Вижагиҳои мавзӯӣ ва жанрии барномаҳои радиои «Киргиз радиосу» дар солҳои аввали милленниум мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Изҳори ақида шудааст, ки барои фаҳмидани вазъи ВАО-и оғози ҳазорсолаи нав, аз ҷумла радиои Қирғизистон ба омӯзиши барномаҳои мушаххаси радиоӣ тааммуқ кардан лозим аст. Мушкилоти ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат ба инкишофи фарҳанг ва идроки он таъсир нарасонида наметавонистанд. Дар баъзе барномаҳои самти фарҳангию маърифатӣ аланан зерматни сиёсӣ ба мушоҳида мерасанд. Зикри ин ё он шахсиятҳои сиёсӣ ва нақши онҳо дар рушди фарҳангию таърихӣ дар давраи мавриди таҳқиқ на ҳамеша ҷанбаи мусбат дошт. Дар ин ҳолатҳо моҳияти барнома аз мавқеи муаллифи барномаи радиоӣ ва сиёсати иттилоотии идораи радио вобаста буд. «Қирғиз радиосу» мутобиқан ба мақоми худ ҳамеша ҷонибдори нуктаи назари ҳукумат ба шумор мерафт.
ВАО-и Қирғизистон, радиожурналистика, радиои ҷонибдори давлат, барномаҳои радиоӣ, дигаргуниҳои ҷамъиятию сиёсӣ, ҷанбаи фарҳангию маърифатӣ, ҳазорсолаи нав
1. Кыргыз Радиосу. – 2000. −№1381
2. Кыргыз Радиосу. – 2000. −№1533.
3. Кыргыз Радиосу. – 2000. −№1549.
4. Кыргыз Радиосу. – 2002. −№1566.
5. Радиожурналистика: учебник/Под редакцией А.А. Шереля. – М.: Изд-во Московского университета, 2000. /http://dedovkgu.narod.ru/bib/radiozhur.htm (дата обращения: 14. 01.2018)
6. Смирнов В.В. Жанры радиожурналистики/ URL: http://evartist.narod.ru/text9/40.htm (дата обращения: 09.01.2018