0.0/5 овоз (0 овозҳо)

ОШНОИЗУДОӢ ДАР ЭҶОДИЁТИ СОИБИ ТАБРЕЗӢ

Муаллиф (он)

Ӯрунова М.Р.

Чакидаи мақола

Кӯшиш ба харҷ дода шудааст, ки ашъори намояндаи барҷастаи сабки ҳиндӣ Соиби Табрезӣ марбутан ба ҳунарсозаи калидии формализми русӣ “ошноизудоӣ” (“остранение”), ки назарияи онро Виктор Шкловский дар оғози қарни ХХ матраҳ сохта буд ва он ҳам дар Ғарб ва ҳам дар Шарқ ҷонибдорони зиёд пайдо кард, ба риштаи таҳлил кашида шавад. Дар эҷодиёти Соиби Табрезӣ ошноизудоӣ пеш аз ҳама дар маъниофаринию мазмунсозӣ зоҳир мегардад. Шоир ба калима тобишҳои маъноию услубии нав эҳдо мекунад, тавоноии нав мебахшад ва бо ин роҳ мазмуни тоза меофарад. Қайд шудааст, ки нисбат ба намояндагони сабкҳои хуросониву ироқӣ, шоирони сабки ҳиндӣ бештар ба ошноизудоӣ тамоюл зоҳир мекунанд. Соиби Табрезӣ дар байни шоирони сабки ҳиндӣ устоди мумтози ҳунарсозии ошноизудоӣ ба шумор меравад, зеро ӯ офариниши маънии бегонаро ба авҷи аъло расонидааст. Соиб дар ғазалҳояш калимаҳои худсохтеро истифода кардааст, ки заминаи тавлиди мазмуни нав гардидаанд. Аз ҷумла барои ифодаи мафҳуми “дунё” кинояҳои зиёди ғайривоқеӣ, аз қабили “шишахона”, “ваҳшатсаро” ва ғайраро ба кор бурдааст. Таъкид шудааст, ки Соиби Тарезӣ беш аз ҳама дар санъати талмеҳ ошноизудоӣ кардааст. Дар офариниши маъниҳои бегона нақши асосиро тағйири зовияи дид бозидааст. Пас аз талмеҳ Соиб аз ҳама бештар санъатҳои бадеии ташбеҳ ва ташхисро корбаст кардаст.

Калидвожаҳо

Виктор Шкловский, формализм, эҷодиёти Соиби Табрезӣ, ошноизудоӣ, санъатҳои бадеӣ, талмеҳ, ташбеҳ, ташхис

Пайнавишт

1.    Даштӣ, Алӣ. Нигоҳе ба Соиб / Алии Даштӣ. Чопи севум. – Теҳрон: Интишороти Асотир,1364. - 219 с.

2.    Девони Анварӣ. Таҳияи Расул Ҳодизода. – Душанбе: Ирфон, 1972. – 260 с.

3.    Девони Соиб. Иборат аз шаш ҷилд. Ба кӯшиши Муҳаммад Қаҳрамон. – Теҳрон: Интишороти илмиву фарҳангӣ, 1391. – 3677 с.

4.    Ганҷавӣ, Низомӣ. Девони қасоид ва ғазалиёт. Бо муқаддима ва тасҳеҳи Саид Нафисӣ. – Теҳрон: Фуруғӣ, 1362. – 395 с.

5.    Ёдкарди Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯ. Маҷмуи мақолаҳо. Хуҷанд: Наргис, 1993. – 104 с.

6.    Кадканӣ, Муҳаммадризо Шафеӣ. Растохези калимот [Дарсгуфторҳое дар бораи назарияи адабии суратгароёни рус]. Муқаддима, тасҳеҳ, шарҳу тавзеҳот ва замимаи Шодимуҳаммад Суфизода. – Душанбе: Нашри файз, 2023. – 399 с.

7.    Маонӣ, Аҳмад Гулчин. Фарҳанги ашъори Соиб / Аҳмад Гулчини Маонӣ.- Теҳрон: Муассисаи мутолиот ва таҳқиқоти фарҳангӣ, 1364. – 1652 с.

8.    Муҳаммадӣ, Муҳаммад Ҳусайн. Бегона мисли маънӣ (нақду таҳлили шеъри Соиб ва сабки ҳиндӣ) / Муҳаммад Ҳусайни Муҳаммадӣ. – Теҳрон: Нашри Митро, 1374. – 286 с.

9.    Муҳаммадӣ, Муҳаммад Ҳусайн. Ошноизудоӣ дар ғазалиёти Шамс. / Муҳаммад Ҳусайни Муҳаммадӣ // Маҷаллаи илмии Пажӯҳиши шеърпажӯҳишӣ [Бӯстони адаб]. Донишгоҳи Шероз. - 1399. - №3.

10.Соиб. Мунтахабот. Мураттибон Аҳрорӣ З., Шералӣ Л. – Душанбе: Ирфон,1980. – 703 с.

11.Фарҳанги забони тоҷикӣ. Иборат аз ду ҷилд / дар зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ. - Москва: Советская энциклопедия, 1969. – Ҷ.1. А – О.

12.Шайх Камоли Хуҷандӣ. Девон. Муқаддима, тасҳеҳ ва таълиқоти Фахриддин Насриддинов. Иборат аз ду ҷилд. – Хуҷанд: Ношир, 2020. – 1431 с.

13.Шарипов Ш.Р. Сохторшикании Зуҳурии Туршезӣ дар талмеҳ / Ш.Р.Шарипов // Маҷ. Ахбори ДДҲБСТ. – Хуҷанд, 2021. - № 4(89). – С. 52-63.

 

Таърихи нашр

Среда, 26 Июнь 2024