0.0/5 овоз (0 овозҳо)

ТАШБЕҲОТ ЧУН УНСУРИ ИДИОСАБКИ С.АЙНӢ ВА КОРБАСТИ ОНҲО ДАР ТАРҶУМАИ РУСӢ: ТРАНСФОРМАТСИЯ ВА ТАЛАФОТ

Муаллиф (он)

Бобоева М.С.

Чакидаи мақола

Ташбеҳот чун яке аз унсурҳои калидии идиосабки нависандаи тоҷик Садриддин Айнӣ ва вижагиҳои корбасти онҳо дар тарҷумаи русии романи “Дохунда” баррасӣ шудааст. Ташбеҳ дар матни бадеӣ на танҳо вазифаи тасвирию ифоданокиро иҷро мекунад, балки воситаи муҳимми тавсифи персонажҳо, интиқола ҳолати эҳсосӣ, инъикоси бофтори иҷтимоӣ ва воқеияти фарҳангӣ мебошад. Дар бофтори идиосабки Айнӣ конструксияҳои ташбеҳӣ ба сифати ҳомилони ҷаҳоншинохти миллӣ ва аслияти бадеӣ зоҳир мегарданд. Таҳқиқ дар асоси пойгоҳи васеи назариявӣ ба субут расидааст, ҳамчунин фарқи байни мафҳумҳои “шабоҳат” ва “айният”, ки дар семантика ва мантиқи ташбеҳоти шоирона зоҳир мегардад, ба назар гирифта шудааст. Дар таҳқиқ типологияи ташбеҳот дар матни асл ошкор карда, тағйироте, ки дап ташбеҳоти мазкур ҳангоми тарҷумаи мувофиқкунӣ ба вуқуъ пайвастаанд, ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Ба стратегияи асосии тарҷумаи ташбеҳ диққати махсус дода шудааст: стратегияи нигоҳдорӣ ва стратегияи мувофиқкунӣ. Дар намунаи тарҷумаи О.Эрберг нишон дода шудааст, ки интихоби байни стратегияҳои мазкурро бофтор, вазифаи ташбеҳ ва вижагии миллии образ машрут месозад. Натиҷаҳои таҳқиқот барои мутахассисони соҳаҳои назария ва амалияи тарҷума, лингвосабкшиносӣ, адабиётшиносии қиёсӣ ҷолиби диққат аст.

Калидвожаҳо

адабиётшиносии қиёсӣ; компаративистика; алоқаи байни адабиётҳо; тобиши сабкӣ

 

Пайнавишт

1.    Айни С. Дохунда: роман. В 2 т. Т. 2. – Сталинабад: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1960. – 471 с.

2.    Айни С. Дохунда: роман / пер. с тадж. О. Эрберга [предисл. Л. Климовича]. – Москва: Гослитиздат, 1956. – 404 с.

3.    Арутюнова Н. Д. Язык и мир человека / Н. Д. Арутюнова. – Москва: Языки русской культуры, 1998. – XV, 895 с.

4.    Богрова К. М. Устойчивые сравнения в древнерусском тексте: семантика и структура: автореф. дисс. ... канд. филол. наук: 10.02.01 / Богрова Ксения Михайловна; [Место защиты: Иван. гос. ун-т]. – Иваново, 2012. – 22 с.

5.    Ван Я. Онимы в функции сравнения: дисс. ... канд. филол. наук: 10.02.01 / Я. Ван. – Москва, 2002. – 144 с.

6.    Железнова-Липец И. А. Сравнение и метафора как средства создания художественного образа в русских разновременных переводах поэзии Шарля Бодлера: автореф. дисс. ... канд. филол. наук: 10.02.01 / Ирина Аркадьевна Железнова-Липец [Место защиты: Казан. (Приволж.) федер. ун-т]. – Казань, 2011. – 26 с.

7.    Литвинов Ю. В. Типология образности сравнений: на материале русского и английского языков: дисс. ... канд. филол. наук: 10.02.19 / ЛГУ. – Ленинград, 1990. – 237 с.

8.    Мурувватиён Дж. Дж. Роль перевода в развитии жанров и стилей в таджикской прозе 1930–1980-х гг.: анализ и перспективы // Вестник Таджикского национального университета. Серия филологических наук. – 2024. – № 8. – С. 254–264.

9.    Разуваева Л. Вл. Сравнение как средство репрезентации художественной картины мира: на материале русской прозы конца XX – начала XXI веков: автореф. дисс. ... канд. филол. наук: 10.02.01 / Людмила Владимировна Разуваева / [Место защиты: Воронеж. гос. ун-т]. – Воронеж, 2009. – 23 с.

10.Сидорова Е. В. Сравнение: проблема тождества и различия в логике и лингвистике: дисс. ... канд. филол. наук: 10.02.19 / Е. В.  Сидорова. – Пермь, 1999. – 150 с.

Таърихи нашр

Суббота, 17 Октябрь 2026