Санъати ҳарбии давраи асримиёнагии тоҷикон дар асари «Одоб-ул-ҳарб-ва-ш-шуҷоат»-и Шариф Муҳаммад Мансур Муборакшоҳ баррасӣ шудааст. Маълумоти Фахриддин Муборакшоҳ бо дигар маъхазҳои асримиёнагӣ ва тадқиқоти муосир таққос ва мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Фахриддин Муборакшоҳ донандаи санъати ҳарб буд ва рисолааш аз ҷониби аҳли илм эътироф гардидааст. Китоби мазкур аз 34 боб иборат буда, қариб ҳамаи он ба таърихи илми ҳарб, санъати ҳарбӣ, яроқу аслиҳа бахшида шудаанд. Муборакшоҳ доир ба санъати ҳарб, тарзи сафороӣ, ҷои дурусти интихоби ҳарб, фиристодани ҷосусон пеш аз оғози ҷанг, дӯстиву ягонӣ дар байни сарбозон ва ғ. маълумоти муфассал додааст. Инчунин дар асари Муборакшоҳ санъати ҳарби Ғуриён ва Салҷуқиён ва рақобати ҳарбии онҳо ба таври муфассал инъикос гардидааст. Асари Фахриддин Муборакшоҳ доир ба санъати ҳарби Мовароуннаҳру Хуросон аҳаммияти махсусро доро буда, таҳқиқу омӯхтани китоби мазкур барои равшан намудани саҳифаҳои нави таърихи ҳарбии асримиёнагии тоҷикон мусоидат хоҳад кард.
Фахриддин Муборакшоҳ, «Одоб-ул-ҳарб-ва-ш-шуҷоат», санъати ҳарбӣ, сохтори лашкар, Ғуриён, Салҷуқиён, таърихи ҳарбӣ
1. Байҳақӣ Абулфазл Муҳаммад ибни Ҳусайн / Таҳиягари матн, муаллифи муқаддима, ҳавошӣ ва феҳристҳо. – Душанбе: Бухоро, 2014.-760 с.
2. Ғавсуддин Мустаманди Ғурӣ. Таърихи мухтасари Ғур / Ғавсуддин Мустаманди Ғурӣ. – Теҳрон, 1387 ш. (2008 м.). – 206 с.
3. Минҳоҷ Сироҷи Ҷузҷонӣ. Табақоти Носирӣ / Бо кӯшиши А. Ҳабибӣ. – Кобул, 1343 ҳ.қ. (1924 м.). – 301 с.
4. Муборакшоҳ Шариф Муҳаммад Мансур. Одоб-ул-ҳарб ва-ш-шуҷоат. / Ба чоп ҳозиркунанда Аҳмад Суҳайлии Хонсорӣ/ Муборакшоҳ Шариф Муҳаммад. – Теҳрон: Иқбол, 1346 ш. (1967). – 692 с.
5. Мубаракшах Шариф Мухаммад Мансур. Адаб-ал-харб ва-ш-шуджаат («Правила ведения войны и мужество»)/ Перевод с классического таджикского (персидского) языка, предисловие и примечания Дж. Наджмутдиновой и С. Шохуморов / Мубаракшах Шариф Мухаммад Мансур. – Душанбе, 1997. – 300 с.
6. Пажвок А. Ғуриён. – Кобул, 1345 ҳ. (1926). – 251 с.
7. Умянков И.И. История Фахреддина Мубаракшаха / И.И. Умянков //Вестник древней истории. – Москва, 1938. - №1 (2). – С. 51-60.
8. Шарипов М.М. Этапы военно-политической деятельности государства Гуридов (1148-1215 гг.): дисс… канд. истор. наук / Шарипов М.М. – Худжанд, 2021. – 197 с.
9. Шарипов М.М. Военно-политическая история государства Гуридов (1148-1215 гг.) / Шарипов М.М. – Худжанд: Дабир, 2023. – 220 с.
10.Босфорд Эдмонд Клиффорд. Ғазнавиёни мутаахир /Тарҷумаи Абдулваҳоби Фаноӣ / Босфорд Эдмонд Клиффорд. – Кобул: Афғонистон, 1367ҳ. (1947 м.). – 501 с.