0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Тасвирҳои парадоксӣ дар ғазалиёти Бедил

Муаллиф (он)

Нуралӣ Нуров

Чакидаи мақола

Дар мақола ҷойгоҳи тасвирҳои мутаноқизнамо ё парадоксӣ дар ғазалиёти Бедил ва нақши ин суханвар дар таҳаввули ин навъ тасовир дар сурати таркиб ва таъбирҳои шоирона мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар ҷараёни баррасии матолиби меҳварӣ муаллиф нахуст муруре ба сайри таърихии зуҳури ин навъ тасовир дар адабиёти ҷаҳон ва мақоми Озоди Балгиромӣ дар кашфи санъати вифоқ ҳамчун ифодакунандаи тасовири парадоксӣ намуда, баъдан нақши Бедилро дар таҳаввули  ин навъ тасвирҳо бар асоси шарҳу тавзеҳи намунаҳои муайяне аз ғазалиёти шоир муқаррар намудааст. Нависандаи мақола ба натиҷае  расидааст, ки ҳарчанд зуҳури нахустин намунаҳои чунин тасовир дар шеъри устод Рӯдакӣ ба чашм расида, баъдан дар қаламрави адабиёти ирфонӣ то ҷое нуфуз ёфтааст, Мирзо Бедил муваффақ бар он гардида, ки бо таҳаввули он  дар каломаш ин навъ тасовирро ба як хусусияти барҷастаи ҳунарии шеъри худ мубаддал созад.

Калидвожаҳо

Бедил, тасвирҳои парадоксӣ, вифоқ, сабки ҳиндӣ, ғазали ирфонӣ, балоғати ҳиндӣ, таркибҳои шоирона

Пайнавишт

1.    Балгиромӣ, МирғуломалииОзод. Ғизолу-л-ҳинд. Мутолеаи татбиқии балоғати ҳиндӣ вафорсӣ. Тасҳеҳи Сируси Шамисо. Теҳрон: Садоимуосир, 1382.– 176 с.

2.    Бедил, Мирзо Абдулқодир. Нусхаи илмӣ-интиқодии ғазалиёт. Ба эҳтимоми Абдулваҳҳоби Фоиз.–Рутердом(Нидерланд): ISKAMP printing, 2018.–740 с.– Ҷ.1.

3.    Бедил, Мирзо Абдулқодир. Нусхаи илмӣ-интиқодии ғазалиёт. Ба эҳтимоми Абдулваҳҳоби Фоиз.–Рутердом(Нидерланд): ISKAMP printing, 2018.–740 с.– Ҷ.2.

4.    Деҳлавӣ, Бедил. Куллиёт. Тасҳеҳи Холмуҳаммади Хаста ва Халилуллоҳи Халилӣ. Ба кӯшиши Баҳман Халифаи Баноравонӣ. Иборат аз чаҳор ҷилд.– Теҳрон: Талоя, 1389.–798 c.– Ҷ.1.–Бахши 1.

5.    Деҳлавӣ, Бедил. Куллиёт. Тасҳеҳи Холмуҳаммади Хаста ва Халилуллоҳи Халилӣ. Ба кӯшиши Баҳман Халифаи Баноравонӣ. Иборат аз чаҳорҷилд.– Теҳрон: Талоя, 1389.– 802 c.– Ҷ.1.–Бахши 2.

6.    Кадканӣ, Муҳаммадризо Шафеӣ. Шоири оинаҳо (баррасии сабки ҳиндӣ ва шеъри Бедил)/ Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ.–Теҳрон: Огоҳ, 1366.–338 с.

7.    Рӯдакӣ. Девон.Таҳия, тасҳеҳ ва сарсухану ҳавошии Қодири Рустам. – Олмотӣ, 2007. - 256 с.

8.    Футуҳӣ, Маҳмуд. Балоғати тасвир.–Теҳрон: Сухан, 1375.–461 с.

9.    Шерозӣ, Ҳофиз. Девон. Таҳияи матн аз Шарифмурод Исрофилниё.–Душанбе: Адиб, 2015.– 480 с.

Таърихи нашр

Суббота, 29 Июнь 2019

Индексатсияи маҷалла

Дӯстони мо

Воридшави ба сомона

2036521
Имрӯз
Рӯзи гузашта
Ҳафтаи ҷорӣ
Ҳафтаи гузашта
Моҳи ҷорӣ
Моҳи гузашта
Ҳама рӯз
250
3106
7047
24639
7212
74244
2036521

Прогноз Сегодня
3816


IP-и Шумо18.204.229.70