Таърихи пайдоиш, шаклгирӣ ва рушди журналистикаи шаҳрвандӣ пайгирӣ шудааст. Тафсири мухтасари ақида ва нуктаи назари олимони хориҷӣ ва ватанӣ доир ба мавзуи мавриди баррасӣ пешниҳод гардидааст. Зикр шудааст, ки омили асосии пайдоиш ва шаклгирии журналистикаи шаҳрвандӣ рушди бесобиқаи илм ва технология дар охири садаи ХХ ва оғози ХХI, пеш аз ҳама пайдоиши интернет ва васоити навтарини иртибот ба ҳисоб меравад. Қайд карда мешавад, ки журналистикаи шаҳрвандӣ дар Амрико ва кишварҳои Ғарб оғоз ёфтааст. Аксари мутахассисон пайдоиши журналистикаи шаҳрвандиро бо ин ё он воқеа ё фоҷиаҳои бузург, ки дар оғози аср дар Амрико, Аврупо ва Осиё рух дода буданд алоқаманд медонанд, ки дар инъикоси онҳо шоҳидони бевосита бо истифода аз воситаҳои иртиботии дар ихтиёрдоштаашон машғул гаштаанд. Қайд карда мешавад, ки дар Тоҷикистон журналистикаи шаҳрвандӣ нисбатан дертар, тахминан дар оғози даҳаи дуюми асри ХХI пайдо гардидааст. Маҳз дар ҳамин давра, аз як тараф, аҳолӣ ба шабакаи Интернет ва, аз ҷониби дигар, ба воситаҳои муосири иртибот дастрасии бештар пайдо кард. Мафҳумҳои асосии журналистикаи шаҳрвандӣ бо забони англисӣ ва муодилҳои онҳо бо забонҳои русию тоҷикӣ оварда шудаанд. Изҳори ақида шудааст, ки аз нуҳ истилоҳе, ки ҷараёни дар журналистика навро номгузорӣ кардаанд, журналистикаи шаҳрвандӣ ва журналистикаи мушорикат нисбатан серистеъмоланд.
шаклҳои нави журналистика, журналистикаи шаҳрвандӣ, таърихи журналистикаи шаҳрвандӣ, журналистикаи мушорикат, Интернет, воситаҳои иртибот
1. Gillmor D. We the Media. Grassroot Journalism By the People, For the People // O’Reilly.com. URL: http://oreilly.com/catalog/wemedia/book/index.csp(датаобращения 02.04.2024, датавыходаоригинальнойкниги: 01.2004).
2. Merritt, D., McCombs, M. The two w’s of journalism: The why and what of public affairs reporting. - Mahwah, NJ: Lawrence Erlbaum.2004. -156p.
3. Миллер Э. Шарлотский проект. Как помочь гражданам взять демократию в свои руки. М., 1998. // URL: https://studfile.net/preview/8255563/page:2/#8255563 (дата обращения 19.06.24)
4. Дзялошинский И.М. Журналистика соучастия. Как сделать СМИ полезными людям. - М., Престиж, 2006. - 104 с.
5. Алексеева А.О. “Народная журналистика” и “депрофессионализация” СМИ / А.О. Алексеева // Вестник Московского Университета. Серия 10. Журналистика. - 2006. -№ 6. –С. 80-84.
6. Пустовалов А.В., Березина И.А. Новые формы журналистики во взаимодействии с гражданским обществом / А.В. Пустовалов, И.А.Березина. // Вестник Московского Университета. Серия 10. Журналистика. - 2013. - № 1. –С. 40-51)
7. Хлебникова Н.В. Гражданская журналистика: к истории становления термина/ Н.В. Хлебникова // Электронный научный журнал «Медиаскоп», 2011, №3 (дата обращения 21.04.24).
8. Евтуш О.А. Гражданская журналистика как тип коммуникативной стратегии региональной прессы // Социальный PR и социальная реклама: опыт и новаторство. Материалы II Междунар. науч.-практ. конф. 2009. Май, 21 / Под ред. О.П. Чернеги. - Барнаул, 2009. - С. 78–87.
9. Чернега О.П. Гражданская журналистика: характерные черты и методы /О.П. Чернега// Социальная журналистика: профессия и позиция. - М., 2005.- С. 29–35.
10.Рахимов А.А. Роль и значение периодической печатиРеспублики Таджикистан периоданезависимости в формированиигражданского общества: автореферет диссертации на соискание ученной степени доктора филологических наук: 5.9.9 / Рахимов Абдухамит Абдибосирович. - Душанбе, 2023. - 51с.
11.Красноярова О.В. Гражданская журналистика как стимул развития профессиональной журналистики / О.В. Красноярова // Вопросы теории и практики журналистики. -2013. - №1. - С. 121-125.
12.Рахимов А.А., Бабаева Ф.Б. Аналитические жанры журналистики в контексте освещения проблем гражданского общества/ А.А. Рахимов, Ф.Б. Бабаева // Вестник университета (Российско-Таджикский (Славянский) университет). -2023. - №1(79). – С.173-185
13.Муллоев Ш.Б., Раҳимов А.А. Размышления о «гражданской» и профессиональной журналистике. / Ш.Б. Муллоев, А.А. Раҳимов // Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ. -2022- №3(98).- С.188-191
14.Гайсина Л. Гражданские журналисты в Казахстане и Таджикистане рассказывают важные истории как они боролись с «Ковид-19» [Электронный ресурс]. – Режим доступа: http://newreporter.org›…grazhdanskie…v…i-tadzhikistane… (дата обращения 05.05.2024)
15. Ҳисоботи тадқиқотӣ. Муайян кардани афзалиятҳои расонавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ТВ, радио, нашрияҳои чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо. - Душанбе, -2024. - 90с. [Манбаи электронӣ].
16.Словарь иностранных слов. 18-е издание, стереотипное. – М.: Русский язык, 1989. -622 с.