0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Таҷрибаи тасвирӣ ва прогрессияи композитсионии воҳидҳои фразеологӣ дар ташаккули сохтори маънои онҳо

Муаллиф (он)

Мирзохонова Матлуба Мирзохашимовна

Чакидаи мақола

Дар мақола масъалаи омўзиш ва баррасии воҳидҳои фразеологии Тя ва Ря ва муқоисаи онҳо аз нуқтаи назари хусусиятҳои забонӣ мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Яке аз омилҳои муҳимми ташаккул ва инкишофи фонди луғавӣ воҳидҳои фразеологӣ маҳсуб меёбанд, ки омўзиш ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи онҳо барои муайян намудани хатти таҳаввули забон басо назаррас аст. Дар мақола таъкид шудааст, ки муайян намудани хусусиятҳои сохтории воҳидҳои фразеологӣ омўзиши объекти таҳқиқро дар муносибат ба ҳодисаҳои муайяни забонӣ ва истифодаи он дар матн пешбинӣ менамояд. Таҳлили муқоисавӣ-типологии фразеологизмҳо аҳамияти калони илмӣ дошта, барои коркарди на-зарияҳои забоншиносӣ ва ошкор намудани аломатҳои умда ва типологии забонҳои му¬қоисавӣ хеле муҳим аст. Омўзиши муқоисавии низоми воҳидҳои фразеологии аз лиҳо¬зи мазмун ва тобишҳои маъноӣ мухталиф на танҳо аҳамияти назарӣ, балки амалӣ низ дорад.

Калидвожаҳо

муносибати лингвистӣ, табиати забон, воҳиди фразеологӣ, воҳиди озод, воҳиди сохторӣ, семантика, ташаккулёбӣ, қаринаи матн.

Пайнавишт

1.Бабкин А.М. Русская фразеология, её развитие и источники. – Л., 1970.    с. 261

2.Балли Ш. Французская стилистика. – М., 1961. – 389 с.

3.Будагов Р.А. Что такое развитие и совершенствование языка? – М., 2005. –304 с.

4.Крушевский Н. Очерк науки о языке. – Казань, 1983. – 149 с.

Таърихи нашр

Четверг, 23 Январь 2020