0.0/5 овоз (0 овозҳо)

БАЪЗЕ ВИЖАГИҲОИ ЛУҒАВӢ-МАЪНОИИ ИСТИЛОҲОТИ МАРБУТ БА РУТУБОТИ БАДАНИ ИНСОН ДАР ОСОРИ ТИББИ СУННАТӢ

Муаллиф (он)

Ҳусанбоев Н.А.

Чакидаи мақола

Хусусиятҳои луғавӣ-маъноии истилоҳоти тиббии мансуб ба номи ахлот дар мутуни куҳан дар намунаи “Ҳидоят-ул-мутааллимин-фи-т-тибб”-и Ахавайнии Бухорӣ ва “Махзан-ул-адвия”- Ақилии Хуросонӣ  (охири асри ХVIII) таҳлил гардидааст. Баррасии қиёсии мавқеи истеъмол ва мақоми истилоҳоти тиббии мансуб ба номи рутубот ва ахлот, ки дар сарчашмаҳои куҳану даврони нав ба назар мерасанд, сурат гирифтааст. Истилоҳоти тиббии мазкур аз калимаҳои аслӣ ва иқтибосӣ ташаккул ёфтаанд. хун; савдо; сафро; балғам ба қатори истилоҳоти тиббие, ки намудҳои “ахлот”-ро ифода мекунанд, чунин воҳидҳо аз қабили хун, савдо, сафро, балғам, манӣ, чирк дохил мешаванд. Хулоса шудааст, ки истилоҳоти тиббии мансуб ба асри Х бештар бо калимаҳои аз ҷиҳати сохт сода ифода шудаанд. Дар асрҳои ХVII-ХХ бошад дар забони осори тиббӣ бештар таркибҳо ба кор рафтаанд.

Калидвожаҳо

истилоҳоти тиббӣ; осори тиббии асри X; матнҳои садаҳои XVI-XX; ахлот; хун; савдо; сафро; балғам

Пайнавишт

1.    Бухороӣ, А. Ҳидоят-ул-мутааллимин фи-т-тиб. Таҳияи доктор Ҷалоли Матинӣ / А. Бухороӣ. – Машҳад, 1992. – 914 с.

2.    Деҳхудо, А. Луғатнома. Ҷилдҳои 1-50 / А. Деҳхудо. – Теҳрон: Муассисаи интишорот ва чопи Донишгоҳи Теҳрон, 1340).

3.    Зоҳидов Ҳ. Канзи шифо (нашри дуюм) / Ҳ. Зоҳидов. – Душанбе: Ирфон, 1993. – 720 с.

4.    Зоҳидов Ҳ. Хазинаи тибби қадим / Ҳ. Зоҳидов. –Душанбе: Ирфон, 1990.–624 с.

5.    Кошонӣ М.О. Фарҳанги решаҳои ҳиндуаврупоии забони форсӣ /М.О. Кошонӣ. – Исфаҳон: Донишгоҳи Исфаҳон, 1384. – 552 с.

6.    Муҳаммад Аъзамхон. Иксири аъзам. Ҷилдҳои 1- 4 / Аъзамхон Муҳаммад. – Теҳрон, 1395 ш.

7.    Муҳаммад Ҳусайн Оқили Алавии Хуросонӣ. Махзан-ал-адвия [Матн] / Хуросонӣ Муҳаммад Ҳусейн. – Теҳрон, 1390 ш. – 903 с.) 

8.    Расулов М.Я. Медицинский словарь. Том 1 / М.Я. Расулов. – Душанбе: Ирфон, 1973. – 466 с.; Том 2, 1982. – 461 с.; Том 3, 1983. – 461 с.; Том 4, 1986. – 466 с.

9.    Нафисӣ Алӣ Акбар (Нозим-ул-атиббоъ). Фарҳанги Нафисӣ. / Алӣ Акбар Нафисӣ. – Теҳрон:  Интишороти Хайём, ҷ.1- 5.  1343 ш. – 4022 с.

10.Хонларӣ  Парвиз Нотил. Таърихи забони форсӣ. /   Парвиз Нотили Хонларӣ. Ҷ.1. Чопи дувум, нашри нав. – Теҳрон, 1366; Ҷ.2. – Теҳрон, 1353. – 490 с.

11.Ҳаким Майсарӣ. Донишнома. Дар зери таҳрири Маҳдии Муҳаққиқ. Теҳрон: 1398.-. 325 саҳ. 4.

12.Ҳусайнӣ Шифоӣ Музаффар ибни Муҳаммад. Қарободин / Музаффар ибни Муҳаммад Ҳусайни Шифоӣ// - Теҳрон, 1391. – 323 с.

13. Шерозӣ Ансор Алӣ ибни Ҳусайн. Ихтиёроти бадеӣ / Алӣ ибни Ансори Шерозӣ // Ширкати доруии бахши Розӣ. Ҷ.1. – Теҳрон. Чопи аввал, 1371 ҳ. – 666 с.

Таърихи нашр

Суббота, 17 Октябрь 2026