0.0/5 овоз (0 овозҳо)

ИНЪИКОСИ ТАЪРИХИ ДАВЛАТИ ҒУРИЁН ДАР ОСОРИ АКАДЕМИК В.В. БАРТОЛЬД

Муаллиф (он)

Шарипов М.М.

Чакидаи мақола

Инъикоси таърихи давлати Ғуриён дар осори академик Василий Владимирович Бартолд баррасӣ шудааст. Маълумоти асарҳои В.В. Бартольд дар муқоиса бо хабарҳои сарчашмаҳои хаттии асримиёнагӣ чун «Худуд-ул-алам»-и маҷҳулмуаллиф, фарщангии «Табақоти Носирӣ»-и Минхоҷиддин Сироҷи Ҷузҷонӣ ва ғайра мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Инчунин, маълумоти олим бо маълумоти осори муаррихони тоҷик, эронӣ ва ӯзбек муқоиса шудаанд. Академик В.В. Бартолд донишманди маъруфи таърихи асримиёнагии Мовароуннаҳру Хуросон буда, дар асарҳои ӯ ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва мадании давлати Ғуриён муфассал инъикос ёфтааст. Дар осори таърихӣ ва баъзе тадқиқоти дигар олим бо такя ба маъхазҳои таърихӣ ҷуғрофиёи таърихии баъзе манотиқи Ғурро тавсиф намуда, муносибатҳои заминдорӣ, вазъи кишоварзӣ, юришҳои ҳарбии ҳукмронҳои Ғуриёнро таҳқиқ карда, ҳудудҳои давлати мазкурромуайян намудааст. Хулоса шудааст, ки дар асарҳои В. Бартольд, оид ба мавзуи интихобдшуда маълумоти пурқимати таърихӣ мавҷуд аст. Кайд карда мешавад, ки В.В. Бартолд масоили асосии таърихи сиёсӣ, ҷуғрофиёи таърихии Ғур ва давлати Ғуриёнро таҳқиқ намудааст. Олим ба ахбори маъхазхои хаттии асримиёнагӣ такя намуда, масъалаҳои асосии таърихи давлати мазкурро  объективонамавриди омӯзиш қарор додааст. Ҳамчунин В.В.Бартолд зиддияти мусаллаҳонаи султон Ғиёсуддин ва Хоразмшоҳиён ва сабабҳои суқути давлати Ғуриёнро баррасӣ кардааст.

Калидвожаҳо

В.В. Бартолд, сарчашмаҳои хаттии таърихӣ, давлати Ғуриён, давлати Хоразмшоҳиён, ҷуғрофиёи таърихӣ, султон Ғиёсуддин, зиддиятҳои ҳарбӣ

Пайнавишт

1.         АмиршахиН. Государственность таджиков в IX-XIV веках. Отрывки из «Равзату-с-сафо» и другие книги / Нурмухаммад Амиршахи. – Душанбе: Амри илм, 1999.-1008 с. (на тадж. яз.)

2.         Бартольд В.В. Общие работы по истории Средней Азии /Соч. Т. II. Ч.I/ Василий Владимирович Бартольд. – Москва:Восточная литература, 1963. – 1016 с.

3.         Бартольд В.В. Туркестан в эпоху монгольского нашествия /Соч. Т.I/ Василий Владимирович Бартольд. – Москва: Наука, 1963. – 759 с.

4.         Джузджани М.С. Табакоти Носири. Т.1. /Подготовка Абдулхая Хабиби/ Джузджани Минходж Сиродж. – Кабул, 1363 г.х. (1984). -501 с. (на перс. яз.).

5.         История Афганистана с древнейших времен до наших дней / Отв. ред. Ю.В. Ганковский. – Москва: Мысль, 1982. – 368 с.

6.                  Камаладдинов Ш. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX - начала XIII вв./ Шамсиддин Камаладдинов. – Ташкент, 1996. - 360 с.

7.         Карачонлу Х., Худойбахш Д.И. Военно-политические отношения Гуридов с соседними странами / Хусайн Карачонлу, Худойбахш Дучонии Исмат.//Улуми инсонии донишгоҳи аз-Зухро, пойизи 1384. - №55.-С.167-192. (на перс.яз.)

8.         Панджшери А.А. Историческая география Гура/ Панджшери Азиз Ахмад. – Кабул: Пухантун, 1360 х.ш. (1981). –309 с. (на перс.яз.)

9.         Табрези Мухаммад Хусайн ибн Халафа. Бурхони котеъ./Подготовка Мухаммад Муина.Т.3. ش -ل . – Тегеран, 1342 х.ш. (1963).- С.1426 (на перс.яз.)

10.     Худуд-ул-алем минал-машрик илал-магриб. /Подготовка Манучехра Сутуда.–Тегеран, 1403 х.қ. (1983).-252 с. (на перс.яз.)

11.     Худуд-ул-алем минал-машриқ илал-мағриб. /Поготовка Абдуджамола Хасанова. – Душанбе: Бухара, 2014. - 588 с. (на тадж.яз.)

12.     Шарипов М.М. Географическое положение Гура в XI-XII веках (по материалам средневековых исторических источников) //М.М.Шарипов// Вестник ТГУПБП. – Худжанд, 2018. -  №3 (76). - С.5-10.

Таърихи нашр

Четверг, 18 Май 2023