Масъалаи сарчашмаҳои ташаккули таълимоти мутафаккири барҷастаи куруни вусто Соинуддини Хуҷандӣ, ки яке аз намояндагони дурахшони хонадони маъруфи Оли Хуҷанд дар Исфаҳон мебошад, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Зикр гардидааст, ки сарчашмаҳои асосии таълимоти Соинуддин анъанаи исломӣ, яъне Қуръону ҳадис ва шариат, тасаввуф, ирфон, машшоияи шарқӣ, фалсафаи ишроқ ва ҳуруфия ба шумор мераванд. Бо такя ба гуфтаҳои худи мутафаккир мулоҳизаи як қатор олимон дар бобати мансубияти Соуниддини Хуҷандӣ ба мазҳаби шеа рад карда шудааст. Таъкид гардидааст, ки Соуниддини Хуҷандӣ аввалин шуда ба талфиқи таълимоти Ибни Сино, Суҳравардӣ ва Ибни Арабӣ, яъне ба ҳам овардани ишроқия ва машшоия кӯшиш ба харҷ додааст, аз ин рӯ аз пешкисватони дастовардҳои Садруддини Шерозӣ (1572-1640), ки бо номи Мулло Садро маъруфият дорад, маҳсуб мегардад. Нақши Соуниддин дар пайдоиши ҳикмати мутаолияи Мулло Садро пайгирӣ шудааст.
андешаву афкориСоинуддини Хуҷандӣ, ирфон, тасаввуф, фалсафа, шариат, Ибни Арабӣ, Мулло Садро, Оли Хуҷанд
1. Ғанӣ, Қосим. Таърихи тасаввуф дар Ислом / Қосим Ғанӣ.-Теҳрон : Ибни Сино, 1331.- 336 с.
2. Иброҳимиён, Сайид Ҳусайн. Маърифатшиносӣ дар ирфон. / Сайид Ҳусайн Иброҳимиён.- Теҳрон : Марази интишорот, 1378.- 215 с.
3. Наср, Сеййид Хусайн. Садр-ад-дин Ширази и его трансцендентальная теософия: Интеллектуальная среда, жизнь и труды / Перевод с английского Р. Псху / Сеййид Хусайн.- Москва: Языки славянской культуры, 2013.- 128 с.
4. Мирзоев С. Х. Нигоҳе ба афкори динӣ ва адабии Соинуддини Ху ҷандӣ / С. Х. Мирзоев // Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳом гумани тарӣ.- № 2(58), 2014.- С. 199-208
5. Мирзоев С. Х.Табақабандии мавзӯии осори Соинуддини Хуҷандӣ / С. Х. Мирзоев // Ахбори ДДҲБСТ. Силсисаи илмҳои гуманитарӣ.- №4 (65).- 2015.- С. 81-92
6. Мирзоев С. Х. Шарҳи Соинуддини Хуҷандӣ ба осори Ибни Арабӣ // С. Х. Мирзоев // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ( Маҷаллаи илмӣ) .- Бахши илмҳои филологӣ .- № 6, 2022 . - С. 231- 238
7. Мутаҳҳарӣ, М. Ошноӣ бо улуми исломӣ. Ҷилди дуввум.-Калом; Ирфон. Ҳикмати амалӣ / М. Мутаҳҳарӣ.-Душанбе: Ройзании фарҳангӣ , 1999.- 188 с.
8. Николсон, Р. А. Тасаввуфи исломӣ ва робитаи инсону Худо. Чопи сеюм / Тарҷумаи Шафеи Кадканӣ / Р. А. Николсон . - Теҳрон: Сухан, 1382.-207 с.
9. Саҷҷодӣ, Зиёуддин. Муқаддимае бар мабонии ирфон ва тасаввуф / Зиёуддини Саҷҷодӣ .- Теҳрон: Самт, 1389.- 337 с.
10. Теҳронӣ, Оқобузург. Аз- Зариа ило тасонифи-ш- шиа. Ақсоми-с- сонӣ мина-л- ҷузъи-т-тосеъ / Оқобузурги Теҳронӣ .- Теҳрон: Қум, 1378. саҳ. 338- 362
11. Хуҷандӣ, Соинуддин. Ақлу ишқ ё мунозироти хамс / Тасҳеҳ ва таҳқиқи Акрам Ҷудии Неъматӣ / Соинуддини Хуҷандӣ. -Теҳрон: Аҳли қалам, 1375 -.218 с.
12. Хуҷандӣ, Соинуддин.Чаҳордаҳ рисолаи форсӣ / Муқаддима ва тавзеҳот: Маҳмуди Тоҳирӣ / Соинуддини Хуҷандӣ .-Теҳрон: Ояти ишроқ, 1389 ҳ.- 373 с
13. Хуҷандӣ, Соинуддин. Рисолаи анҷом / Ба кӯшиши Иброҳими Дебоҷӣ / Соинуддини Хуҷандӣ.// Донишкадаи адабиёт. - 1342. - Ҷилди 3.- С.154-181
14. Хуҷандӣ, Соинуддин . Шарҳи Назм-уд-дурар / Тасҳеҳ ва таҳқиқ аз Ҷудии Неъматӣ / Соинуддини Хуҷандӣ. -Теҳрон: Мероси мактуб,1384.-509 с.
15. Хуҷандӣ,Соинуддин. Тамҳид-ул-қавоид / Тасҳеҳ ва ҳавошӣ Муҳам мадризо Қумшаӣ ва Мирзо Муҳаммад. [Муқаддима ва таълиқ: Ҷалолид дини Оштиёнӣ] / Соинуддини Хуҷандӣ.-Қум: Бӯстони китоб, 1387 ҳ.- 489 с.
16. Ҳодизода Р. Тасаввуф дар адабиёти форс- тоҷик / Р. Ҳодизода.-Душанбе: Адиб, 1999.-187 с.