Дар мақола вижагиҳои достони Исои Масеҳ дар шарҳи “Тоҷу-т-тароҷим”-и Шоҳфури Исфаройинӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Қайд гардидааст, ки достони Исои Масеҳ дар шарҳи мазкур бо вуҷуди на он қадар муфассал будан, аз ҷаззобияти махсус бархурдор мебошад. Шоҳфури Исфаройинӣ зимни нақли достони Исои Масеҳ усулҳои хосаро истифода кардааст, ки онҳо дар тафосири дигар ба назар намерасанд. Муаллиф ба нақши шуруҳи Қуръон, аз ҷумла “Тоҷу-т-тароҷим” ба интишори достони Исои Масеҳ дар адабиёти форсу тоҷик диққати махсус додааст. Дар асоси мисолҳои фаровон аз эҷодиёти шоирони машҳури адабиёти форсу тоҷик, ба мисли Ҷалолуддини Румӣ, Ҳоқонии Шарвонӣ ва дигарон собит гардидааст, ки достони Исо ва Марям сарчашмаи талмеҳоти ҷаззобу аҷиб шудааст. Қобили қайд аст, ки шоирони форсу тоҷик ба Марями бикр ва дами Исо дилбастагии хосе зоҳир кардаанд.
Исои Масеҳ,Тоҷу-т-тароҷим, Шоҳфури Исфаройинӣ, тафсир, Мавлоно Румӣ, Хоқонии Шервонӣ, робитаи адабӣ
1. Ардалон Xавон Алӣ. Таҷаллии шоиронаи асотир ва ривоёти таърихӣ ва мазҳабӣ дар ашъори Хоқонӣ.- Машҳад, 1381.- 351 с.
2. Бахше аз тафсире куҳан ба порсӣ. Тасҳеҳи Муртазо Оятуллозодаи Шерозӣ. -Теҳрон, Интишороти Қибла, 1997. -344 с.
3. Гулшани адаб x 1-2 (Тартибдиҳандагон Камол Айнӣ, Баҳром Сирус, Аълохон Афсаҳзод, Xобул Падалишоев)- Душанбе: Ирфон, 1975. - 432 с.
4. Ғаффорова У. Қиссаҳои “Қуръон” дар “Тарҷумаи “Тафсири Табарӣ”. – Хуҷанд: Ношир, 2004. - 400 с.
5. Шоҳфур, Исфаройин. Тоҷу-т-тароҷим фӣ тафсири-л-Қуръон ли аоҷим. Тасҳеҳи Моил Ҳиравӣ ва Алӣ Акбари Илоҳии Хуросонӣ. -Теҳрон: 1375.
6. Раҳимов И. Достони Мўсо (а) дар тафсирҳои асрҳои Х-ХII. Рисолаи номзадӣ. - Хуҷанд, 2012. -166 с.
7. Ориёнӣ, Қамар. Чеҳраи Масеҳ дар адабиёти форсӣ. - Теҳрон: Муин, 1969, 349 саҳ.
8. Шамисо, Сирус. Фарҳанги талмеҳот (Ишороти асотирӣ, достонӣ, таърихӣ, мазҳабӣ дар адабиёти форсӣ). - Теҳрон: Митро, 1386. -732 с.
9. Румӣ, Ҷалолуддини. Маснавӣ. – Теҳрон: Пиxман, 1373, ҷ. 1-2. - 557 с.
10. Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ-Румӣ. Маснавии Маънавӣ. Бар асоси матни Р.Николсон ва муқобала бо нусхаҳои дигар. Баҳриддин Ализода, Алӣ. Муҳаммадии Хуросонӣ. – Теҳрон: Нашри замон, 2001. -732с.