Дар мақола сохтори маъноӣ ва грамматикии воҳидҳои фразеологии феълӣ ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Таъкид шудааст, ки ҳангоми муайян намудани вазифаҳои наҳвии воҳидҳои фразеологии феълӣ шаклу маъноҳои феълҳои тасрифша¬ванда ва тасрифнашаванда ба назар гирифта мешавад. Воҳидҳои фразеологии феълӣ бо мурури замон камистеъмол гардида, хусусиятҳои архаистӣ пайдо мекунанд. Лозим ба таъкид аст, ки воҳидҳои фразеологии феълӣ дар шакли ибораҳои масдарӣ ба вазифаҳои гуногуни ҷумла омада метавонанд. Яке аз хусусиятҳои вохидҳои фразео¬логии феълӣ он аст, ки онҳо сарфи назар аз дараҷаи истеъмолашон дар услубҳои гуногуни баён ба вазифаи хабар меоянд. Хусусияти дигар воҳидҳои фразеологии феълӣ дар он аст, ки қисме аз онҳо ҳам дар шакли тасдиқӣ ва ҳам дар шакли инкории феъл ба кор бурда мешаванд. Дар осори адибон аксари воҳидҳои фразеологии феълӣ бо муодилҳои луғавиашон ё бо воҳидҳои фразеологии феълии дигари ҳаммаънояш ба тариқи мувозӣ ба кор бурда мешавад.
воҳидҳои фразеологии феълӣ, ҷумла, ибора, вазифаҳои наҳвӣ, хабар, сохтори маъноӣ, мубтадо
1. Козимӣ М.М.Теҳрони махуф. - Душанбе: Ирфон, 1964. -352 с.
2. Айнӣ Садриддин. Куллиёт. Дар 15 ҷилд.- Душанбе, 1962-2017.
3. Чархи гардун, 27.06.2018
4. Оила, 17.10.2018
5.Адабиёт ва санъат, 11.10.2018
6.Фарҳанги ибораҳои рехтаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Мураттиб М.Фозилов- Душанбе: Ирфон,1964.ҷ.2 802с.
7.Оила, 20.06.2018
8.Оила, 3.10.2018
9.Оила ,12.02.2014
10. Рубинчик Ю.А. Рамочная конструкция и структурно-семантическое единство фразеологизмов // Народы Азии и Африки – 1973. -- № 4. – С.143-145.
11. Камолиддинов Б. Масъалаҳои инкишофи сохти синтаксиси забони тоҷикӣ. Маҷмӯаи мақолаҳо. – Душанбе, 1988, 268 саҳ.
12. Чархи гардун, 27.01.2018
13. Адабиёт ва санъат, 8.03.2017
14. Фарҳанги ибораҳои рехтаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Мураттиб М.Фозилов- Душанбе: Нашрдавтоҷ, 1963.ҷ.1.- 952с.
15. Муҳаббат ва оила 10.07.2018
16. Шакурӣ М. Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад – Душанбе: Ирфон, 2006. – 150 с.