Баъзе масъалаҳои муайян намудани нишонаҳои хоҷагии бою кулакҳо, ки барои минбаъд барҳамдиҳӣ ва зери таъқибу фишорҳои гуногун мондани чунин хоҷагиҳо асос мегардид, таҳқиқ шудааст, ки яке аз саҳифаҳои норавшани гузаштаи таърихии халқи тоҷик мебошад. Таъкид шудааст, ки дар деҳоти тоҷик ва собиқ давлати шуравӣ солҳои 1918 -1930 хоҷагии бою кулакҳо дар асоси рӯйхати шахсони аз ҳуқуқи интихоботӣ маҳрумшуда, ба таври инфиродӣ андозсупоранда, меҳнати кирояро истифодабаранда ва шахсони аз ҳисоби даромади муфт зиндагикунанда муайян карда мешуданд, нишонаҳои хоҷагиҳои деҳқонии кулакӣ аз ҷиҳати ҳуқуқӣ мушахас нагардида буданд ва тибқи меъёрҳои гуногун муайян карда мешуданд. Зикр гардида аст, ки ҳаҷми андози супоридаи хоҷагӣ дар аксар мавридҳо боиси аз ҳуқуқи интихоботӣ маҳрум шудани соҳиби он мегардид ва ба деҳқони бо ягон сабаб аз ҳуқуқи интихоботӣ маҳрум шуда, фавран андози инфиродӣ муайян карда шуда, хоҷагии вай ба рӯйхати хоҷагиҳои “кулакӣ” дохил мегардид. Минбаъд чунин хоҷагиҳо барҳам дода шуда, сардорони хоҷагӣ ва аъзоёни он аз ҳуқуқҳои гражданӣ ва конститутсионӣ, ҳуқуқҳои интихоботӣ маҳрум мегардиданд ва мавриди таъқиботи ғайрисудӣ қарор мегирифтанд. Барҳамдиҳии хоҷагии бою кулакҳо тибқи директиваҳои мақомоти партиявӣ, комиҷроияҳо, фармонҳои ОГПУ, сиркулярҳои комиссарҳо, санадҳои зерқонунӣ ва маҳаллӣ амалӣ карда мешуд.
хоҷагиҳои кулакӣ, маҳрум намудан аз ҳуқуқ, ҳуқуқи интихоботӣ, коллективонии умумӣ, деҳқонон, андози инфиродӣ, меҳнати кироя, хоҷагии якка ҳуқуқҳои интихоботӣ
1. Иваницкий Н.А. Коллективизация и раскулачивание (начало 30-х годов): учебное пособие для гуманитарных вузов.Изд.2-е, дополненное и переработанное / Иваницкий Н.А. – Москва: Магистр, 1996.
2. История крестьянства в СССР Т.2. - Москва: Наука, 1986.
3. Ковалёв Д. В. Раскулачивание. Большая российская энциклопедия (bigenc.ru) / Ковалёв Д.В. / Дата публикации: 16 декабря 2022 г.
4. Кодекси Ҷиноятии РСФСР соли 1926 // Собрание законодательства 1926. - №9. ст. 71.
5. Коммунист Таджикистана. - 1931. - 31 марта.
6. Краткий политический словарь. – Москва: Изд. политической литературы, 1978.
7. Курицын В.М. История отечественного государства и права 1929 г.-22 июня 1941 г. / Курицын В.М. – Москва, 2009.
8. Қарори СКХ СССР “Дар бораи нишонаҳои хоҷагиҳои кулак, ки Кодекси қонунҳо оид ба меҳнат татбиқ мегардад” аз 21 майи соли 1929 // Манбаъ: «http://ru.wikipedia.org/wiki/.
9. Мифы истории СССР. Электронный ресурс: http//wiki.istmat.info / миф: кулаки (дата обращения 06.02.2015).
10.Низомнома “Дар бораи андози ягонаи хоҷагии қишлоқ барои солхои 1929/30“ аз 20 феврали соли 1929 // Собрания законодательства СССР. - 1929. - №12. - Ст.103.
11.Низомномаи КИМ ва СКХ СССР “Дар бораи андози ягонаи хоҷагии қишлоқ барои солҳои 1928-1929” 21 апрели 1928 // Собрание законодательства СССР. – 1928. - №24. - Ст. 212.
12.Ожегов С.И., Шведова Н.Ю. Толковый словарь русского языка. – Москва: ООО”АТЕМП”, 2010.
13.Очерк истории колхозного строительства в Таджикистане (1917-1965 гг.). – Душанбе: Дониш, 1968.
14.Очерки истории Коммунистической партии Таджикистана/ Ин-т истории партии при ЦК КП Таджикистана. Филиал Ин-та марксизма-ленинизма при ЦК КПСС. 3-е изд. – Душанбе, 1977.
15.Постановление Политбюро ЦК ВКП(б) «О мероприятиях по ликвидации кулацких хозяйств в районах сплошной коллективизации» от 30 января 1930 г.
16.Таъиноти Суди Олии Федератсияи Россия аз 30.03.1999 № 31-В98-9.
17.Тоҳиров Ф.Т. Инкишофи ҳуқуқ дар Тоҷикистон / Тоҳиров Ф.Т. – Душанбе: Ирфон, 1994.
18.Трагедия советской деревни: коллективизация и раскулачивание. Документы и материалы. 1927-1939. В 5-ти томах. /Т.2. Ноябрь 1929-декабрь 1930. – Москва: РОССПЭН, 2000.
19.Трагедия среднеазиатского кишлака: коллективизация, раскулачивание, ссылка. 1929-1955 гг.: Документы и материалы.Т.1 / Сост. Р.Т. Шамсутдинов, Б.М. Расулов. - Ташкент: Шарқ, 2006.
20.Фармони ОГПУ СССР таҳти № 44/21 аз 2 феврали соли 1930 // Манбаъ: http://sovdoc.rusarchives.ru
21.Шамсутдинов Р. Узбекистонда советларнинг кулоклаштириш сиёсати ва унинг фоҷеали оқибатлари / Шамсутдинов Р. – Тошкент: Шарқ, 2001.