0.0/5 овоз (0 овозҳо)

СИЁСАТИ ЯККАЗИРОАТИИ ПАХТА ДАР ТОҶИКИСТОНИ ШУРАВӢ

Муаллиф (он)

Абдурашитов Ф.М.

Чакидаи мақола

Хусусиятҳо ва тамоюлҳои сиёсати якказироатии пахта дар Тоҷикистон дар давраи барқарорсозии баъдиҷангии кишоварзии Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Шарҳи мухтасар дар бораи заминаҳои таърихии татбиқи сиёсати империяи Русия оид ба якказироатии пахта аз нимаи дуюми асри XIX дар Осиёи Миёна, татбиқи лоиҳаи азими Ҳукумати Шуравӣ дар Тоҷикистон барои ноил шудан ба истиклолияти пахта пешниҳод гардидааст. Мазмуни асосии мақоларо тезиси илмӣ-назариявӣ дар хусуси он ки, бо вуҷуди тамоми кӯшишҳо империяи Русия то инқилоби Октябр истиклолияти пахтаро таъмин карда натавонист, ташкил кардааст.Ҷанги якуми ҷаҳонӣ,  инқилобҳои солҳои 1905-1907 ва 1917 ба ҳукумати подшоҳӣ имкон надоданд, ки яке аз лоиҳаҳои азими иқтисодии худ — якказироатии пахтаро дар Осиёи Миёна  амалӣ гардонад. Танҳо ба Ҳокимияти Шуравӣ муяссар гардид, ки бо роҳи азхуд кардани даҳҳо ҳазор заминҳои ташналаби Осиёи Миёна, аз ҷумла дар  Тоҷикистон истиқлолияти комили пахтакорӣ ба даст оварад.Дар солҳои 1946—1960, яъне дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ба туфайли мунтазам тайёр кардани кадрҳои пуртаҷрибаи кишоварзӣ, мутахассисони касбҳои агротехникӣ, механизаторони аз ҷиҳати техникӣ соҳибихтисос ва ғайра ба амалӣ гардидани сиёсати якказироатии пахта дар Тоҷикистон саҳми калон гузошта шуд. Маҳз дар солҳои баъд аз ҷанг ба шарофати ислоҳоти сохторӣ дар асоси муттаҳид намудани хоҷагиҳои хурди камсамар колхозҳои пахтакор назаррас мустаҳкам гардида, дараҷаи моддии зиндагонии колхозчиён хеле баланд шуд.

Калидвожаҳо

пахта, яккзироатии пахта, азнавсозии баъдиҷангӣ, колхоз, истеҳсолоти совхозӣ, ислоҳот, муттаҳидкунӣ, кишоварзӣ, кадрҳои кишоварзӣ

Пайнавишт

1.    Баходурова Ф.Ш. Исторический опыт восстановления и дальнейшего развития аграрного сектора в Северном Таджикистане (1946-1961 гг.): дисс…канд. истор. наук / Ф.Ш. Баходурова. – Душанбе, 2020. – 189 с. 

2.    Государственный архив новейшей истории Таджикистана. – Ф.3. – Оп.4. – Д.976. – Л.107;  Ф.3. - Оп.70. – Д.9. – Л.40; Ф.3. – Оп.100. – Д.255. – Л.21.

3.    Закон «О пятилетнем плане восстановления и развития народного хозяйства Таджикской ССР на 1946-1950 гг.». – Сталинабад, 1946. –  108 с.

4.    История Таджикской ССР / Под ред. Б.А. Антоненко. – Душанбе : Маориф, 1983. – 397 с.

5.    История таджикского народа. Т.3. – Москва: Восточная литература, 1963-1965. – 468 с.

6.    Козачковский В. Таджикская ССР в первой послевоенной пятилетке (1946-1950 гг.) //Материалы к истории таджикского народа в Советский период. – Душанбе, 1954. – 443 с.

7.    Возросла урожайность //Коммунист Таджикистана. 1 января 1953 г.

8.    Народное хозяйство Таджикской ССР в 1959 г. / Статистический сборник. – Сталинабад, 1960. – 341с.

9.    Очерк истории колхозного строительства в Таджикистане (1917-1965 гг.). – Душанбе, 1968. – 432 с.

10.Очерки истории народного хозяйства Таджикистана. – Душанбе: Дониш, 1967. – 493 с.

11. Таджикистан за 40 лет / Статистический сборник. – Душанбе, 1970. – 241 с.

12.ЦГА Республики Таджикистан. – Ф. 20. – Д. 1214. – Л. 59.

Таърихи нашр

Среда, 26 Июнь 2024