0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Шеваҳои шоиронаи корбурди таъбироти хоси фарҳанг ва ирфони ҳиндӣ дар девони Бедил

Муаллиф (он)

Нурали Нуров

Чакидаи мақола

Дар ин мақола саъй шудааст, ки ҷойгоҳи истилоҳот ва мафоҳими ирфон ва фарҳанги ҳиндӣ дар “Девон”-и Бедил мавриди баррасӣ ва таҳқиқ қарор бигирад. Муаллифи мақола дар замина омўзиши ин мавзўъ муқаррар намудааст,ки дар назариёти ирфонии Бедил таъсири ҷараён ва мактабҳои фикриву фалсафии ҳиндӣ таъсири равшан дорад, ки ин аз истифодаи зиёди истилоҳоти онҳо равшан мегардад. Бар асоси таҳқиқи мавзўъ муаллиф ба хулосае расидааст, ки Бедил бо баҳрагирӣ аз мафоҳим ва истилоҳоти фарҳанг ва ирфони ҳиндӣ дар каломи хеш мазмун ва маъниҳои шоиронаву орифонае офаридааст, ки ин матлаб ҳам ба ҳунари шоирӣ ва ҳам афкори барҷастаи фалсафиву ирфонии ў таъкид меварзад.

Калидвожаҳо

Бедили Деҳлавӣ, фарҳанги ҳиндӣ, ваҳдати вуҷуд, сулҳи кулл, хомўш нишастан, нафас сўхтан, пон 

Пайнавишт

1.     Деҳлавӣ, Бедил. Куллиёт. Тасҳеҳи Холмуҳаммади Хаста ва Халилуллоҳи Халилӣ. Ба кўшиши Баҳман Халифаи Баноравонӣ. Иборат аз панҷ ҷилд. Ҷилди 1, бахши 1./М. Бедил- Теҳрон, Тилоя, 1389.- 798 c.

2.     Деҳлавӣ, Бедил. Куллиёт. Тасҳеҳи Холмуҳаммади Хаста ва Халилуллоҳи Халилӣ. Ба кўшиши Баҳман Халифаи Баноравонӣ. Иборат аз панҷ ҷилд. Ҷилди 1, бахши 2./М. Бедил- Теҳрон, Тилоя, 1389.- 802 c.

3.     Рашшод, Муҳаммад. Фалсафа аз оғози таърих. –Душанбе: Ирфон, 1990. -400 с.

4.     Салоҷуқа, Парвин. Нақди навин дар ҳавзаи шеър. - Теҳрон, интишороти Марворид, 1389. 348 с.

5.     Хушгў. Биндробан Дос.Сафинаи Хушгў.Дафтари солис. Ба кўшиши Саид Шоҳмуҳаммад Атоурраҳмон, Ато Кокуӣ.Патна,Биҳор, 1959 ҳ.400. с.

6.     Ҳодӣ, Набӣ. Мирзо Абдулқодири Бедил. -Теҳрон: 1374. – 208 с.

7.     Шарвонӣ, Риёз Аҳмад. Ғании Кашмирӣ.-Кобул:1379.-308 с.

Шод, Муҳаммад Подшоҳ.Фарҳанги ҷомеаи форсӣ.ҷ.1. Теҳрон, китобфурўшии Хайём, 1363. – 848 с. 

Таърихи нашр

Четверг, 22 Февраль 2018