0.0/5 овоз (0 овозҳо)

ИСЛОҲОТИ АГРАРӢ ДАР СОЛҲОИ 60-УМИ АСРИ ХХ ДАР ТОҶИКИСТОН

Муаллиф (он)

Абдурашитов Ф. М.

Чакидаи мақола

Хусусиятҳо ва тамоюлҳои ислоҳоти аграрӣ дар Тоҷикистон дар давраи баъд аз барқарорсозии баъдиҷангии кишоварзии Тоҷикистон баррасӣ шудаанд. Шарҳи мухтасари заминаҳои таърихии татбиқи сиёсати аграрии ИҶШС дар солҳои 60-уми асри ХХ дар Тоҷикистон, дар ҳаёти иқтисодии ҷумҳурӣ ислоҳоти калон оғоз ёфтааст, дар асоси маводи боварибахш оварда шудааст. Зикр шудааст, ки ислоҳоти соли 1965 бояд ба иқтисодиёти директивӣ дахолат накарда, мустақилияти корхонаҳоро вусъат медод, ба онҳо имконият медод, ки фоидаро идора кунанд, омилҳои ҳавасмандгардонии моддии истеҳсолкунандагонро аз натиҷа ва сифати кор таъмин кунанд. Дар хусуси чӣ тавр амалӣ шудани ислоҳот ва таъсири азнавсозиҳои аграрӣ дар ҳаёти меҳнаткашони кишоварзииТоҷикистон хулосаҳои илмӣ - назариявӣ пешниҳод шудааст. Аз ҷумла зикр гардидааст, ки солҳои 1960 - 1970 дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ба шарофати ислоҳоти сохторӣ дар асоси ҷорӣ намудани механизмҳои нави идоракунӣ ва ислоҳоти сохторӣ дараҷаи моддии зиндагонии колхозчиён хеле баланд шуд. Яке аз омилҳои рушди иқтисодиёти колхозу совхозҳои Тоҷикистон дар солҳои I964 - 1966 вусъати мусобиқаи сотсиалистӣ буд, ки дар ин давра ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ якчанд баробар афзудааст.

Калидвожаҳо

сиёсати аграрии ИҶШС, ислоҳоти аграрии соли 1965, иқтисодиёти директивӣ, истеҳсоли пахта, мусобиқаи сотсиалистӣ, колхоз, истеҳсолоти совхозӣ

Пайнавишт

1.    Бойгонии давлатии таърихи навтарини Тоҷикистон (минбаъд БДТНТ). – Х.З. - Р.215. - П.29. - В.13.

2.    БДТНТ.   Х.з. - Р.215. - П.29. - В.15.

3.    БДТНТ. – Х.16. - Р.19. – П.14. – В.17.

4.    БДТНТ. – Х.16. – Р.10. – П.43. – В. 10.

5.    Бойгонии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Х.1.-Р.1 – П.2017. – В. 44-48.

6.    Бойгонии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Х. 10. – Р. 16. – П.1. – В. 319.

7.    Бойгонии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Х.1. – Р.20. – П.68. – В.113.

8.    Коммунист Таджикистана. – 1966. – 3 марта.

9.    Народное хозяйство Таджикской ССР в 1985 г. – Душанбе: Ирфон, 1986.– С. 122, 341.

10.Решения партии и правительства по хозяйственным вопросам (1917-1967). – Москва, 1968. – Т. 5. – С. 609-610. – 754 с.

11.Решения партии и правительства по хозяйственным вопросам (1966 - июнь 1968 года). – Москва, 1968. – 816 с.

12.Собрание постановлений правительства Таджикской ССР. – Душанбе, 1969. – № 4 (120). – С. 47. - 137с

13.Советский Таджикистан за 50 лет. -Душанбе: Ирфон, 1975.  – 287 с.

14.Справочник партийного работника. – 1964. – Вып.5. – 446 с.

15.Сельское хозяйство Таджикистана. – 1981. – № 3. – С. 46-47.

16.   XIX съезд Коммунистической партии Таджикистана. Стен. отчет. – Душанбе, 1981. – 668 с.

Таърихи нашр

Среда, 29 Октябрь 2025