Нақш ва мавқеи жанри мусоҳиба дар инъикос, таҳлил ва арзёбии рӯйдодҳои ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Омилҳои сиёсӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ дар аксари мусоҳибаҳои матбуоти даврӣ баррасӣ шудаанд ва афзалияти аксарияти онҳо дар инъикоси дақиқи масъала ва таҳлили амиқи мавзуъ зоҳир мегардад. Дар матбуоти даврӣ вобаста ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон мақолаҳои сершуморе дар жанри мусоҳиба ба нашр расида, як қисми онҳо фарогири масъалаҳои оби тоза ва мушкилоти марбут ба муҳити зист мебошанд. Дар мусоҳибаи «Тоҷикистон - ташаббускори истифодаи оқилонаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба нашр расидааст, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ва таъсири онҳо ба ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ баррасӣ шудааст. Мақоми байналмилалии Тоҷикистон, таваҷҷуҳ ба масъалаҳои об, ҳадафи баргузории конференсияи байналмилалӣ ва масоили ба нақша гирифташаванда баррасӣ шудаанд. Саволҳои хабарнигор ва посухҳои мусоҳиб ба ҳуҷҷатҳои расмӣ дар бораи нақши Тоҷикистон ва ташаббусҳои мамлакат оид ба истифодаи захираҳои об дар сатҳҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ такя мекунанд. Дар бораи таҳаввулоти сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ маълумоти муфассал пешниҳод мегардад. Масъалаҳои экологӣ, оби тоза ва амнияти дастаҷамъӣ масъалаҳои глобалӣ ба шумор мераванд ва ин тамоюли ғоявӣ дар жанри мусоҳиба дақиқан пайгирӣ шудааст.
жанри мусоҳиба; Тоҷикистон; ташаббусҳои кишвар; масъалаҳои ҷаҳонӣ; захираҳои об; иттилоот
I. Источники
1. Багреев, Е. Я. Газетные жанры / Е. Я. Багреев. – Свердловск, 1962. – 230 с.
2. Гумбол, М.Т. Мусоҳиба: иртиботи рӯдаррӯ ва ҳадафдор / М.Т. Гумбол // Рӯзноманигории ҳирфаӣ (Маҷмуаи мақолот). – Теҳрон: Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, маркази мутолеот ва таҳқиқоти расонаҳо, 1378. – С. 143-154.
3. Муродов, М. Б. Асосҳои эҷоди журналистӣ / М. Б. Муродов. – Душанбе: Ирфон, 2014. – 256 с.
4. Нуралиев А. Жанрҳои ахбории журналистӣ / А. Нуралиев. – Душанбе: Ирфон, 2004. – С. 44.
5. Нуралиев, А., Саъдуллоев, А., Усмонов, И., Гулмуродов, У. Журналистикаи советии тоҷик / А. Нуралиев, А. Саъдуллоев, И. Усмонов, У. Гулмуродов. – Душанбе: Ирфон, 1989. – С. 176
6. Усмонов, И. Назарияи публитсистика.–Душанбе, 2009. –110 с.
7. Усмонов, И. Жанрхои публитсистика.–Душанбе, 2009. – 140 с.
8. Салихов, Н. Н. Политическое противостояние в зеркале таджикской публицистики / Н. Н. Салихов. – Душанбе: Ирфон, 2010. – 166 с.
9. Саъдуллоев, А., Давронов, Д., Муродов, М. Асосҳои фаъолияти эҷодии журналист / А. Саъдуллоев, Д. Давронов, М. Муродов. – Душанбе, 2004. – 110 c.
10.Тертычный, А. А. Жанры периодической печати: учебное пособие для студентов вузов / А. А. Тертычный. – 3-е изд., испр. и доп. – Москва: Аспект Пресс, 2006. – 320 с.
11.Шариатпаноҳӣ, Ҳ. Мусоҳибаи матбуотӣ / Ҳ. Шариатпаноҳӣ // Рӯзноманигории ҳирфаӣ (Маҷмуаи мақолот). – Теҳрон: Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, маркази мутолиот ва таҳқиқоти расонаҳо, 1378. – С. 155-164.
12.Шукрхоҳ, Ю. Авомили муассири баргузиниши ахбори хориҷӣ / Ю. Шукрхоҳ // Рӯзноманигории ҳирфаӣ (Маҷмӯаи мақолот). – Теҳрон: Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, маркази мутолиот ва таҳқиқоти расонаҳо, 1378. – С. 85
13.Азимов, А. Воқеияти зиндагӣ ва матбуоти тоҷик / А.Азимов. –Душанбе: Сино, 2000. – 186 с.
14.Якубова М.М. Газетное интервью – интеграция метода и жанра (на примере газет «Джумхурият» и «Вечёрка». 2012–2017 гг.): монография. — Душанбе: ТНУ, 2025. — 176 с.
II. Периодическая печать
1. Джумхурият. - 2010.- 8 июня.