0.0/5 овоз (0 овозҳо)

АШЪОРИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ ДАР ФАРҲАНГИ «ЧАРОҒИ ҲИДОЯТ» (таҳлили матншиносӣ)

Муаллиф (он)

Нигматов Н.И.

Чакидаи мақола

Таҳлили матншиносии ашъори Камоли Хуҷандӣ, ки дар фарҳанги «Чароғи ҳидоят»-и Сироҷиддин Алихони Орзу омадааст, сурат гирифтааст. Ҳадафи таҳқиқ муайян намудани басомади ашъори Камол ва тасҳеҳи абёти халалдор дар фарҳанги мазкур аст. Бо истифода аз усулҳои таҳлили назариявӣ, эҳсоӣ-статистикӣ ва муқоисавӣ, 24 мавриди шоҳидории ашъори Камоли Хуҷандӣ ошкор гардидааст. Хатоиҳои роҳёфта дар абёти шоҳид таҳлил ва шакли дурусти онҳо пешниҳод мешавад. Дар поён хулосаҳои муаллиф ба таври мушаххас баён гардидааст. Қайд мегардад, ки ки бо гузашти замон шеваи китобат ва имлои баъзе калимаҳо тағйир меёбад ва бетаваҷҷуҳии мусаҳҳеҳон ба ин нукта матнро халалдор месозад. Таъкид гардида, ки бояд ҳангоми таҳияи матн ба маънову таносуби сухан диққати махсус зиёд равона шавад, то матни таҳиягашта дуруст ва холӣ аз иштибоҳ ба нашр расад.

 

Калидвожаҳо

фарҳанг; матншиносӣ; Камоли Хуҷандӣ; «Чароғи ҳидоят»; Сироҷиддин Алихони Орзу; шоҳид; абёт; тасҳеҳ; нусха; кириллӣ

Пайнавишт

1.    Алихони Орзу, Сироҷиддин. Чароғи ҳидоят / Таҳияи матн бо пешгуфтор, тавзеҳот, феҳрист ва луғатномаи Амон Нуров. –Душанбе: Ирфон, 1992. -288 с.

2.    Алихони Орзу, Сироҷиддин. Чароғи ҳидоят. –Лакҳнав: Нувал Кишур, 1899. -628 с.

3.    Кирмонӣ, Хоҷу. Девони ғазалиёт / Тасҳеҳи Ҳамид Мазҳарӣ. –Теҳрон: Интишороти хадамоти фарҳангии Кирмон, 1378. -469 с.

4.    Кошонӣ, Файз. Девон. -Ҷ.2. –Қум: Интишороти усва, 1381. -702 с.

5.    Нишопурӣ, Аттор. Девон / Тасҳеҳи Тақии Тафаззулӣ. –Теҳрон: Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 1384. -924 с.

6.    Румӣ, Ҷалолуддин. Маснавии маънавӣ. –Теҳрон: Созмони чоп ва интишороти Вазорати иршод, 1373. -1005 с.

7.    Саноӣ, Абулмаҷд Маҷдуд ибни Одам. Ҳадиқат-ул-ҳақиқат / Тасҳеҳи Мударриси Разавӣ. –Теҳрон: Донишгоҳи Теҳрон, 1383. -875 с.

8.    Хуҷандӣ, Камол. Девон (мат¬ни илмӣ-интиқодӣ) / Муқаддима, тасҳеҳ ва таълиқоти Фахриддин Насриддинов. –Хуҷанд: Ношир, 2020. -Ҷ.1. 716 с.; -Ҷ.2. 716 с.

9.    Ҳикмат, Алиасғар. Ҷомӣ (аҳвол ва осор). –Теҳрон: Тӯс, 1386. -410 с.

Таърихи нашр

Суббота, 04 Апрель 2026

Индексатсияи маҷалла

Дӯстони мо

Воридшави ба сомона

8227633
Имрӯз
Рӯзи гузашта
Ҳафтаи ҷорӣ
Ҳафтаи гузашта
Моҳи ҷорӣ
Моҳи гузашта
Ҳама рӯз
1462
3192
18873
20570
49623
92303
8227633

Прогноз Сегодня
8664


IP-и Шумо216.73.216.254