Дар мақола ҳаракати ҷадидия ва ходимону ҷонибдоронион аз диди Нависандаи ХалқииТоҷикистон ҶалолИкромӣтаҳлилубаррасӣ гардидааст. Муаллиф дар такя ба хотироту ёддошти ин адиби номвари тоҷик ба баъзе паҳлӯҳои таърихи неҳзати ҷадидия рӯшанӣ меандозад. Таъкид мешавад, ки андешаю навиштаҳои адиби таърихнигор Ҷ. Икромӣ дар шинохти ҷадидони тоҷик - Абдуррауфи Фитрат, Садриддин Айнӣ, Абдулвоҳиди Мунзим, Абдуқодир Муҳиддинов, Файзулло Хоҷаев, Усмон Хоҷаев, Аҳмадҷони Ҳамдӣ, бародарон Мукаммил ва Мазҳар Бурҳоновҳо, Мирзо Изатулло, Исмоил Садрӣ ва дигарон, нақшионҳо дар роҳи босаводу бомаърифат кардани мардум, таъсиси макотиби усули савтия, тарғиби бунёди ҷомеаи нав, ҳамчунинин ҷиҳатҳои манфии фаъолияти ин мунавварфикрону таҷаддудхоҳони ибтидои асри ХХ, хоса ба пантуркизм гаравидани бархе аз онҳо манбаи боэътимод маҳсуб меёбанд.
Ҷунбиши ҷадидия,Ҷалол Икромӣ, Бухоро, Садриддин Айнӣ, мактаби Мунзим, Фитрат, маорифпарварӣ, пантуркизм.
1. Айнӣ С. Таърихи инқилоби Бухоро, 1921 / Таҳияи Р. Ҳошим.- Душанбе: Адиб, 1987.- 240 с.
2. Айнӣ С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро, 1918 / Таҳияи К.С. Айнӣ // Куллиёт. Ҷилди 14.- Душанбе: Матбуот, 2005. - С. 29-259.
3. Асозода Х. Адабиёти тоҷик дар садаи ХХ.- Ҷилди сеюм.- Душанбе: Маориф, 1999. - 448 с.
4. Икроми Джонон. Джалол Икрами. Неизвестные страницы.- Душанбе: Шарки Озод, 2010.- 192 с.
5. Икромӣ Ҷ. Он чӣ аз сар гузашт (Ёддоштҳо), 1992.- Душанбе, 2009. - 328 с.
6. Икромӣ Ҷ. Садриддин Айнӣ ва Бухоро // Ҳақиқати Ӯзбекистон.- 1988. - 24 ноябр.
7. Икромӣ Ҷ. Устоди ман, мактаби ман, худи ман.- Душанбе: Ирфон, 1970. - 120 с.