0.0/5 овоз (0 овозҳо)

ВЕЖАГИҲОИ БАДЕӢ ВА МАВЗУИИ РУБОИЁТИ САДРИДДИНИ ХУҶАНДӢ

Муаллиф (он)

Ҳоҷиев А.Қ.

Чакидаи мақола

Вежагиҳои рубоиёти Садруддини Хуҷандӣ, ки аз зумраи шоирони камтаршинохташудаи  таърихи адабиёти тоҷик аст, ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Таъкид гардидааст, то кунун наздик ба 1000 байт аз ашъори шоир тавассути маҷмӯаҳои шеърӣ, баёзу ҷунг ва таърихномаву тазкираҳо ба  мо расидааст. Дарҷи ин миқдор аз осори Садруддини Хуҷандӣ дар маҷмӯаҳо далолат бар он мекунад, ки ашъори ӯ мавриди пазириш ва истиқболи мардуми он рӯзгор қарор гирифтааст. Дар миёни ашъори  шоир аз ҳама  бештар  рубоиёти вай то замони омада расидааст. Дар маҷмӯъ, то кунун аз Садриддини Хуҷандӣ 125 рубоӣ пайдо шудааст. Агарчи барои расидан ба хулосаи ниҳоӣ дар мавриди маҳорати рубоисароии ҳар шоире баррасии ҳамаи рубоиёти он шоир муҳим аст,  аммо таҳлили ҳамин миқдор аз рубоиёти Садруддини Хуҷандӣ метавонад маҳорати ӯро дар ин арса намоён созад.Зикр шудааст, ки ҳарчанд мавзуи ишқ аз меҳваритарин мавзуоти рубоиҳои Садруддини Хуҷандӣ ба ҳисоб меравад, ӯ ба масъалаҳои панду андарз, шикоят аз замон, васфи шароб ва фалсафа низ таваҷҷуҳ намудааст. Рубоиёти шоир дар ин мақола аз се ҷиҳат адаби, забонӣ ва мавзӯӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, истедоди шоир дар сурудани ин қолаби асил ва муҳими шерри форсии тоҷикӣ нишон дода шудааст.

Калидвожаҳо

таърихи адабиёти тоҷик дар асри X11,эҷодиёти Садруддини Хуҷандӣ, рубоӣ, воситаҳои тасвири бадеӣ,  мавзӯъ

Пайнавишт

1.         Афифӣ Раҳим. Фарҳангномаи шеърӣ бар асоси осори шоирони қарни савум то ёздаҳуми ҳиҷрӣ.-Теҳрон: Суруш, 1376.-2744 с.

2.         Ганҷавӣ, Низомӣ. Куллиёти «Хамса»/ Мутобиқи нусхаи Ваҳиди Дастгирдӣ.–Теҳрон: Нигоҳ, 1372.–786 с.

3.         Зеҳнӣ, Турақул. Санъати сухан.-Душанбе, 1967.- 302с.

4.         Насриддин, Абдулманон. Тазкираи шуарои Хуҷанд.-Теҳрон, 1374.-378 с.

5.         Розӣ,Шамсиддин Муҳаммад ибни Қайс. Ал-мӯъҷам фи маоирил ашъорил Аҷам. Тасҳеҳи Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоби Қазвинӣ. – Теҳрон: Чопхонаи Донишгоҳ, 1338.- 497 с.

6.         Сиистонӣ Фаррухӣ. Девон. Бо муқаддима ва ҳавошии Муҳаммад Дабири Сиёқӣ. -Теҳрон, 1385.-573 с.

7.         Шамисо, Сирус. Сайри рубоӣ дар шеъри форсӣ//С.Шамисо.-Теҳрон: Митро, 1387.-

8.         Шарвонӣ Ҷамол Халил. Нузҳат-ул-маҷолис. Тасҳеҳ ва таҳқиқи Муҳаммадамини Раёҳӣ.-Теҳрон, 1375.-865 с.

9.         Шарвонӣ, Хоқонӣ. Девон. Ба кӯшиши доктор Зиёуддини Саҷҷодӣ.-Теҳрон: Заввор, 1382.-1385 с.

10.     Ҷунги Искандар Мирзо. Дастнависи шумораи Add 27261 Музеи Британия(Филми шумораи 24 Китобхонаи марказии донишгоҳи Теҳрон)

Таърихи нашр

Четверг, 18 Май 2023