0.0/5 овоз (0 овозҳо)

ВАЗИФАИ СИНТАКСИСИИ ИСМ ДАР ЗАБОНҲОИ ШУҒНОНӢ, ТОҶИКӢ ВА АНГЛИСӢ

Муаллиф (он)

Иматшоева М.Б.

Чакидаи мақола

Вазифаҳои синтаксисии исм дар забонҳои шуғнонӣ, тоҷикӣ ва англисӣ дар асоси таҳлили муқоисавӣ-типологӣ таҳқиқ ва мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Таҳқиқоти мазкур ба муайян намудани хусусиятҳои умумӣ ва хоси вазифаи исм дар сохтори ҷумла бо дарназардошти фарқҳои типологии забонҳои мавриди муқоиса равона шудааст. Дар тадқиқот ба татбиқи исм дар вазифаҳои синтаксисии мубтадо, пуркунанда, қисми номии хабар, муайянкунанда ва ҳол диққати махсус дода шудааст. Дар ҳар се забони мавриди таҳқиқ исм яке аз ҷузъҳои асосии сохтори предикативии ҷумла ба ҳисоб меравад, вале татбиқи синтаксисии он аз хусусиятҳои сохтори морфологӣ ва тартиби калимаҳои хоси ҳар як забон вобаста мебошад. Ҳам қонуниятҳои умумии вазифаи исм ва ҳам хусусиятҳои хоси ҳар як низоми забонӣ ошкор карда шудаанд, аз ҷумла вижагиҳои мувофиқат, тарзи ифодаи муносибатҳои объективӣ, фаъолияти конструксияҳои муайянкунанда ва ифодаи маъноҳои ҳолӣ карда шудаанд. Таҳлили анҷомдодашуда имконият фароҳам меорад, ки хусусиятҳои умумии синтаксисии исм ва зуҳуроти нодири сохторию морфологии он дар ҳар як забони мавриди таҳқиқ ба таври муқоисавӣ ва равшан арзёбӣ карда шавад.

Калидвожаҳо

наҳв; вазифа; исм; мубтадо; хабар; пуркунанда; ҳол; маъно; сохтор; сарф 

Пайнавишт

1.    Аламшоев М.М., Аламшоев Ш.М., Карамшоев Д. Хуɣнẙни зив грамматика / М. Аламшоев. Дарс китоб. – ВМКБ, 2019. – 253 с.

2.    Бахтибеков Т. Грамматикаи забони шуғнонӣ / Т. Бахтибеков. – Душанбе, 1976 – 78 с.

3.    Забони адабии ҳозираи тоҷик. Лексикология, фонетика ва морфология. Қисми I:/ Китоби дарсӣ барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ. – Душанбе: Маориф, 1973. – 464 с.

4.    Зарубин И.И. Шугнанские тексты и словарь / И. Зарубин. – Москва; Ленинград: Издательство Академии наук СССР, 1960. – 387 с.

5.    Иванова И.П., Бурлакова В.В., Почепцов Г.Г. Теоретическая грамматика современного английского языка/ И.П. Иванова, В.В. Бурлакова, Г.Г. Почепцов. – Москва: Высшая школа, 1981. – 287 с.

6.    Комянова Т. Грамматика английского языка / Т. Комянова. – Москва, 2016. – 765 с. 

7.    Ниёзӣ, Ш. Н. Исм ва сифат дар забони тоҷикӣ / Ш.Н. Ниёзӣ. – Сталинобод, 1954. – 54 с.

8.    Пахалина Т. Сравнительно-историческая морфология памирских языков / Т. Пахалина. -  Москва, 1989. – 543 с.

9.    Рустамов Ш. Исм (категорияҳои грамматикӣ, калимасозӣ, ва мавқеи исм дар системаи ҳиссаҳои нутқ) / Ш. Рустамов. – Душанбе: Дониш,1981. –216 с.

Таърихи нашр

Суббота, 17 Октябрь 2026