҳор М. Сабкшиносӣ. Баргардони Ш. Ф. Исрофилниё, Н. Саркоров/М.Баҳор. – Душанбе: Бухоро, 2012.

4.    Бозидов, Назаршо. Пайвандакҳо дар забони адабии ҳозираи тоҷик/Н. Бозидов. – Душанбе: Маориф, 1985. – 103 с.

5.    Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.–Душанбе: Дониш, 1985. -Ҷ.1.- 356 с.

6.    Деҳхудо А. Луғатнома/А.Деҳхудо. Ҷилдҳои 1 - 50.  – Теҳрон,1325-1345.

7.    Забони адабии ҳозираи тоҷик. Қисми 1.-Душанбе: Маориф, 1982.–462 с.

8.    Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис. Қисми 2. Китоби дарсӣ барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ.–Душанбе: Маориф, 1995. – 336 с.

9.    Маъсумӣ Н. Очеркҳо оид ба инкишофи забони адабии тоҷик/Н.Маъсумӣ. – Душанбе, 2011. – 385 с.

10.    Розенталь Д.Э., Голуб И.Б., Теленкова М.А. Современный русский язык.  – М.: Айрис-пресс, 2003, – 448 с.

11.    Румӣ Ҷ. Маснавии маънавӣ. Таҳия, танзим ва баргардони матн Баҳриддин Али­зода ва Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ/Ҷ.Румӣ. – Теҳрон: Нашри замон, 2001. – 728 с.

12.    Саймиддинов Д. Форсии бостон/Д.Саймиддинов. – Душанбе, 2007.

13.    Хонларӣ П. Н. Таърихи забони форсӣ/П.Н.Хонларӣ. Ҷилди 3. Теҳрон, 1336.

14.    Ҳасанзод А. Асолати забон ва маҳорати баён. – Хуҷанд: Ношир, 2018.

15.    Ҳасанов А. Таърихи забони тоҷикӣ/А.Ҳасанов. Қисмҳои 1 – 2.  – Хуҷанд, 2004 – 2005.

16.    Шариат М. Дастури забони форсӣ. – Теҳрон, 1371.

Таърихи нашр

Четверг, 23 Январь 2020