Зинаҳои таърихии ташаккули мактаби сарояндагӣ ва бастакории Хуҷанд, решаҳои ҳунарӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии рушди ҳунари мусиқӣ дар водии Фарғона дар нимаи аввали асри XX мавриди таҳлил ва таҳқиқ қарор гирифтааст. Зикр шудааст, ки дарнимаи аввали асри ХХ анъанаҳои қадимии мусиқии ҳирфаӣ ва услуби хоси сарояндагиву бастакорӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд ва мавзеъҳои атрофи он васеъ маъмул гардида буданд, таҳти таъсири таҳаввулоти назарраси иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ба марҳилаи нави рушду нумӯи худ ворид шудаанд. Ба нақши яке аз ҳунармандони маъруфи асри ХIХ Бузургхон-тӯра, ки дар ташаккули анъанаҳои нави мактаби навозандагӣ ва мақомсароии Хуҷанд таъсири назаррас расондааст, рӯшанӣ андохта шудааст. Таъкид шудааст, ки ҳунарманди маъруфи тоҷик Содирхон Ҳофиз дар назди Бузургхон-тӯра на танҳо ҳунари мусиқӣ, балки созтароширо низ ёд гирифтааст. Пайвандҳои ҳунарии устодони мусиқии Бухорою Самарқанд ва водии Фарғона, аз ҷумла Хуҷанд муайян карда шудаанд. Хулоса шудааст, ки яке аз хусусиятҳои муҳимми мактаби мақомсарии Хуҷанд эҷодкорона идома додани суннатҳои “Дувоздаҳмақом” мебошад, ки дар ин бора намунаҳои нодири қадими “Гулёри Содирхон”, “Шаҳнози Содирхон”, “Қашқарчаи Содирхон”, “Дилхароши Содирхон” ва ғайра шаҳодат медиҳанд.
Бузургхон-тӯра, Содирхон Ҳофиз, мусиқии ҳирфаӣ, “Дувоздаҳмақом”, “Гулёри Содирхон”, “Шаҳнози Содирхон”, бастакорӣ
1. Вамбери А. Путешествие по Средней Азии. – Москва, 1867. – 317 с.
2. Вызго Т.С., Музыкальные инструменты Средней Азии. – Москва: Музыка, 1980. – 191 с.
3. Ғафуров Б. Тоҷикон. – Душанбе: Ирфон, 2010. – 866 с.
4. Матёқубов О. Мақомот. Тошкент: “Мусиқа” нашриётӣ, 2004. – 400 с.
5. Неъматов Н., Нурҷонов Н. Ҳофизи шӯҳратманд // Шарқи Сурх. - 1958. - № 6 (июнь). – С. 143.
6. Раджабов И. Формы бытования “Шашмакома” // Профессиональная музыка устной традиции народов Ближнего, Среднего Востока и современность. – Ташкент, 1981. - С.52-55.
7. Ҳакимов Н. “Шашмақом” дар қарни XX: анъана ва навоварӣ. – Хуҷанд, 2006. – 408 с.
8. Холматзод М. Содирхон ва пайвандони ӯ. – Хуҷанд, 1997. – 56 с.
9. Ҳасанов Ф. Зебопарӣ (қиссаи таърихӣ). – Душанбе, 2001. – 96 с.
10. Амирқулов С., Асадуллоев С. Асирӣ Тошхӯҷа валади Эшонхӯҷа [Матн]: Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ.1. - Душанбе, 1988. – 543 с.