Хусусиятҳои муҳимми забонӣ ва услубии яке аз намунаҳои барҷастаи насри асрҳои Х-ХI “Шарҳи Таарруф”-и Мутамиллии Бухороӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Таъкид гардидааст, ки то имрӯз ба таҳлили забонӣ ва сабкии “Шарҳи Таарруф” таваҷҷуҳи ҷиддӣ сурат нагирифтааст. Вижагии зерини забонию услубии асари Мустамиллӣ ҷудо карда шудааст: 1. Истифодаи мақолу зарбулмасал дар “Шарҳи Таарруф”; 2. Истифодаи ҳикоёт чун василаи муассир барои шарҳу тавзеҳи афкори ирфонӣ: Дар асар 269 ҳикоя корбаст шудааст; 3. Шарҳу тавзеҳи истилоҳоти ирфонӣ. Зикр шудааст, ки дар китоб қариб тамоми истилоҳоти ирфонӣ шарҳ шудааст. Бинобар ин қариб ҳамаи муаллифони қуруни баъдӣ дар шарҳи истилоҳоти ирфонӣ аз китоб суд ҷустаанд; 4. Истифодаи калимаҳое, ки имрӯз низ мавриди истифода ҳастанд, вале бо мурури замон маънои аслии худро гум кардаанд.
насри тоҷик дар асрҳои Х-ХI, насри ирфонӣ, “Шарҳи Таарруф”-и Мутамиллии Бухороӣ, зарбулмасалу мақол, истилоҳоти ирфонӣ, забон ва услуби “Шарҳи Таарруф”
1. Аттор, Фаридуддин. Тазкират-ул-авлиё. - Ба тасҳеҳи Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ. -Теҳрон: Сухан, 1399.-1956 с.
2. Абдулкарим Қушайрӣ. Рисолаи Қушайрия / Ба тасҳеҳи Абуаль Ҳусайн ибни Аҳмади Усмонӣ. - Теҳрон: Заввор, 1393.-898 с.
3. Бурқаӣ Саидяҳё. “Ковиш дар амсол ва ҳиками форсӣ”.-Теҳрон: Китобфурушии Фурӯғӣ, 1351.-606 с.
4. Мустамиллӣ, Исмоил ибни Муҳаммади Бухороӣ. Шарҳи Таарруф / Тасҳеҳи Муҳаммади Равшан. - Теҳрон: Нашри Асотир, 1365.-2370с.
5. Муҳаммадӣ М., Саффорӣ М.Ш., Самеъзода Р. Ҳикоятпардозӣ – яке аз хусусиятҳои услубии «Шарҳи Таарруф» // Маҷаллаи илмии «Сабкшиносии назму насри форсӣ (Баҳори адаб»). – С. 13, №10 (шумораи пайдарпай: 56), зимистони 1399 (2021). – С. 103–123.
6. Раҳимӣ, Афиф. Масалҳо ва ҳикматҳо дар осори қарни савум то ёздаҳуми ҳиҷрӣ. - Теҳрон: Суруш, 1380.-900 с.
7. Раҳимов Комилҷон. Сарчашмаи тасаввуфи Мовароуннаҳр.-Душанбе: Дониш, 2021.- 367 с.
8. Самеӣ Аҳмад. Фавоиди забонии “Шарҳи Таарруф” / А. Самеӣ // Нашри дониш. – 1371. – № 70. – С.272-281
9. Суҳайлои Юсуфӣ. «Шарҳи Таарруф ли мазҳаб ат-тасаввуф» // Маҷаллаи «Гузориши мерос».- Теҳрон. С 1391. Шумораи 5. С. 158–161.
10.Ҳуҷвирӣ, Али ибн Усмон. Кашф-ул-маҳҷуб. - Ба тасҳеҳи Муҳаммад Обидӣ. - Теҳрон: Суруш, 1383.-1156 с.
11.Ҷомӣ, Абдурраҳмон. Нафаҳот-ул-унс. - Ба тасҳеҳи Маҳмуд Обидӣ. - Теҳрон: Сухан, 1382.-1316 с.